Вокуниш

Ба осиёби кӣ об мерезӣ, Кабирӣ?!

№62-63 (4324-4325) 08.05.2021

Воқеаҳои хунине, ки охири моҳи апрели соли равон дар сарҳад бо ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон рӯй доданд  ва боиси марги чандин нафар ҳамдиёрони шуҷоъ, инчунин, харобии зиёд гардиданд, дар эъмори бинои миллати воҳид, ки дар гузоштани заминаҳои воқеии он Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои пайгирона мекунанд, ба масал санги маҳкаме низ шуд.

Дар он шабу рӯзҳо ҳазорон нафар дар ҳама манотиқи кишвар ба ҳам омаданд ва омодагиро барои дифоъ аз марзу буми Тоҷикистон изҳор доштанд. Даҳҳо нафар ҳаммиллатон, ки бо амри тақдир дар хориҷи кишвар қарор доранд, низ бетараф набуданд ва аз мавқеи давлату миллат дифоъ намуданд. Аксари онҳо овоз низ баланд карданд.

Вале буданд, нафароне, ки вазъи буғранҷро барои ғаразҳояшон истифода карданд. Яке аз онҳо раиси ҳизби мамнӯи наҳзат ва «Паймони миллӣ 24», Муҳиддин Кабирӣ аст. Муроҷиати видеоии ӯ нахуст аз тариқи сомонаю шабакаҳои Қирғизистон, ки ҳоло бо мо  дар ҳолати ҷанги иттилоотӣ қарор доранд ва бо ҳар роҳу восита Тоҷикистонро, ки  «гуноҳаш» ҳифзи порае аз хоки покаш аст, туҳмату буҳтон мезананд, паҳн шуд. Яъне, шарҳу тавзеҳи ғаразноки ӯ обе буд ба осиёби туҳмату буҳтонафкании онҳо.

Оё нафаре, ки худро ҳомии манофеи давлату миллат меангорад, дар ин рӯзҳо, ки ҳама ба рағми ғаразҳои сиёсию қавмӣ, гурӯҳӣ, шахсӣ аз мавқеи Давлати Тоҷикистон ҳимоят мекунанд ва санге ба даҳони   ҳамсояҳои туҳматгаро мезананд, ба созмонҳои байналмилалӣ аз бедодгариҳои ҳамсояҳои намакношинос шикоят мебаранд,  даҳҳо далелу бурҳони собитшударо дар бораи ишғолгарии онҳо аз заминҳои мо, таърихан «анклав» набудани Ворух ба ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон пешниҳод менамоянд, метавонад аз бедодгариҳои  ҷониби дигар ба баҳонаи он ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба гурӯҳе аз ҳаммиллатони мо сарпаноҳ дода буд, сарфи назар намояд? Агар тибқи суханони ӯ амал кунем, мебоист ба ҳар амалу бедодгарии ҳамсоя, ки анқариб бист сол дар сарҳад бо  шаҳрҳои Исфараю Бобоҷон Ғафуров  идома меёбад, минбаъд низ лаббайк бигӯем. Бо ин ӯ бори дигар собит намуд, ки аз халқу миллати тоҷик дар канор асту онро арзиши қимат намедиҳад.

Ҳоло баъзеҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ талош доранд, ӯро мусичаи бегуноҳ нишон диҳанд, ки фақат назарашро баён доштасту бас. Вақте ки сомонаҳои  интернетии Қирғизистон такрор ба такрор навори муроҷиати видеоии ӯро бо тарҷума ба забони қирғизӣ паҳн мекунанд, инро танҳо ибрози назари холисона ва беғаразона ангоштан содагие беш нест.  Кабирӣ хостаю дониста онҳоро барои дурӯғпароканӣ ва туҳматангезӣ ба гуфти мардум шерак мекунад.

Воқеан, ҳоло сарусадо ва ҳаёҳуи ҳамсояҳоро, ки аз бесуботии низоми давлатдорӣ бо ҳама ҳамсоядавлатҳо мушкиле  эҷод мекунанд ва барои ин муҷозот ҳам намешаванд, баъди он ки аз ҷониби мо бори нахуст мушти обдоре хӯрданд, фаҳмидан мумкин аст. Онҳо ин навбат низ сабру таҳаммулро  чун солҳои қаблӣ санҷиданӣ шуданд, вале ин бор ноком гардиданд.  Алами инро бо ҷанги иттилоотӣ, ки силоҳаш бо ҳар роҳу восита бадном кардани ҳариф ва мутмаин кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он, ки  Тоҷикистон таҷовузкор аст, гирифтанӣ ҳастанд. Дар ин ҷабҳа муроҷиати видеоии  Кабириро низ чун далелу силоҳ истифода мекунанд.

Ба рағми ин ҳама, ҳамсояро, бад ё нек аст, интихоб намекунанд ва ногузир бо он муросою мадоро бояд кард. Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамин мавқеъ  кор мегирад ва аминам, ки оқибат гирудорҳо ба сулҳ ва ҳамзистии осоишта меанҷоманд. Вале, вақте як ҳаммиллатро, ки худро «дӯст» меангораду дар рӯзҳои душвор  кори душман мекунад,  наметавон таҳаммул кард.

Турдибой СОЛЕҲЗОДА,

шаҳри Панҷакент