Кишти баҳорӣ бо қафомонӣ идома дорад

№60 (4322) 04.05.2021

Бо истифода аз боду ҳавои мусоид рӯзҳои охир кишти зироатҳои баҳорӣ бомаром идома дорад. Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ то 23 апрели соли 2021 дар майдони 158116 гектар пахта кишт шудааст, ки 82,8 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Аз ин миқдор ба вилояти Хатлон 118014 гектар, вилояти Суғд — 37775 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2327 гектар рост меояд.

Мувофиқи маълумот, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ, дар 89896 гектар кишти ғалладона, 17976 — кишти зироатҳои равғандеҳ, 16112 — картошка, 10928 — полезӣ ва дар 26997 гектар сабзавот шинонда шуд. Кишти зироатҳои хӯроки чорво бошад, 16112 гектарро ташкил медиҳад, ки ба 67 фоизи нақшаи солона баробар аст. Сабаби асосии нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қафомонии кишти пахта ва зироатҳоро кишоварзон дар сербориш омадани нимаи дуюми моҳи март медонанд.

А. МИРЗОЗОДА,

 «Садои мардум»