Ҷомӣ — шоир ва мутафаккири ҷаҳонӣ

№37 (3183) 15.04.2014

Нуҳуми апрели соли равон дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ширкати шоирону омӯзгорон ва донишҷӯён Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба бузургдошти 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ доир гардид. Дар конфронс муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Муродалӣ Сангов, шоир ва муҳаққиқи шинохта Алии Муҳаммади Хуросонӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шамсиддин Муҳаммадиев  ва донишҷӯён баромад намуданд.

Муродалӣ Сангов оид ба «Мақоми Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар асарҳои эҷодкардаи шоир тамаддуни умумибашарӣ бо фазилатҳои инсонӣ, дӯстиву эҳтиром ба намояндагони халқҳои гуногуннажод васеъ тарғиб ёфтааст. Табиист, ки осори ӯ дар тӯли асрҳо тамоми мамлакатҳои мутараққиро тасхир намуда, дар дили мардумони олам маскан гузоштааст. Аз ин рӯ, бо камоли итминон метавон гуфт, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ шоир ва мутафаккири миллӣ ва байналмилалӣ ба шумор меравад.

Алии Муҳаммади Хуросонӣ зимни ибрози андешаҳояш иброз дошт, ки андешаҳои ахлоқӣ ва созандаи Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ  то имрӯз барои инсонҳо дарси ибрат буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки бояд ҳар дақиқаи умрро  сарфакорона истифода бурд. Ӯ афзуд, ки андешаҳои баланди ахлоқии шоир инсонҳоро водор менамояд, ки дар ҷамъият ба ҳамин минвол бошанд ва равиши зиндагии Ҷомиро идома диҳанд. Ба ин маънӣ, ӯ аз забони шоир чунин гуфт:

 Ҷавонмардо,ҷавонмардӣ биомӯз,

Зи мардони ҷаҳон мардӣ биомӯз.

  Дарун аз кини кинҷӯён нигоҳ дор,

    Забон аз таъни бадгӯён нигаҳ дор.

 Номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шамсиддин Муҳаммадиев атрофи «Шуҳрати ҷаҳонии Ҷомӣ» суханронӣ намуда, гуфт, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ замони зиндагиаш дар ҳамаи кишварҳое, ки адабиёти форсӣ ривоҷ дошт, шуҳрат дошт.

-Эҷодиёти ӯро шоҳони кишварҳои гуногуни олам ифтихори худ медонистанд ва зикри номашро боиси фахр ва шуҳраташон меҳисобиданд. Дар қисматҳои Аврупову Осиё шуҳрат ва тарҷумаи осори ин адиби барҷастаро борҳо собит кардаанд. Нуфузи шоир дар нимҷазираи Ҳинду Покистони он давра низ бештар эҳсос мешуд ва асарҳои Ҷомиро дар ин минтақа зиёд мутолиа карда, ба он пайравӣ мекарданд,-гуфт  Шамсиддин Муҳаммадиев.

Иштирокдорони конфронси илмӣ-амалӣ иброз доштанд, ки Абдураҳмони Ҷомӣ зиёда аз 50  асари илмӣ ва бадеӣ таълиф намудааст, ки бештари асарҳои илмиаш ба масъалаҳои ахлоқ, фалсафа, тасаввуф, тафсир, фиқҳ, сарфу наҳви забони арабӣ, арӯзу қофия, мусиқӣ, тарҷимаи ҳол ва ғайра бахшида шудаанд. Машҳуртарини асарҳои илмиву адабӣ ва ирфонии муаллиф «Баҳористон», маснавиҳои «Ҳафт авранг», «Девони ашъор» иборат аз се қисм, «Нафаҳот- ул- унс», «Рисолаи мусиқӣ», «Рисолаи арӯз», «Рисолаи қофия», «Шарҳи Ҷомӣ» доир ба сарфи забони арабӣ ва «Чил ҳадис» мебошанд.

Шоҳасари тарбиявии Абдураҳмони Ҷомӣ бо номи «Баҳористон» фарогири андешаҳои ҳикматомезу ибратбахш аст. «Баҳористон» аз ҳаёти сӯфиёну шайхон, ҳокимон, лашкаркашон, зулму амалҳои хайр, саховатмандӣ, дӯстиву вафодорӣ, бедодгарии шоҳон қисса карда, ҳикоёти пандомӯзро дар бар мегирад.

 

Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»