Давраи бақайдгирии иловагӣ барои довталабон
ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Аз 16 апрели соли равон давраи бақайдгирии иловагии довталабоне, ки аз давраи асосӣ гузашта буданд, оғоз гардид. Он то 30 апрел идома меёбад. Бино ба иттилои котиби матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситорабону Назарова, дар ин муҳлат довталабон бо пардохти маблағ, ба андозаи 14 (чордаҳ) сомонӣ дар филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», метавонанд номгӯйи ихтисосҳои интихобшуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шакл, намуд, забони таҳсил ва дигар маълумоти шахсии худро иваз намоянд. Бақайдгирии иловагии довталаб танҳо дар нуқтаи бақайдгирие, ки ӯ қаблан дар он сабти ном шудааст, ба роҳ монда мешавад. Аз пардохти маблағи муқарраргардида танҳо довталабоне, ки падар ва модари онҳо дар қайди ҳаёт нестанд, озод мебошанд.
Таҷҳизоти нави маблағсупорӣ
СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Филиали Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилояти Суғд соҳиби таҷҳизоти нави маблағсупорӣ шуд. Бино ба иттилои Бадриддин Аминов- роҳбари шуъбаи бонки мазкур, дар шаҳри Хуҷанд баҳри беҳтар ба роҳ мондани пардохти саривақтии нафақа боз даҳ банкомати нав харидорӣ гардид. Алҳол шумораи чунин таҷҳизот дар миқёси вилоят ба 25 адад расидааст ва мизоҷон метавонанд, ки аз хизматрасониҳои боз 13 посттерминал ва 145 маркази хизматрасонии бонки мазкур истифода баранд. Шумораи шахсоне, ки бо кортҳои пластикӣ аз хизматрасонии бонки мазкур истифода мебаранд, дар миқёси вилоят зиёда аз 80 ҳазор нафар аст, ки 65 ҳазор нафарашро нафақагирон ташкил медиҳанд.
Роҳи Ӯш -Хоруғ кушода шуд
ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Роҳи мошингарди байни шаҳри Хоруғ ва шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бар асари мухолифоти марзбонони қирғизу тоҷик дар минтақаи Исфараи вилояти Суғд аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон моҳи феврал баста гардида буд, акнун боз гашт ва ҳафтаи гузашта мошинҳои борбару мусофиркаш дар минтақаи Саритош ба ду самт ҳаракат намуданд. Як нуктаро бояд ёдовар гашт, ки ин роҳ бештар аз 80 сол боз дар хизмати сокинони ду вилояти ҳамҷавор — вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон қарор дорад ва давоми ин солҳо ба ҷуз офати табиӣ бо сабабҳои дигар дар ин роҳ ҳаракати мошинҳо қатъ нагардидааст. Сокинони ҳар ду вилоят ин роҳро «Роҳи ҳаёт» меномиданд. Раиси ноҳияи Мурғоб Мирзобой Ҷоошбаев ба хабарнигорамон гуфт, ки дар ин минтақа солҳо боз тоҷикону қирғизҳо дӯстона зиндагӣ мекунанд, ҳамеша дар ғаму шодии ҳамдигар шариканд ва ягон нофаҳмие байни онҳо арзи вуҷуд накардааст.
Боғи нави шаҳрӣ
РОҒУН. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Бунёди боғи нави шаҳрии меваҷот, ки дар 27 гектар доман паҳн мекунад, оғоз ёфт. Барои боғи нав аз вилояти Суғд қариб панҷ ҳазор ниҳоли пайвандии зардолую шафтолу оварданд. Аллакай ба тариқи ҳашар дуюним ҳазор ниҳол шинонида шудааст.
-Ҳамарӯза намояндагони ин ё он ташкилоту муасисаҳои шаҳр ва ё хоҷагиҳо бо навбат дар қитъаи барои боғ ҷудошуда ниҳол мешинонанд. Дар ин ҷо ҳамчунин ниҳоли дарахтони себу олу парвариш меёбанд,- иттилоъ дод мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун Абдухолиқ Ҷойлобов.
