Cубҳи 12 майи соли 2021 ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба ҳолати воқеии мавзеъҳои бар асари офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон телефонӣ ҳисобот доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, 11 майи соли 2021 дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон манзилҳои истиқоматии сокинон хароб гардида, роҳҳои автомобилгард ва дигар иншооти муҳими хоҷагии халқ зарар дид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон дастур доданд, ки манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти харобгардида дар кӯтоҳтарин фурсат пурра барқарор шуда, ба оилаҳои зарардида сари вақт ёрии моддӣ расонида шавад.
Субҳи 12 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо раисони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Данғараи вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ намуданд.
Раисони ноҳияҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҳисобот доданд.
Сарвари давлат раисони ноҳияҳои зикршударо вазифадор намуданд, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ чораҳои бетаъхир андешида, ба мардуми зарардида ёрии саривақтӣ расонанд ва ҳар чӣ зудтар манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти харобгардидаро барқарор созанд.
www.president.tj