12 майи соли 2021 бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва Рӯзи байналмилалии оила бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Оила саодати зиндагист» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои шаҳри Душанбе, устодону донишҷӯёни Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода конференсияро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории он баррасии масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои оила ва такмили он бо дарназардошти хусусиятҳои замони муосир, оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таъмини пойдории оила, саҳми оила дар ташаккули захираҳои меҳнатӣ, вазъи никоҳ ва бекоршавии ақди никоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди бақайдгирии аҳди никоҳ дар таъмини солимӣ ва мустаҳкамии оила, пойдории оилаҳои ҷавон-омили устувори ҷомеа ва давлат, мақоми оила дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон, фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар масоили таъсиррасон ба муносибатҳои аъзои оила ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта мебошад.
Дар конференсия муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ дар мавзӯи «Саҳми оила дар ташаккули захираҳои меҳнатӣ», директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода «Вазъи никоҳ ва бекоршавии ақди никоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода «Раванди бақайдгирии ақди никоҳ дар таъмини солимӣ ва мустаҳкамии оила», судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Наимзода «Оила-ҳамчун асоси ҷомеа», муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусамадзода «Солимии зан-модар-асоси оилаи солим», муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бароталӣ Ҳамидзода «Фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», прокурори калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Темур Салимзода «Нақши прокуратура дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Сайдвализода «Иҷрои санадҳои иҷро вобаста ба алимент, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он», муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода «Пойдории оилаҳои ҷавон-омили устувории ҷомеа ва давлат» ва муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимзода «Мақоми оила ва зан дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон» суханронӣ намуда, мушкилот ва усулҳои ҳалли онро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷом пешниҳод шуд, ки ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ дар ин самт фаъолияти пурсамарро ба роҳ монда, ҳар чӣ бештар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, илмӣ-маърифатӣ ва фарҳангӣ, шоу-барномаҳои телевизионӣ бо ҷалби коршиносони соҳаҳо, оилаҳои барӯманду намунавӣ, фаъолони қишрҳои гуногуни ҷомеа доир намоянд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»