Ҷаласаи корӣ

Иттилоия

№64 (4326) 12.05.2021

37114513870_09f5fdeea0_o10 майи соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷаласаи корӣ доир намуданд.

Сарвари давлат ба роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон доир ба ҷараёни тадбирҳои омодагӣ ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт мавриди истифода қарор додани иншооти хурду бузурги ҷашнӣ, татбиқи амалии барномаҳои давлатии рушди соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, суръатбахшии ҷамъоварии ҳосили саҳро, харидорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъбасти муваффақонаи фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ дар чор моҳи соли 2021 дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

51169362001_4d225e2b65_oРоҳбарони вазорату идораҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид маъракаи киштукори баҳориро ҳар чӣ зудтар ба анҷом расонида, ҷиҳати сари вақт дастрас намудани нуриҳои минералӣ, техника ва мошинолоти кишоварзӣ, ба кор даровардани заминҳои бекорхобида, бо омодагии комил ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода аз ҳама имконияти мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Сарвари давлат, ҳамчунин, ба роҳбарони сох­торҳои қудратӣ ва мудофиаи кишвар вобаста ба авзои кунунии сарҳадоти Тоҷикис­тону Афғонистон андешидани тадбирҳои амниятӣ ва тақвияти ҳифзи марзҳои кишвар, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, ҷиноятҳои алоқаманд бо экстремизму терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир супоришҳои қатъӣ доданд.

www.president.tj