Гуфтугӯи Пешвои миллат бо Анна Бйерде

№67 (4329) 20.05.2021

51189594354_1f0c5474e6_o19 майи соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ давоми 28 соли шарикӣ маблағгузорӣ шудани 100 лоиҳа дар соҳаҳои гуногун, ба маблағи умумии 2,1 миллиард доллари америкоӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Инчунин, масъалаҳои вазъи Тоҷикистон дар давраи пандемияи COVID — 19, таъсири он ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд барои пешгирии бемории сироятӣ ва бартараф намудани паёмадҳои он, баррасӣ гардид.

51189044358_3c9c1e8c22_oИзҳори умед карда шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳассос барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати кишвар дар самти бартараф намудани паёмадҳои пандемияи коронавирус ва таъмини рушди устувор саҳмгузор боқӣ мемонад.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкории минбаъдаро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, дастгирии буҷети давлатӣ, рушди бахши соҳибкорӣ, бартараф намудани оқибати ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ, баррасӣ карданд.

www.president.tj