Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми майи соли равон дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки мутаассифона, талафоти ҷонӣ доштанд. Бар асари он хонаҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои кишт зарар дида, иншооти ёрирасон хароб ва роҳҳои мошингард низ вайрон шуданд.
Дар натиҷаи боронҳои шадид лойоба роҳро дар минтақаи Лаби Ҷари ноҳияи Сангвор баст. Бо ёрии техникаи махсус роҳ тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо барқарор гардид.
Ҳамчунин, дар деҳаи Нигова ва Ниёзбегиёни деҳоти «Қалъаи сурх»-и ноҳияи Рашт лойоба 14 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро зери об карда, ба ду иншооти ёрирасон қисман зарар расонд. Алҳол дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият дорад.
Дар деҳаи Дараи Фони деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб бар асари сели азим туғёни об ду чорвои калон ва як мошини тамғаи «Foton»-ро зери об кард.
Дар километри 408 — уми роҳи мошингарди Дарвоз — Хоруғ, наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвози ВМКБ сел сабаби баста шудани роҳ шуд. Айни замон он аз ҳар гуна лойобаву сангу хок пок ва ҳаракати мошинҳо барқарор шудааст.
Мутаассифона, дар деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон се сокини он, ки яке 39-сола, дуюмӣ — 29 ва сеюмӣ 10 сол дошт, ба ҳалокат расиданд. Онҳо ҳангоми омадани сел дар дохили мошин буданд. Як мусофири дигари мошин, бонуи 45-солаи ҳамон деҳа бо ҷароҳатҳои вазнин зинда монд.
Дар натиҷаи офати табиӣ дар деҳоти «Даштиҷум», деҳаи Порвори деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмадови ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон низ, таҳхонаҳои 26 бинои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва роҳҳои байни деҳот зери об монданд.
Дар шаҳри Кӯлоб дар натиҷаи офати табиӣ биноҳои истиқоматӣ, ки дар кӯчаҳои Завод, Содиқов, қитъаҳои 3, 4, 5 ва маҳаллаи Файзободи боло, Якуми май, Раҳимзода ва Пашадара ҷойгиранд, зери об монданд. Ғайр аз ин, боғҳо низ зарар диданд. Сел боиси марги се нафар гардид.
Дар деҳаи Эргаши деҳоти «Бӯстонқалъа»-и ноҳияи Кӯшониён низ сел омад. Дар натиҷа 10 метр шоҳроҳи шаҳри Бохтар ва ноҳияи Данғара канда шуда, автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан», ки ба сокини 34-солаи шаҳраки Бӯстонқалъаи деҳаи Эргаш тааллуқ дошт, дар маҷрои селроҳа дармонда, чаппа шуд ва ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Ҷасади номбурда 25 км поёнтар аз ҷои ҳодиса, дар деҳаи Сенакоси деҳоти «Машъал»-и ноҳияи Вахш пайдо ва ба хешовандонаш супурда шуд.
Чор мусофири мошини тамғаи «Нексия», ки дар миёни сел монда буд, наҷот дода шуданд.
Дар деҳоти «Сангтӯда»-и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон пуле, ки роҳи Данғара — Левакандро ба ҳам мепайваст, қисман хароб гардид.
Дар деҳаҳои Даштобод, Обимики деҳоти «Обшорон»-и ноҳияи Ёвон лойоба таҳхонаи хонаҳои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои киштро пӯшонид.
Дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Хуросон, Вахш ва Муъминободи вилояти Хатлон сел ба хонаҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, пулҳо ва роҳҳои байниминтақавӣ зарар расонд.
Инчунин, ҳангоми чаронидани чорво сокини 26-солаи деҳаи Ҳалқадашти деҳоти ба номи М. Турсунзодаи шаҳри Ҳисор зери лойоба монда, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт.
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шудааст, ки ба он Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати он вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазири нақлиёт ва раиси вилояти Хатлон шомиланд. Аъзои комиссия айни ҳол дар минтақаҳои офатзадаи шаҳрҳои Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон қарор дошта, ҳаҷми зарари расидаро муайян месозанд. Ҳамчунин, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ роҳандозӣ шуда, об аз таҳхонаҳо кашида, роҳҳо тоза ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз лойоба пок карда мешаванд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хотиррасон мекунад, ки то 14 майи соли равон ҳавои номусоид боқӣ монда, хавфи лағзиши тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ, омадани сел, резиши сангу рег, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва обанборҳо вуҷуд дорад.
