Бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гиромидошти 110 — солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода 27 апрели соли равон дар шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳу дӯстӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию адабӣ баргузор гардид.
Иштирокчиён нахуст сари марқади Шоири халқии Тоҷикистон дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе гулчанбар гузошта, пасон, аз Осорхонаи марказии шаҳри Турсунзода, намоишгоҳи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва устод Мирзо Турсунзода дидан намуданд.
Конференсия дар толори «Кохи дӯстӣ»-и шаҳр идома ёфт. — Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Зиндагии ӯ тимсоли дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватан мебошад. Меҳри шоир дар ошёни баландтарин — дили халқ маъво гирифта, халқ хотираи неки фарзанди маҳбубашро то абад ҳифз хоҳад кард, — изҳор дошт муовини якуми раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ.
Муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Саидамин Остоназода зикр кард, ки каломи муассиру ҷозибадори Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар ақсои олам аз минбарҳои баланд садо дода, дар байни оламиён маҳбубияти хоса касб кардааст.
Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси ҲХДТ иброз дошт, ки Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, шоири миллии халқи тоҷик аст. Мероси гаронбаҳои адабии Мирзо Турсунзода, шеъри ӯ ҳоло ҳам ҳамроҳи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам мезанад, шодиву нишотро ифода мекунад ва бо қалбҳо ҳамсадост.
Дар конференсия фарзанди устод Мирзо Турсузода, доктори илми фалсафа, профессор Фирӯза Турсунзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсори Сафӣ низ маърӯза карданд.
Таҳияи Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»