Мухтасари ахбори Тоҷикистон

№ 08.05.2021

Дар Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шуд. Муаррифии ин китоби арзишманд  3 майи  соли равон дар бинои Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия доир гардид. Китоб дар бораи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, нақши он дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, ба дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек низ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.

***

Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СОК СММ) дар Тоҷикистон, то давраи 31 декабри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 лоиҳаи фаъоли миллиро бо маблағи умумии 8,1 миллион доллари ИМА амалӣ намудааст. Дар ин бора 4 майи соли ҷорӣ зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо намояндаи ин  Созмон  Олег Гучгелдиев иттилоъ дода шуд. Ҷонибҳо бо мақсади дастгириии соҳаи кишоварзӣ ва таъмини босифати маҳсулоти озуқаворӣ ба аҳолӣ ифтитоҳи марказҳои логистикиро дар минтақаҳои кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар оянда шумориданд.

***

18 майи соли ҷорӣ, бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе ва Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, таҳти унвони «Шабе дар Осорхона» чорабинӣ баргузор шуда, дар як шаб 30 барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳоди меҳмонон ва иштирокчиён гардонида мешавад. Барномаҳо ба ҳама қишри ҷомеа нигаронида шудаанд. Ташкилкунандагони чорабинӣ Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон мебошанд.

***

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи текболи Тоҷикистон — намудаи нави варзиш,  ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. Бино ба иттилои сарчашма аллакай бо дастгирии Федератсияи байналмилалии текбол (FITEQ) ба ҷумҳурӣ мизҳои махсус барои бозии ин намуди варзиш ворид ва ба мактабҳои варзишӣ дастрас шуд.

Текбол як намуди варзиш аст, ки бо тӯб болои мизи хам бозӣ мекунанд ва он унсурҳои футбол ва тенниси рӯи мизро ҳамоҳанг кардааст. Дар ду тарафи миз бозингарон тӯби футболро бо ҳар куҷои бадан, ба ғайр аз даст, идора мекунанд. Дар текбол мешавад ду нафар, ё чор нафар байни ҳам бозӣ кунанд.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»