Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) мехоҳад лоиҳаи грантии «Таъмини таҷҳизоти пойгоҳҳои технологӣ ва бунёди захираҳои иттилоотии Хонаи китоби Тоҷикистон»-и Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» — ро, ки аз сабаби хурӯҷи бемории сироятии коронавирус мавқуф гузошта шуда буд, татбиқ намояд.
Дар сурати дастгирӣ ёфтани лоиҳа насби таҷҳизот, техника ва технологияиҳои дархостгардида дар муассиса соли 2023 шурӯъ мешавад.
Дар ин бора сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»