27 — 30 апрели соли ҷорӣ дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии (СМЗТ) Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), воқеъ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои узви СҲШ баргузор шуд. Тибқи иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар он зиёда аз 60 масъала роҷеъ ба фаъолияти Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, раванди омодагӣ ба чорабинии асосӣ — ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, ки 16-17 сентябри 2021 дар Душанбе баргузор мешавад, дар маркази диққати ҳамоҳангсозони миллӣ қарор дошт.
Дар мавриди омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ 13-14 июли 2021 дар Душанбе, ки ҷониби Тоҷикистон дар чорчӯби он баргузор намудани ҷаласаи Гурӯҳи тамоси «СҲШ –Афғонистон»- ро дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ пешниҳод кард, табодули афкор сурат гирифт. Дар ин радиф лоиҳаи Нақшаи чораҳои амалии мусоидат ба барқарорсозии иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон баррасӣ гардид.
Ҳамоҳангсозони миллӣ дар бораи давраи нави ҷойивазкунии мансаби роҳбарони мақомоти доимамалкунандаи СҲШ табодули афкорро идома дода, ҷараёни татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ барои соли 2021- ро муфассал баррасӣ карданд.
Зимнан, давлатҳои узви СҲШ аз қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони «Ҳамкории СММ бо СҲШ», ки онро Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда буд, истиқбол намуда, натиҷаҳои чорабинии тахассусии сатҳи баланди СҲШ ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткориро, ки таҳти ҳамраисии ҷонибҳои Тоҷикистон ва Россия баргузор шуд, баланд арзёбӣ карданд.
Мувофиқа гардид, ки дар чорчӯби ҷаласаи навбатии ШҲМ СҲШ чорабинии махсуси ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзо бо намояндагони ваколатдори вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ баргузор шавад.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»