Фаъолияти муназзами нақлиёти мусофиркаш дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҳар кадом шаҳр омили муҳим маҳсуб меёбад. Таҳлилҳо далели онанд, ки сарфи назар аз бамаротиб зиёд гардидани нақлиёти давлатӣ ва шахсии мусофиркаш, талабот ба хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш ҳамвора меафзояд. Мушоҳидаҳо шаҳодат медиҳанд, ки новобаста аз вусъат бахшидан ва бамаротиб беҳтар намудани нишондиҳандаҳои фаъолият, вазъият дар бахши хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш ҳоло ҳам қаноатбахш нест. Доир ба ин масъала дар воситаҳои ахбори омма матолиби зиёде пахш ва нашр гардида, мавҷудияти мушкилот бо далелҳои асоснок бозгӯйӣ шуда буд. Тибқи маълумоти оморӣ, давоми солҳои охир зиёда аз 53 фоизи ҳаҷми мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе ба дӯши корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатӣ, 47 фоизи боқӣ ба корхонаҳои нақлиётии хусусӣ рост меояд. Тавре масъулин иброз доштанд, дарозии хати сайри автобусҳо 253,8 километр ва умуман хатсайрҳои пойтахт 838,8 километрро ташкил медиҳад. Дарозии хатҳои троллейбус 134,4 километр мебошад. Айни замон дар шаҳри Душанбе чор корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ ва 18 ҷамъияти нақлиётии хусусӣ фаъолият намуда, дар 88 хатсайр (аз ин миқдор 20-тоаш хатсайрҳои автобус, 11-тоаш троллейбус ва 57-тои боқимонда хатсайрҳои микроавтобус) ба мусофирон хизмат мерасонанд. Умуман, тибқи ҳисобҳо, дар шаҳри Душанбе 242 автобус, 87 троллейбус, 2160 микроавтобус ва зиёда аз 1200 таксӣ ба мусофиркашонӣ машғул буда, аз рӯйи ҳисоботи мавҷудаи расмӣ ҳамасола зиёда аз 160 млн. мусофир кашонида мешавад.
Пайгирии масъала муайян намуд, ки ҳангоми ташкили хатсайрҳо аз тарафи масъулин на ҳама вақт эҳтиёҷоти ҳақиқии сокинони шаҳр ва имкониятҳои инфраструктураи роҳҳо пурра ба назар гирифта мешавад. Маҳз ҳамин омил яке аз сабабҳои паст рафтани сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбари истифодаи умум мебошад, ки он боиси боло рафтани хароҷоти соҳибони нақлиёт барои кашонидани мусофир, зиёд гаштани талабот ба шумораи воситаҳои нақлиёт ва инчунин хароҷоти бештари мусофирон низ мегардад. Рисолати журналист танҳо ифшои камбудиҳо маҳсуб меёбад, рафъи мушкилоти мавҷуда бошад, вазифаи ҷонии масъулини соҳа аст. Мехоҳам чанд пешниҳоди хешро, ки шояд ба беҳбудии соҳа мусоидат намояд, иброз месозам.
Ба андешаи банда, имрӯз зарур аст, ки бо мақсади муайян намудани миқдори аслии ҳаракати мусофирон дар самтҳои гуногун ва мукаммал гардонидани нақшаи хатсайрҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе, кам кардани такроршавии хатсайрҳо, муайян намудани талабот ба миқдор ва намуди воситаҳои нақлиёт дар ҳар як хатсайр бо ҷалби мутахассисон тадқиқот гузаронида шавад. Омӯзиши масъала собит намуд, ки бинобар дар мувозинаи худ надоштани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба талаботи шаҳр ҷавобгӯй, набудани базаҳои технологӣ, истгоҳҳои мутамарказонида ва ба талабот ҷавобгӯйи нигоҳдории воситаҳои нақлиёт, хадамоти танзим ва назоратии фаъолияти воситаҳои нақлиёт, утоқҳои таҷҳизонидаи кории кормандони тиббӣ, ки вазъи саломатии ронандагонро пеш аз баромадан ба хатсайр ва баъд аз он назорат мекунанд, нуқтаҳои махсуси назорати техникии воситаҳои нақлиёт, ки ҳолати техникии воситаҳои нақлиётро пеш аз баромадан ба хатсайр ва пас аз баргаштанаш назорат мекунанд, сохтори номукаммали воҳидҳои кории идоракунӣ ва набудани мутахассисони баландихтисос ҷамъиятҳои нақлиётӣ қодир нестанд, ки хизматрасониро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Айни замон як қисми ҷамъиятҳои нақлиётӣ шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ, аз ҷумла «риояи ҳудуди вобасташуда ва меъёри ғунҷоиш», «мувофиқати ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли воситаи нақлиёт ва ронанда», «экипировкаи мувофиқаткунанда», «гузаронидани муоинаи ҳаррӯзаи техникии воситаҳои нақлиёт ва муоинаи тиббии ронанда», «одоби либоспӯшӣ», «мутобиқати базаи моддӣ-техникӣ», «фароҳам овардани шароити мусоид ва муомилаи хуб бо мусофирон» ва «нархи роҳкиро»-ро риоя намекунанд. Эътироф бояд кард, ки ин камбудиҳо «самара»-и муносибати хунукназаронаи роҳбарияти ҷамъиятҳои нақлиётӣ аст, ки мутаассифона, дастуру супоришҳои кормандони Хадамоти назорати давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро сарфи назар мекунанд. Ҳарчанд ҳангоми санҷиши фаъолияти ҷамъиятҳои нақлиётӣ барои риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома, баъд аз огоҳонидан бо моддаи 511-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахсони масъул протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешаванд , вале вазъият ҳамон аст, ки ҳамон… Аз ин ҷо бармеояд, ки кормандони хадамоти фавқуззикр бояд дар ин ҷода ҷиддӣ ва қатъӣ чораандешӣ намоянд.
