Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бо роҳбарӣ ва ибтикори директори Қасри фарҳанг Табаралӣ Раҷабов ансамбли тарона ва рақс таъсис ёфт, ки дар он зиёда аз 30 ҳунарманд ба фаъолият ҷалб шуданд.
Ҳамчунин, маҳфили эҷодии шоир Сайқал амал мекунад, ки шоирони ҷавон аъзои он мебошанд.
Дар муассисаи зикршуда, инчунин зиёда аз сад нигораю дастоварди ҳунармандон, аз қабили чӯбтарошӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, кулолӣ, расми номдорони арсаи меҳнат, табиати зебоманзар, либосҳои миллӣ — чакан, адрасу атлас, шоҳӣ ба намоиш гузошта шудааст.
****
Инчунин, дар деҳоти «Қади об»-и шаҳри Роғун ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ идома доранд.
Тавре раиси он Абдураҳим Лашкарзода иброз намуд, то ба ҳол аксар корҳо тибқи нақша ба сомон расида, аз ҷумла, ҳаммом, сартарошхона ва корхонаи дӯзандагӣ, ки даҳ нафар дар онҳо фаъолият доранд, бунёд ёфтаанд.
Дар деҳаи Чормағз аз ҷониби оилаи Аҳмадовҳо бунгоҳи тиббӣ бо ҳама шароит сохта, мавриди истифода қарор гирифт. Дар деҳаи Қалъаи нав, ки сераҳолӣ ба ҳисоб меравад, аз тарафи соҳибкор Давлатбек Собиров устохонаи таъмири мошинҳо, ошхона, маркази ташхису табобат бо ҳуҷраҳои гиёҳдармонӣ ва ултрасадо сохта шуд. Ҳамчунин, барои 150 нафар хонанда, се синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 мавриди истифода қарор гирифт, ки хонандагон дар ду баст таҳсил мекунанд.
Аз масофаи 3 километр ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ барои сокинони деҳаи Ҷавонӣ оби ошомиданӣ оварда шуд. То рӯзи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳот тасмим гирифтаанд, ки бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ дар деҳаи Фаррух бинои ҳозиразамони бунгоҳи тиббиро сохта ба истифода диҳанд.
Ҳокими САФАР,
шаҳри Роғун