Шоир андар синаи миллат чу дил...

Шеъраш чун дилаш соф аст

№67 (4329) 20.05.2021

Ба қавли Нодири Нодирпур, «Имрӯз шоир касест, ки беш аз ҳарвақта дар мавқеи иҷтимоъ қарор мегирад». Мояи ифтихор аст, ки ба майдони адабиёт шоирону навқаламони зиёде ворид шудаву шеър мегӯянд, вале на ҳама ба маънии том шоиранд.

Шоир Абдуқодири Раҳим баъд аз таҳлили шеърҳои маҷмӯаи аввалини Содиқи Завқӣ «Субҳи содиқ» соли 1997 иброз дошта буд: «Содиқи Завқӣ монанди баъзе ҳамсолон ва ҳамқаламонаш аз оламу одам шиква надорад, аз бечораҳолӣ наменолад. Он чиро мегӯяд, ки боиси шунидан аст, он чиро менависад, ки лоиқи хондан аст. Ҳар ҷавони эҷодкоре агар чун ӯ дар маҷмӯаи аввалинаш ҳамин қадар байтҳои ҷолиб, дилнишин дошта бошад, бурди калони адабиёт аст».

Содиқи Завқӣ аз ҷумлаи он шоиронест, ки ҳамеша дар такопӯ ва ҷустуҷӯ буда, мақсаду маром ва андешаҳои худро на ба тарзи рамзу киноя, балки ошкору бепарда баён месозад. Нозукиҳои назми муосирро хуб медонад. Дар эҷоди шеър услуб, шева ва тарзи баёни худро дорад. Ба касе тақлид ё пайравӣ намекунад. Шеъраш содаву шево, дилнишину рӯҳнавоз ва пур аз ташбеҳои тозаву тар аст. Шеъри ӯ аз ҳама муболиғаҳои ғайритабиӣ, ташбеҳҳои ботакаллуф ва сохтакориҳо орӣ аст. Ӯ вассоф ва тараннумгари Ватан ва халқу миллати хеш аст. Бо эҳсоси баланди ватанхоҳӣ мегӯяд:

 Ба ҳар ҷое, ки рафтам, ҳарф аз боби Ватан гуфтам,

Суруди меҳрборашро ба ҳар як анҷуман гуфтам.

Ба ҳар ҷо дӯст пайдо кардаму гар қиссае хондам,

Ман аз сарсабзиҳои дилрабои ин чаман гуфтам.

  Тасвирҳои наву ҷолиб дар ашъори наваш, хусусан дар байтҳояш, хеле зиёд ба чашм мехурад:

Файз не дар хона мо ҳаҷ меравем,

Рост мегӯему худ каҷ меравем.

 ***

Ба баду неки ҷаҳон дар зиндагонӣ хӯ кунед,

Сурати ҳақ аз ниҳоди хеш ҷустуҷӯ кунед.

 Забони шеъраш бо шодобию пурнакҳатӣ, фасоҳату равонӣ зуд ба қалбҳо хона мегузорад. Ҳар мисраъ бори маъние мекашад, бозгӯйи ниёзи мардум ва рози ошиқон аст.

 Дар шеърҳои Содиқи Завқӣ дарди башар ва мушкилоти иҷтимоии инсонҳо мавқеи хос дорад:

Дар олами ҳастӣ ману ту як нафасем,

Дар панҷаи ин алов монанди хасем,

Гар дасти фитодае нагирем, эй дӯст,

Пас гӯй, мо ба зиндагонӣ чӣ касем?

Марсияҳои ӯ низ мазмуну маънои иҷтимоӣ дошта, аз азоби гӯру сӯзу гудоз намегӯяд. Дар марсияи ба афғондухтари ноком Фархунда бахшидааш, ки қурбони ҷаҳлу ҷаҳолат ва хурофот гардида буд, мегӯяд:

Ин марг нест, фоҷиаи халқу миллат аст.

Ин дард не, касифию хорию зиллат аст,

Андар диёри Мавлавию Ҷомии бузург,

Донам ҷабри андаке сахт аз ҷиноят аст…

Драмаи манзуми «Иллат»-и шоир пастинатӣ, ҷаҳолат, ифротгароӣ, бераҳмӣ ва амалҳои ғайриинсониро зери тозиёнаи танқид қарор додааст:

Ҷиҳодаш куштани одам ба олам,

 Дилам мондаст аз фарзанди одам.

