Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№62-63 (4324-4325) 08.05.2021

Баррасии лоиҳаи нави қонунҳо дар Думаи давлатӣ

Ба Думаи давлатии Федератсияи Россия лоиҳаи қонун «Дар бораи мақоми манзилҳои истиқоматӣ» ворид гардид. Тибқи он, ба кодексҳои манзил, замин ва шаҳрсозӣ мафҳуми «Бинои бисёрфунксионалӣ» бояд илова шавад ва чунин тағйирот имкон медиҳад, ки шаҳрвандон биноҳои  ғайриистиқоматиро ба манзили истиқоматӣ табдил диҳанд.

Лоиҳаи қонуни дигар низ ба беҳтар шудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон нигаронида шудааст.  Агар он қабул шавад, дар арафаи соли нави таҳсили 2021-2022 волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ки шаҳрванди Федератсияи Россия ҳастанд, 10 ҳазор рубл кумакпулӣ мегиранд.

Вакилони Думаи давлатӣ дар яке аз ҷаласаҳое, ки ин моҳ баргузор мешавад, инчунин, лоиҳаи қонунеро баррасӣ мекунанд, ки тибқи он, ҷазо нисбат ба ронандагоне, ки нақлиётро дар ҳолати мастӣ идора мекунанд, сангинтар мегардад. Яъне, аз 300 ҳазор рубл то ба 500 ҳазор рубл боло бардошта мешавад.

РИА «Новости»,  LIFE.RU, «Известия»

 

Кахабер Кучава раиси нави парламенти Гурҷистон интихоб гардид

То ин вақт вай муовинии раиси парламентро бар уҳда дошт. Ба тарафдории Кахабер Кучава 86 вакил овоз дода, шаш нафар зид баромаданд.   

Буҳрони сиёсӣ дар мамлакат соли гузашта баъд аз баргузории интихоботи парламентӣ, ки дар он ҳизби  «Грузинская мечта» ғолиб омад, сар шуд. Зеро сарварони ҳизбҳои мухолиф  он интихоботро бойкот эълон карда буданд.

«РТ на русском»

Бундестаг масъалаи истеҳсоли ваксинаи «Спутник-У»-ро ба миён гузошт

Як гурӯҳ вакилони парламенти Германия, аъзои фраксияи «Ҳизби озоду демократӣ», ба ҳукумати мамлакат муроҷиат намуда, пешниҳод карданд, ки истеҳсоли ваксинаи зиддивирусии россиягии «Спутник-У»-ро дар Ҷумҳурии Федеративии Германия ба роҳ монанд.

Дар муроҷиатнома зикр шудааст, ки Федератсияи Россия соли 2020 аввалин кишваре буд, ки ваксинаи зидди коронавирусро ба қайд гирифт. Бо вуҷуди ихтилофи назарҳо,  самаранокии ин даво аз ҷониби якчанд муассисаи илмӣ тасдиқ гардид. Ҳоло аз ин ваксина беш аз 50 давлат истифода мебаранд, қайд кардаанд вакилон.

«РТ на русском»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»