Кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 майи соли равон дастаҷамъона дар «Дави миллӣ» иштирок намуданд.
Дар он, ки бори 14-ум аст бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, соли равон 43000 нафар ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир кардани Рӯзи Дави миллӣ 28 марти соли 2007 таҳти №225 ба тасвиб расида, аввалин «Дави миллӣ» бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 майи соли 2007 баргузор шуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон