Ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ба маблағи 300 миллион сомонӣ 243 иншооти таъиноти гуногун бунёд шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Валиҷон Ятимзода иттилоъ дод, тибқи нақша то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр бояд 307 иншоот сохта шавад. Аллакай 76 фоизи онҳо, аз қабили 12 иншооти соҳаи маориф, 7 иншооти соҳаи тандурустӣ, 6 иншооти соҳаи фарҳанг, 6 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 15 муассисаи варзишӣ ва 44 маркази савдою хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин, 31 бинои баландошёна қомат афрохтааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»