Ҳамоиши илмие, ки олимони соҳаи тибро муттаҳид кард

№ 08.05.2021

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» маркази асосии тайёр намудани мутахассисону олимони соҳаи тиб аст, ки дар байни муассисаҳои таълимии тиббии кишварҳои минтақа низ мақому нуфузи хоса дошта, тайи беш аз 80 соли мавҷудият зиёда аз 43 ҳазор нафар мутахассиси баландихтисосро тайёр кардааст. Бояд қайд намуд, ки 63 дарсади онҳо ба давраи соҳибис­тиқлолии кишвар рост меояд. Айни ҳол хатмкардагони донишгоҳ дар беш аз 50 мамлакати олам фаъолият дошта, обрӯву нуфузи кишварро баланд мебардоранд. Қисме дар роҳи рушди илми тибби Ватан саҳмгузоранд.

Мавриди зикр аст, ки дар кори ­тарбияи олимони соҳа ташкилу гузаронидани чорабиниҳои илмиву амалӣ, конференсияву ҳамоишҳои илмӣ таъсири бузург дорад. Аз ин ҷост, ки дар донишгоҳ баргузор намудани чунин чорабиниҳо ба ҳукми анъана даромада, таҷрибаи ғанӣ низ ба даст омадааст.

Чанде пеш, тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» конференсияи илмиву амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён дар мавзӯи «Масъалаҳои нави илми тиб ва дурнамои ҳалли онҳо» бо иштироки олимон ва муҳассилини кишварҳои хориҷӣ баргузор гардид.

Онро ректори таълимгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки донишгоҳ муҳаррики илми тибби кишвар маҳсуб меёбад. Дар он олимони барҷастаи соҳа кору фаъолият дошта, дар рушди илми тибби мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Олимону донишҷӯёнро бо оғози кори конференсияи илмӣ-амалӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Д. Аҳмадзода, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ С. Юсуфӣ шодбош гуфта, ба кори конференсия муваффақият таманно намуданд.

Қобили зикр аст, ки ба конференсияи имсолаи олимони ҷавон ва донишҷӯён беш аз 1650 фишурда ё мухтасари маърӯзаҳои илмӣ ворид гардиданд, ки 700-тои онро маърӯзаҳои илмӣ аз кишварҳои хориҷӣ — Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Украина, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ташкил медиҳанд. Аз ҷониби муассисаҳои хориҷии тиббӣ иштирокчиёни конференсияро ректори Донишгоҳи тиббии Самарқанд Ж. Ризаев, сарвари Академияи давлатии тиббии Ижевск А. Шкляев, ректори Донишгоҳи тиббии Тюмен И. Петров ва дигарон бевосита ва аз тариқи фосилавӣ шодбош гуфтанд. Аз ҷониби донишгоҳҳои тиббии Қазоқис­тон профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино С. Салихов ба кори конференсия муваффақият хост.

Дар ҷаласаи пленарии конференсия масъалаҳои муҳими «Хосиятҳои морфологию функсионалии ҷанини зоимони дорои диабети қанди гестатсионӣ дар якҷоягӣ бо камхунӣ», «Дисфунксияи эндотелӣ чист ва онро чаро меомӯзем?», «Аҳамияти таҳлили антропомет­рии бадан дар мониторинги маҷмӯии ҳолати саломатии сокинони аз ҷиҳати иқтисодӣ номусоид», «Ташкил ва гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббӣ, сифат ва миқдори усулҳои таҳқиқот дар таҳсилоти тиббӣ», «Тромбози артериявӣ бо ассотсиатсияи СOVID-19» баррасӣ гардиданд.

Инчунин, дастовардҳои донишҷӯён ва олимони ҷавони ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масъалаҳои нави илми тиб ва дурнамои онҳо, дастовардҳои соҳаҳои гуногуни илми тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарӣ ва амалӣ ва татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ шуданд. Мавзӯъҳои муб­рами банақшагирифта ғайр аз ҷаласаи пленарӣ, дар ҷаласаҳои 16 сексияи равиявӣ ва масъалаҳои мубрами паҳлуҳои гуногуни илми тиб, аз ҷумла ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, педиатрия, микробиология, иммунология ва вирусология, дорушиносӣ, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Ба кори сексияҳо олимони варзидаи донишгоҳ ва муассисаҳои бонуфузи илмии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ роҳбарӣ намуданд. Дар ҷаласаҳо олимони ҷавон ва донишҷӯёни кишварҳои хориҷӣ низ аз тариқи фосилавӣ ва бевосита иштирок ва баромад карданд.

Дар ҷамъбаст корҳои илмӣ-тадқиқотии беҳтарин аз рӯи маърӯзаҳои илмии олимони ҷавон ва донишҷӯёни ватаниву хориҷӣ муайян гашта, аз тарафи кумитаи тадорукоти ҳамоиш қадрдонӣ шуданд. Дар охир иштирокдорони конференсия резолютсия қабул намуданд, ки он барои ворид намудани дастовардҳои донишҷӯён ва олимони ҷавони ватанӣ ва хориҷӣ ба амалияи илми тиб, пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Н. НИЗОМӢ,

  «Садои мардум»