Яке аз қисмҳои таркибии муҳими хизматрасонии нақлиёти мусофирбар маданияти хизматрасонӣ мебошад, ки мутаассифона, дар сатҳи паст асту ҳоҷат ба шарҳ надорад. Муносибати дағалонаи ронандагон бо мусофирон, аз тарафи онҳо риоя нагаштани шарту талаботи мавҷуда имрӯз ҳамаро ба ташвиш овардааст. Дар ҳамин радиф, риоя нашудани реҷа ва тартиби ҳаракати нақлиёт, худсарона иваз намудани хатсайрҳо аз тарафи ронандагон, то ба охири хатсайр нарафтани воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва риоя нашудани пардохти тарифҳои ҳамлу нақл боиси норозигии ҷиддии сокинон ва арзу шикояти онҳо гаштааст. Мутаассифона, аз тарафи мутасаддиёни корхонаҳои нақлиётӣ оид ба рафъи ин масъалаҳо ягон чораҷӯйии таъсирбахш амалӣ нагардида, назорати зарурӣ низ бурда намешавад.
Ба андешаи инҷониб, баҳри бартараф намудани камбудиву норасоиҳои соҳа ва баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбар шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе ва ҷамъиятҳои нақлиётиро мебояд як силсила иқдомот, ба мисли гузаронидани тадқиқоти илмӣ бо ҷалби сохторҳои ваколатдор, бо мақсади муайян намудани миқдори аслии ҳаракати мусофирон дар самтҳои гуногун ва мукаммал гардонидани нақшаи хатсайрҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе, кам кардани такроршавии хатсайрҳо, муайян намудани талабот ба миқдор ва намуди воситаҳои нақлиёт дар ҳар як хатсайр, аз нав дида баромадани нақшаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе ва бо маълумоти лозима, аз қабили реҷаи ҳаракати нақлиёт дар хатсайрҳо таҷҳизонидани истгоҳҳоро татбиқ намоянд.
Давоми ду соли охир дар ҷодаҳои пойтахт нақлиёти мусофиркаши тамғаи «Мерседес» низ гардиш доранд, ки аз лиҳози шумораи ҷойҳои нишаст, имконоти техникӣ ва таъмини бехатарӣ бартариҳои зиёд дорад. Аз ин нуктаи назар, пешниҳод менамоям, ки бо ҷалби соҳибкорон ва истифодаи маблағҳои буҷетӣ воридот ва мавриди истифода қарор додани чунин мусофиркашҳо вусъат бахшида шавад.Зеро мавриди истифодаи мусофирон қарор гирифтани мусофиркашҳои замонавие, ки ҷойҳои нишасташон дар муқоиса ба «Старекс»-ҳое, ки айни замон бо ин мақсад истифода мешаванд, чанд бартарӣ дорад. Аввалан, ин иқдом шиддати тамбашавии воситаҳои нақлиётро дар пойтахти мамлакат, ки бомаром доман паҳн намуда истодааст, коҳиш медиҳад. Сониян, чунин тарзи кор шароит фароҳам меорад, ки мусофирон аз ин намуди хизматрасонӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд баҳравар гарданд, зеро ҳама шоҳид ҳастем, ки дар шаҳр мардум маъмулан аз мусофиркашҳои хурдҳаҷм, ба истилоҳ маршруткаҳо, истифода мекунанд. Ин намуди нақлиёт ҳарчанд аз лиҳози ҷойҳои нишаст наздик ба автобусҳои хурдҳаҷм аст, вале зоҳиран ба маршруткаҳо шабеҳияти бештар дорад. Ахиран, дар ҷодаҳои шаҳри Душанбе гардиш намудани мусофиркашҳои замонавии истеҳсоли ширкатҳои бонуфуз, ки бартариҳояш болотар зикр шуд, ба ҳусни шаҳр ҳусни дигар зам менамояд. Бовар дорам, ки пешниҳодоти банда аз ҷониби масъулин ба инобат гирифта хоҳад шуд, зеро ҳадафи иншои ин мавод ибрози пешниҳодоти популистӣ набуда, мақсад рафъи мушкилот ва боз ҳам беҳбудӣ бахшидани вазъи соҳа аст.
Далер Мерганов, «Садои мардум»