Чанде пеш машварати хадамоти иттилоотии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раёсати Тоҷикистон дар майдони Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии шаҳри Тошканд баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Хитой, Покистон ва котиботи СҲШ ба таври фосилавӣ ширкат варзиданд.
Иштирокчиён роҳҳои ҳамкорӣ ва усулҳои инъикоси иттилоотии ҷашни 20 — солагии СҲШ — ро баррасӣ карда, оид ба инъикоси саммити ҷашнии СҲШ, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, табодули афкор намуданд. Ҳисоботи котиботи СҲШ оид ба корҳои анҷомшуда дар чаҳорчӯби фаъолияти иттилоотӣ тайи се соли сипаришуда шунида шуд. Аз ҷумла, дар бораи омори матолиби дарҷгардидаи мавзӯӣ, рушди сомонаи расмӣ, аккаунтҳо дар шабакаҳои оммавии иҷтимоӣ ва ҳамкорӣ бо намояндагони ВАО — и давлатҳои аъзои «оилаи СҲШ» маълумот пешниҳод гардид.
Дар хотима, ҷонибҳо ба протоколи ҷаласа имзо гузошта, фаъолияти иттилоотии котиботи СҲШ-ро қаноатбахш, фарогир ва самаранок арзёбӣ намуданд.
Омодасоз Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»