Ташнагӣ дар ҷанг

№62-63 (4324-4325) 08.05.2021

Ҷанг даҳшат аст. Вале ҳифзи марзу буми Ватан, пайвандону ҳамдиёрон вазифа ва қарзи ҷонии ҳар ҷавонмард мебошад. Бинобар ин, пас аз саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ бисёр ҷавонмардони тоҷик низ бо амри дилу даъвати Ватан ба ҷанг рафтанд. Сокини деҳаи Заргари ноҳияи Ваҳдат  Ризо Мирзоев яке аз онҳо буд…

…Соли 1945. Муҳорибаҳо дар лонаи фашизм-шаҳри Берлин идома доранд. Душман барои ҳар ваҷаб замину ҳар каф хокаш девонавор меҷангад. Дар ҳар қадам ҷасадҳои оғуштаи хун хобидаанд. Бо фармони Гитлер кӯдаконро низ ба сангарҳо баровардаанд.

Қисми ҳарбии пиёданизоме, ки Ризо дар ҳайати он меҷангид, муқобилати душманро фурӯ нишонда, оҳиста-оҳиста аз байни биноҳои харобгашта пеш мерафт.

- Ба майдони кушоде расидем, — мегӯяд Ризо Мирзоев. — Паноҳгоҳе набуд. Он ҳангом шиддати ҷанг бештар гашт. Душман тирро дареғ намедошт. Аз ҳар тараф ба сарамон борони тир борид. Маҷбур шудем, худро ба замин партоем. Касе сар мебардошт ё кушта мешуд ё захм мебардошт. Бо вуҷуди ин, илоҷе пайдо карда, гоҳ-гоҳ ҷониби душман тир мекушодем. Борон борид. Зери борону тирборон чанд соат кор карда натавонистем. Ҳама гуруснаву ташна фаромадани торикиро интизор будем. Солҳои ҷанг  ба гуруснагӣ одат кардем, аммо ба ташнагӣ одат кардан номумкин аст. Бархе аз сарбозон рӯй ба осмон намуда, даҳонашонро мекушоданд, ки лоақал қатрае борон ба даҳонашон афтад. Ман ҳам чунин кардам, вале қатраҳои борон ташнагиамро гӯё зиёдтар мекарданд.

Шаб фаро расид. Гирду атрофро гоҳ-гоҳе тирҳо каме равшан менамуданд. Дар ҳамин гуна лаҳза ман чуқуриеро дидам, ки дар он  каме оби борон ҷамъ шуда буд. Душманро фаромӯш намуда, гаваккашон аз болои ҷасадҳои ҳамяроқон ва душманон низ гузашта, он сӯ шитофтам. Ба он ҷо расида, хеле об нӯшидаам ва чанд лаҳза осуда нафас кашидам. Баъди бозгашт сар бардошта, дар равшании тирҳо манзараи аҷиберо дидам. Чанд тан аз ­ҳамяроқонам низ аз он кӯли бавуҷудомада об менӯшиданд.

Вале субҳ дамиду чашмам боз ба он чуқурӣ афтод. Аз ҳар ҷасаде сӯи он ҷӯи хун равон буд…

Он лаҳза ман ба хулоса омадам, ки хуноба хӯрдаам…

Дар 1418 шабонарӯзи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарбозон борҳо бо мушкиливу маҳрумият ва марг рӯ ба рӯ  шудаанд, хун хӯрданду ҷон доданд, вале ғалаба карданд. Теъдоди хеле ками онҳо ба Ватан баргаштаанд. Ризо Мирзоевро низ чунин бахт насиб гашт. Ӯ шукр гуфта, фарзандону наберагонро дар рӯҳияи ватандӯстиву садоқат ба он тарбият намуд.

Хуллас, пос доштани хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ вазифаи ҳар як инсони комил аст.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»