Ҳамчунин, аз сокинони мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои пурбориш ва пурхавф аз роҳандозии ҳар гуна корҳои саҳро, рафтан ба кӯҳу доманакӯҳҳо, чаронидани чорво ва ғайра худдорӣ намуда, ба хотири ҳифзи амният аз сафарҳои безарурат тавассути роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
«Садои мардум»
***
7-уми майи соли равон бар асари боришоти шадид, ки боис ба лағжиши кӯҳпора гардид, дар деҳаи Навобод-3 ва Навобод-4-и деҳоти «Ифтихор»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 19 манзили истиқоматӣ пурра валангор шуда, 82 гектар майдони кишт ва ду гектар замини наздиҳавлигӣ зарар диданд. Ҳамчунин, кӯпруки шоҳроҳи Абдураҳмони Ҷомӣ — Ёвон низ хароб гардид.
Ҳамон рӯз муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ба ҷойи ҳодиса омада, Ситоди вилоятии бартарафсозии оқибатҳои ҳолати фавқулода бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Низом Мирзозода таъсис ёфт.
Бино ба иттилои сухангӯи раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон Муродҷон Муҳиддинов, дар ҷойи ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Барои хонаводаҳои манзилашон харобгашта 30 хаймаи муваққатӣ омода гардида, қисме ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд.
- Дар маҳалли офат мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ, гурӯҳи наҷотбахшону сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, мутахассисони Кумитаи идораи замин ва дигар масъулон ҳузур доранд, — гуфт М. Муҳиддинов.
Инчунин, бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода 11-уми майи соли равон ҷаласаи ситод оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид. Дар он қайд шуд, ки ба ҳар як хоҷагии зарардида дар маҳалли бехавф 0,10 гектар замин барои бунёди хонаҳои нав ҷудо карда шудааст.
Инчунин, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Исозода ҳисобот дода, гуфт, ки 235 нафар сокин аз деҳаҳои зарардидаи Навобод ба маҳалли бехавф кӯчонида шуданд.
Ҳамчунин, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафармаҳмад Раҳимзода гузориш дода, аз ҷумла, гуфт, ки тибқи арзёбии пешакӣ, ҳаҷми талафот аз ҳисоби 82 гектар замини киштшуда 779 ҳазор сомониро ташкил додааст. То ҳол 6000 литр сӯзишвории дизелӣ барои рафъи офати табиӣ, инчунин ба зарардидагон ду тонна орд, як тонна картошка, 500 килограмм биринҷ, 500 килограмм шакар ва дигар маҳсулоти ғизоиву лавозимоти гигиенӣ ва асбобҳои рӯзгор кумак расонида шудааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зикр кард, ки масъала зери назорати шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ба масъулони вазорату кумитаҳои дахлдор ҷиҳати ҳар чӣ зудтар оғоз бахшидан ба раванди сохтмони манзилҳои нав дастур дод.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
***
4, 5 ва 6 май дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакенту Деваштич ва Ашти вилояти Суғд борони сел омада, ба хоҷагии халқ зарар расонд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаҳои Росровуту Угук ва Метки ноҳияи Деваштич ҳавлӣ, чор иншооти ёрирасон, хатти оби полезӣ ба масофаи 4 км, хатти оби нӯшокӣ (1,7 км), роҳҳои дохили деҳа ба масофаи 12 км, қитъаҳои наздиҳавлигии 71 оила (7,5 гектар) ва заминҳои кишоварзӣ (зиёда аз 10 гектар — картошка, сабзӣ) зарар диданд.
5-уми май офати табиӣ деҳаҳои Ғазнаи Поёну минтақаи Чуқураки деҳоти «Моғиён»-ро фаро гирифт. Дар қисмати ҷанубии деҳа фаромадани сангпораҳо ба қайд гирифта шуд. Бинобар ҳавфи фаромадани ярч 15 оила ба минтақаи бехавф кӯчонида шуданд.
Борони сел зарари аз ҳама бештарро ба деҳоти «Ашт», «Пунук», «Ғудос» ва «Ошоба»-и ноҳияи Ашт расонд. Зимни боришот сатҳи оби Аштсой, Пунуксой ва Ғудоссой баланд шуда, 8 км роҳро дар деҳоти «Ашт», 700 метр роҳро дар деҳоти «Пунук» ва як км роҳро дар деҳоти «Ғудос» вайрон кард. Дар натиҷа, ҳаракати нақлиёт аз роҳҳои фавқуззикр ғайриимкон шудааст. Ҳамчунин, фаромадани селоба ба қисме аз манзилҳои истиқоматии деҳоти «Ашт» ба қайд гирифта шуд. Айни ҳол барои бартараф кардани онҳо аз ҷониби МИМҲД вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Деваштичу Панҷакент ва Ашт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
М. МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»