Кӯлоб. Аз бетафовутии савдогарон то хунукназарии масъулон

№62-63 (4324-4325) 08.05.2021

dav

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи савдо ва хизматрасониҳои маишӣ» аз 14 марти соли 2014 мавриди амал қарор дорад. Дар моддаи 2-и он нигошта шудааст, ки ҷойи савдо дар бозор (павилйон, дӯконча, хайма, ғурфа) аз ҷониби маъмурияти бозор махсус барои фурӯши молҳо (иҷрои кору хизматрасонӣ) ҷудо ва таҷҳизонида шуда, ба талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими савдо бояд ҷавобгӯ бошад. Ҳар як фурӯшандаро зарур аст, ки ҳангоми фурӯши молу маҳсулот корти муаррификунанда дошта бошад. Мутаассифона, ҳоло иҷрои қонуни мазкур дар бозору марказҳои савдо то андозае аз назари масъулини бозорҳо дур мондааст. Дар бозори «Сахӣ» ва деҳқонбозори шаҳри Кӯлоб ин ҳолатро мушоҳида кардем.

Бештари фурӯшандагон корти муаррификунандаи сарисинагӣ надоранд. Ҳар куҷоеро, ки муносиб донистаанд, ба савдо машғул шуда, ба рафтуомади сокинон ва мошинҳои оташнишонӣ халал эҷод мекунанд.

Директори Ҷамъияти матлуботи шаҳри Кӯлоб Меҳринисо Раҳимова чунин изҳор дошт:

- «Дар бозори марказӣ шароити лозима фароҳам аст. Савдогарон бо либоси махсус ва корти муаррификунандаи сарисинагӣ таъминанд. Нархномаи бозор дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Алҳол дар бозори марказӣ 1700 тоҷир фаъолият дош­та, аз ин шумора 360 нафар дар мағоза ва боқимонда зери соябон ба савдо машғуланд. Арзиши истифодаи метри квадратӣ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зери соябон 2 сомонию 50 дирам ва мағоза 16 сомонӣ муайян шудааст. Дар як моҳ 70 ҳазор сомонӣ андоз месупорем. Бехатарӣ аз сӯхтор низ дар бозор таъмин буда, вазъи санитарӣ  ба талабот ҷавобгӯст. Дар давраи фаъолият аз тарафи ягон мақомот ҷарима нашудаем.

Мустафо Назиров, сариқтисодчии Ҷамъияти матлубот зикр кард, ки дар бозори марказӣ 1150 тоҷир фаъолият мекунанд, на 1700 нафар. Ҳайрон мондем, ки суханони сариқтисодчии бозорро бовар кунем ё аз директорро?

davСардори қисми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Кӯлоб Б. Усмонзода дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки тайи се моҳи соли ҷорӣ риоя накардани талаботи зиддисӯхторӣ роҳбарияти бозор 1200 сомонӣ ва 4 тоҷири бозори марказӣ ҳар кадом 300 сомонӣ ҷарима шуданд.

Сармутахассиси Озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ Сайфиддин Каримов изҳор дошт, ки моҳи апрел аз савдогарони бозор 38,5 кг маҳсулоти бесифат, аз қабили гӯшт, маҳсулоти ширӣ, намакӣ ва меваю саб­завот гирифта шуд. Дар 4 моҳи соли ҷорӣ 979 килограмму 400 грамм маҳсулоти муҳлаташон гузашта ошкор ва аз тариқи сӯзонидан нобуд карда шуданд.

Бозори хусусии «Абдухолиқ» низ ҳоли табоҳ дорад. Савдои кӯчагӣ дар қисми пеши бозор мушкилотест, ки солҳо боқӣ мондааст.

Гузаштан аз роҳи мошингарди назди деҳқонбозори шаҳри Кӯлоб низ барои ронандагону пиёдагардон басо мушкил аст.

Муовини директори бозори зикршуда Баҳром Авғонов изҳори нигаронӣ намуд, ки тоҷирон роҳи пиёдагарду мошингузарро банд карданд.

- Даҳо маротиба гуфтем, ки дар дохили бозор савдоро ба роҳ монед, вале гӯш намекунанд. Барои бартараф кардани мушкилот борҳо ба мақомоти дахлдор хаттӣ муроҷиат кардем. Мутаассифона, то ҳол ин мушкил ҳал нашудааст.

Кӣ бояд ба ин бенизомӣ нуқта гузорад? Саҳлангорию хунукназарии масъулони бозор то кай идома меёфта бошад?

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»