Ба мо муроҷиат мекунанд

Табибони ҳозиқ лоиқи ситоишанд

№60 (4322) 04.05.2021

Муддате барои табобат дар бемористони маркази ноҳияи Ишкошим бистарӣ будам. Дар баробари давоҳо, муомилаи хуби табибон, ки ҳар рӯз ба беморон мекарданд, ба барқароршавии саломатиам мусоидат кард. Ҳамроҳи ман, инчунин, аз деҳаҳои гуногуни ноҳия Шерафгани Ғуломалӣ, Қадами Тозагулхон, Зарири Комил, Орифи Раҳмондод низ дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ табобат гирифтанд.

Мо — маризон, тавассути рӯзномаи «Садои мардум» ба табибони ҳозиқ изҳори сипос намуда, орзумандем, ки ҳамеша сиҳат бошанд, баҳри саломатии инсонҳо кӯшиш намоянд. Хоса, аз хизмати табибони ҳозиқ Парвиз Бораков, Аминбеки Сарабек, Акбаршоҳ ва кормандони дармонгоҳ Ибодати Иззатшоҳ, Сафармои Валиҷон, Азизаи Аловат, Ақназаров Суратмо миннатдорем.

Алифшо ШОАЛИФЗОДА,

узви Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ишкошим