 Ба олам куштани одам убол аст,

 Давоми умри қотилҳо завол аст.

 

 Мо, ки фарзанди Ҳавову Одамем,

 Аз чӣ гӯри ҳамдигарро меканем?

 Шеъри ӯ набз дорад, саршор аз меҳру муҳаббат ва садоқат ба зебогиҳову гулгулшукуфиҳои Ватан буда, ҳар байташ нурбахшу равшангари дилҳост. Ҳар чӣ мегӯяд, аз мушоҳидаҳо ва андешаву дарки эҳсоси хеш мегӯяд. Табъу завқ ва заковату фаҳмиши фавқулодааш ба ӯ имконият фароҳам оварда, ки шеъраш дархӯри замон ва вирди забони хосу ом гашта. Агар аз дард гӯяд, дардаш дарди худаш нест, дарди замон, дарди ҷомеа ва башар аст. Чунончӣ ҷое мегӯяд:

Ҷаҳолат по ба ҳар мулке ниҳад, мардум гадо гардад,

Чу боло дасти қотил мешавад, олам фано гардад.

 Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар пешгуфтори маҷмӯаи аввалини шеърҳояш бо номи «Субҳи содиқ» нигоштааст: «Чашмаи шеъри Содиқи Завқӣ аз замини меҳр рӯ зада, гардҳои кинаро аз хоки кишвари ҳастӣ меравонад, сӯзиши ҷигари ташнаҷонҳои хоҳони оби ҳаётро фурӯ менишонад. Навои чашмаи шеъраш навои ҷонсӯзи мусофири ҷӯяндаи раҳму шафқат аст, суруди дили пур аз муҳаббат аст. Диди ӯ бисёр покиза, нав ва хоси худаш аст».

 Содиқ дар тозагӯиҳо бисёр кӯшиш дорад, аз ин рӯ, шеъраш кашиш дорад. Аз ҳақиқату воқеияти зиндагӣ мегӯяд. Андешаҳои шоиронааш аз ҳаёти ҳаррӯзаи инсонҳо маншаъ мегиранд. Пояи устувори давлатдориро дар осоиштагӣ медонад:

 Саманди адл бар хоки сияҳ аз дасти ҷанг афтад,

Ба болои сари халқи азиятдида санг афтад.

 Шеъри Содиқи Завқӣ оҳанг дорад, яъне суруданианд, аз ин ҷост, ки аксари овозхонон ба шеърҳояш оҳанг баставу сароидаанд. Суруди маъмуле, ки имрӯз вирди забони ҳама аст:

Бар мардуми бенанг Ватан ҳайф аст,

Бар қавми беирода сухан ҳайф аст,

Гул дар назарат хор дур аз Меҳан,

Бар булбули бе Ватан чаман ҳайф аст.

Дар нишасти адабие устод Лоиқ, ки шеърҳои Содиқи Завқиро хонда буд, чунин гуфта буд: «Чӣ ҳам гӯям, шеъри Содиқи Завқӣ чун дилаш софу тоза аст».

 Содиқи Завқӣ соли 1991 бахши филологияи тоҷики Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро хатм намудааст. Соли 2010 шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро хатм намуд. Чанд сол дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе кор карда, айни ҳол директори Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Маҷмӯаҳои ашъораш бо номи «Субҳи содиқ», «Чашми рӯз», «Нигоҳи меҳр», «Мароми зиндагӣ» ва «Шаҳди ишқ» дастраси хонандагон гардидаанд.

 Хизматҳояш бо Грамотаи Президиуми Совети Олии ИҶШС ва Ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар бахши адабиёт барои маҷмӯаи шеърҳояш «Нигоҳи меҳр» қадр шудааст.

Аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Маҷмӯаи нави шеърҳои Содиқи Завқӣ бо номи «Хаёли орзуҳо» аз шеърҳои дар солҳои охир эҷодгардидаи шоир мураттаб гардидааст. Маҷмӯа аз қисматҳои «Васфи Ватани маҳбуб», «Ғазалиёт», «Байтҳо», «Марсияҳо», «Маснавиҳо» ва драмаи манзуми «Иллат» иборат мебошад.

Раҳматуллоҳи РАҲМОН,

 нависанда