27 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва сохторҳои низомӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот Сарвари давлат аз вазъи мураккабу печидаи сиёсиву иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротгароёна ва тағйирёбии иқлим ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъиншуда бо донишу маҳорати касбӣ ва таҷрибаи андӯхта метавонанд дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ мусоидат намоянд.
Ҳамчунин, дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба арзишҳои миллӣ муносибат намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат кӯшиш намоянд ва манфиатҳои давлату миллатро боло гузоранд.
«Бо ҳисси баланди масъулият, содиқона ва поквиҷдонона хизмат кардан ба халқу Ватан аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии давлатӣ ба ҳисоб меравад», — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми суҳбат.