Муваффақияти чорводорон
ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Чорводорони вилояти Хатлон дар ҷумҳурӣ нахустин шуда, дурнамои солонаи наслгириро барзиёд иҷро намуданд. То имрӯз ба ҷойи 158 ҳазору 100 сар 158 ҳазору 130 сар барра гирифта шудааст. Ин нишондод нисбати ҳамин шабу рӯзи соли гузашта 5324 сар зиёдтар аст. Дар ин комёбӣ махсусан нақши чорводорони ноҳияҳои Темурмалик ва Данғара арзанда аст. Дар ин ноҳияҳо то имрӯз дурнамои солонаи тӯлгирӣ ба 110 ва 108 фоиз расонида шудааст. Чорводорони ноҳияҳои Бохтар, Хуросон, Ҷиликӯл, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қумсангир, Носири Хусрав, Сарбанд, Кӯлоб, Муъминобод, Шӯрообод бошанд, то имрӯз дурнамои солонаи наслгириро 100 фоиз таъмин намудаанд.
Дар ин хусус ба мо муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон Усмон Сангинмуродов иттилоъ дода, афзуд, ки имрӯзҳо наслгирӣ бомуваффақият идома дорад.
Мароқи толибилмон
МУЪМИНОБОД. (Кобулбӣ МУҚИМОВА) Чанд рӯз пеш 100 нафар толибилмони ноҳия аз осорхонаи «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров», оромгоҳи ҳамсари устод- олимаи шинохта, муаллифи чандин китобу дастурҳои таълимӣ В. В. Яблонская дидан намуда, бо зиёда аз се ҳазор экспонатҳои осорхона аз наздик ошно гардиданд.
Маҳсиддин Талабов — мушовири шуъбаи фарҳанги ноҳия ба толибилмон дар бораи ҳаёт ва фаолияти устод С.Табаров маълумот дода, онҳоро бо ҳунарҳои мардумӣ, ёдгориҳои таърихӣ, бозёфтҳои гуногун шинос кард. Ҳамчунин, толибилмон ҳангоми зиёрати мақбараи Мир Сайид Ҷалолиддини Гулдаста дар атрофи он зиёда аз 200 бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда шинониданд.
Вохӯрӣ бо нависанда
РӮДАКӢ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 64-уми ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Кароматулло Мирзоев бо толибилмону омӯзгорон баргузор гардид. Хонандагон доир ба ҳаёту фаъолияти ин марди хирад ибрози назар карданд. Сипас, нависанда аз заҳмати эҷодкорӣ, сабабҳои навишта шудани асарҳояш сухан ронд.Шогирдони мактаб таассуроти худро аз китобҳои нависанда - «Ситораҳои паси абр», «Шабе дар кабудҷар», «Нишони зиндагӣ», « Марги бегуноҳ» ва ғайра нақл намуданд. Устод Кароматулло Мирзоев ба саволҳои сершумори толибилмон посух гуфт.
Ҷашни шоири шаҳир
ХУҶАНД. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Тибқи қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, доир ба ҷашнгирии 110 — солагии шоир ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Муҳиддин Аминзода дар шаҳру навоҳии вилоят чорабиниҳои зиёди адабию фарҳангӣ доир карда мешаванд. Чунин як маҳфили бошукуҳ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар он Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддини Хоҷазод, нависанда Муҳаммад Субҳон, директори хона-музейи шоир Муаттара Ғаниева иштирок карда, хотироти хешро оид ба кору рӯзгори шоир, тарғиби асарҳои ӯ дар байни мактабиён ва ҷавонон сухан карданд. Дар ин чорабинӣ фарзанди шоир Муҳсин Аминзода низ баромад карда, роҷеъ ба шахсияти падари худ, хислату одатҳои неки ӯ ёддоштҳояшро ба мактабиён нақл кард ва ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори сипос намуд.
Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.