Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод

№36 (3182) 11.04.2014

IMG_0771

10 апрели соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар оғози бунёди боғи нав ва мулоқот бо мардум ба ноҳияи Файзобод сафар кард.

Иштирок дар оғози бунёди боғи нави себу нок дар мавзеи хушбоду ҳавои «Дашти Марзо»-и деҳоти «Қалъаи Дашт» ва мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Файзобод аз ҳадафҳои асосии боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Файзобод номида шуд.

Чунонки зикр гардид, ин боғ ба таври намунавӣ дар майдони беш аз 120 гектар доман паҳн хоҳад кард. Ба бунёд ва нигоҳубини ин боғ 60 хоҷагии деҳқонӣ машғул мешавад, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар яки он 2 гектарӣ замин рост меояд. Дар ин мазеи зебо, ки обу хок ва иқлимаш барои парвариши боғи себу нок басо мусоид аст, беш аз 250 нафар бо кор таъмин шуда, ризқу рӯзӣ ҳосил хоҳанд кард.

Тавре зикр гардид, ин заминҳо тайи солҳои охир бо сабаби корношоям гардидани заҳкашҳои сунъӣ ва баланд шудани обҳои зеризаминӣ аз истифодаи кишоварзӣ дур монда буданд.

Акнун, тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, доир ба дубора ба гардиши кишоварзӣ баргардондани заминҳои партову бекор ва ҳам доир ба бунёди боғоти нав ин заминҳо аз нав обод шуда, ба бӯстони зебо табдил меёбанд.

Чунонки иттилоъ доданд, нишондодҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014» дар ноҳияи Файзобод пурра иҷро гардидааст. Дар соли равон, тибқи нақша, бояд дар майдони 50 гектар боғҳои нав бунёд ёбанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба ҳамаи хонаводаҳои хоҳишманди бунёди боғ замин дода шавад, то ки ин кор ривоҷу равнақ пайдо кунад. Ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаи кишоварзии кишвар дастур дода шуд, ки дар ноҳияи Файзобод минбаъд дар масоҳати 4 ҳазор гектар боғҳои намунавӣ барои истеҳсоли меваҳои содиротӣ бунёд намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои зебои мардумии ноҳия дидан карда, доир ба таъмини рушди босуботи ин ва дигар бахшҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Файзобод ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Тавре таъкид гардид, рушди ҳунарҳои зебои мардумӣ низ метавонад аз манбаъҳои муҳими даромади хонаводагии мардуми ҳунарманд бошад.

Дар ҳамин ҷо лоиҳаи бунёди марҳилаи дуюми Корхонаҳои мурғпарварии ҶДММ «Мурғи ҳилол» муаррифӣ карда шуд. Чунонки иттилоъ доданд, дар ин марҳила 61 мурғхонаи нав барои парвариши мурғи гӯштӣ бунёд меёбад. Дар 29-тои он ҳамасола то 6 миллион сар парандаи гӯштӣ парвариш хоҳад ёфт. Тибқи нақша, ҳар сол аз ин корхона 12 ҳазор тонна гӯшти мурғ ба бозор пешниҳод карда мешавад. Барои таъмини босамари ин ҳадаф дар ин ҷо ҳамчунин инкубатор фаъол хоҳад шуд, ки ҳар сол 8 миллион сар чӯҷа бояд барорад. Чӯҷаҳо дар 12 мурғхонаи махсус муҷаҳҳазшуда парвариш хоҳанд ёфт. 20 мурғхонаи дигар барои мурғи модар пешбинӣ шудааст, ки тухми онҳо барои баровардани чӯҷаҳои гӯштӣ истифода хоҳад шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар марҳилаи якуми Корхонаи мурғпарварии «Мурғи ҳилол» 32 мурғхона барои парвариши парандаи тухмгузор омода шуда буд ва ҳоло дар онҳо тақрибан 500 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад ва ҳамарӯза аз 250 ҳазор то 300 ҳазор тухм ба бозор пешниҳод карда мешавад. Дар ин корхона наздики 600 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ, бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар назди корхонаи мурғҳои тухмгузор низ 12 мурғхонаи иловагӣ барои чӯҷаҳои мурғҳои тухмгузор бунёд меёбад. Тавре аён мегардад, дар ин сурат ин корхона қариб пурра худкифо мегардад. Ҳоло бошад, чӯҷаи мурғ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

Дар назди ҶДММ «Мурғи ҳилол» корхонаи инноватсионии биогаз низ бунёд меёбад, ки дар он аз поруи мурғ гази табиӣ, неруи барқ ва нуриҳои органикӣ истеҳсол хоҳад шуд. Дар ин корхона ҳамарӯза 120 тонна пору мавриди коркард қарор гирифта, аз он дар як шабонарӯз 12 ҳазор метри мукааб газ ва 1,2 мегаватт/соат неруи барқ тавлид мегардад. Дар як сол ин ҷо 9 миллиону 100 киловатт/соат неруи барқ истеҳсол хоҳад шуд.

Ҳаҷми солонаи истеҳсоли  нурии органикӣ бошад, ба 20 ҳазор тонна хоҳад расид.

Барои бунёди корхонаҳои нави ҶДММ «Мурғи ҳилол» 63 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок аз Бонки Рушди АврОсиё ҷалб карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияту фаъолони ноҳия ва мардуми сершумори деҳоти атрофи ин мавзеи зебо суханронӣ намуда, доир ба таъмини рушди босубот ва босуръати ин минтақаи кӯҳистон андешаҳои ҷолиб баён намуд. Таъкид гардид, ки ноҳияи Файзобод оянда бояд ба беҳтарин ва бузургтарин ноҳияи боғпарвар табдил ёбад. Нишондодҳои картошкапарварӣ низ бояд афзун гарданд. Бо итминон таъкид гардид, ки ноҳияи Файзобод мавқеи худро чун аз таъминкунандагони асосии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти паранда, пеш аз ҳама, тухм ва гӯшти мурғ бояд устувор гардонад.

www.president.tj