Чанде пеш, бахшида ба 20 — солагии Созмони Ҳамкории Шанхай, дар доираи сафари ҳайати котиби генералӣ, сафирон ва дипломатҳои кишварҳои аъзои СҲШ ба уезди Янтсин, бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ маъракаи шинонидани дарахтонро ташкил карданд.
Ҳайати дипломатҳо ва мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маросими ифтитоҳи «Ҷангали байналмилалии экологии 20 – солагии СҲШ», ки дар соҳили кӯли зебои мамнӯъгоҳи ботлоқии Ея доир гашт, ширкат варзиданд.
Мамнӯъгоҳи Ея ба маънои аслӣ аз забони чинӣ «мурғобии ваҳшӣ» тарҷума шуда, бегонияҳо (дарахти себи харчанг) ғизои табиӣ барои ин парандагон мебошанд, ки хеле рамзист.
Ҷангали байналмилалии экологии 20 – солагии СҲШ дар тасаввури ташкилкунандагони он ҳамчун шукуфоӣ, манфиатҳои амалишавии неруи созанда, инчунин озодагии ғояҳои муассисонро мефаҳмонад.
Дар доираи боздид аз мамнӯъгоҳ, ҳамчунин дар назди кӯл пойгаи рамзӣ ташкил карда шуд. Дар минимарафон бо масофи 2 километр тақрибан 100 меҳмон аз намояндагони корпуси дипломатӣ, рӯзноманигорон ва мақомоти маҳаллӣ иштирок намуданд.
Айни замон дар мамнӯъгоҳ 348 намуди парандаҳои муҳоҷир, ки аксарашон ғозҳо ва мурғобии ваҳшӣ мебошанд, мавҷуданд.
Мамнӯгоҳ ҳар сол ҳудуди 200 000 сайёҳ ва олимонро ҷалб намуда, дар он барои мактаббачагон ва донишҷӯён чорабиниҳои маърифатӣ доир карда мешавад.
Соҳили баҳр макони дӯстдоштаи велосипедронҳо ва давандаҳост.
Фароҳамсоз Ш. АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»