Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СААД

№57 (4319) 29.04.2021

51140921552_a39c02a2d8_o27 апрели соли 2021  дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои ­аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизис­тон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Дабири кулли СААД ва ҳамчунин, намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Арманистон дар назди СААД-ро ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа нахустин чорабиниест, ки дар давраи раёсати кунунии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар мамлакат баргузор мегардад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин тадбирро ҳамчун яке аз марҳилаҳои муҳими омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон арзёбӣ карданд.

Таҳия ва тасдиқи заминаи меъёрӣ, ташкили неруҳои дастаҷамъӣ, гурӯҳҳои минтақавии қӯшунҳо, неруҳои посдори сулҳ ва мақомоти фармондеҳии онҳо аз вазифаҳои асосии Шӯрои вазирони мудофиаи созмон арзёбӣ гардида, масъалаҳои ҳамкории давлатҳои аъзо дар самти сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ — техникӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти минтақа, вазъи Афғонистони ҳамсоя ва мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар мисоли пандемияи COVID-19 ва бо паҳншавии босуръати бемориҳои гуногуни сироятӣ дар ҷаҳон таҳдид ба амният бештар мешавад.

Аз ин рӯ, зарур шумурда шуд, ки бо дарназардошти мавқеи ҷонибҳо ҷиҳати таҳияи масъалаи ташкили механизми таъмини амнияти биологии кишварҳои аъзои СААД чораҳои мушаххас амалӣ ­гарданд.

www.president.tj