Иҷрои қонун ҳатмист

№37 (3183) 15.04.2014

Гурӯҳи тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон меҳмони сокинони деҳаи Навкент гардида, даставвал бо фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, шӯрои занон ва кор бо ҷавонон шинос гардид. Баъдан бо аҳолии деҳа мулоқот баргузор шуд. Дар ин мулоқот масъалаҳои тибқи талаботи қонун гузаронидани маъракаҳои тӯйи домодию арӯсӣ, хатнасур, дафну азо, масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Ин гурӯҳи тарғиботӣ иборат аз 12 нафар доир ба дастурдиҳии ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои гуногун, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарғиби тарзи ҳаёти солим ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии ҳодисоти номатлуб дар байни ҷавонону наврасон ташкил карда шудааст.

Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»