Дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 январи соли 2014 вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Роҳбар дар ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба зиёда аз як миллион тонна истеҳсол шудани картошка маълумот дод. Дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ низ, ки рӯзи 24 январи соли равон баргузор гардида буд, номбурда ба рӯзноманигорон ҳам аз ин натиҷаи рекордии деҳқонон иттилоъ дод. Ҳангоме ки ҳисоботи Вазорати кишоварзӣ расонайӣ шуд, ба эътирози шадиди аксари аҳолии шаҳрнишини кишвар рӯ ба рӯ гардид. Пас аз нашри мавод аз нишасти матбуотии вазорат дар рӯзномаи «Садои мардум» низ, ки болотар зикраш рафт, хонандагон ба идораи нашрия муроҷиат намуданд. Аз ҷумла Исмоил Зокиров ном шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он изҳори норозигӣ мекард, ки «модоме дар ҷумҳурӣ зиёда аз як миллион тонна картошка истеҳсол шуда бошад, пас чаро дар бозорҳои пойтахт картошкаи Ҷумҳурии Исломии Покистон ба фурӯш бароварда шудааст?».
Ба ин савол вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар зимни нишасти матбуотӣ чунин ҷавоб гардонида буд: «Картошкаи Ҷумҳурии Исломии Покистон сол то сол кам ворид шуда истодааст. Азбаски нархи картошкаи ин кишвар нисбатан арзонтар аст, мардум онро харидорӣ менамоянд».
Аммо, имрӯз воқеият он аст, ки аксари сокинони пойтахт бо нархи гарон картошкаи Покистонро, ки аз нигоҳи сифат ва лаззат ба картошкаи ватанӣ намерасад, истифода мебаранд. Агар то аввалҳои моҳи март як килограмм картошкаро бо нархи 2-2,5 сомонӣ аз бозорҳои шаҳри Душанбе харидорӣ мекарданд, пас имрӯз нархи он ба 4,5-5 сомонӣ расидааст.
Ба хотири рӯшанӣ андохтан ба масъалаи гарон шудани нархи картошка ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор муроҷиат намудем. Аз сабаби он ки аксари аҳолӣ ба нишондоди оморӣ доир ба истеҳсоли 1 миллиону 115 696 тонна картошка шубҳа мекунанд, аввал ба Вазорати кишоварзӣ муроҷиат кардем. Тавре сармутахассиси Раёсати растанипарварии вазорат Салоҳиддин Муродов иттилоъ дод, соли 2013 тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар майдони 44380 гектар (дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ) кишти картошка гузаронида шуда буд ва ҳосилнокӣ 247,3 сентнериро ташкил дод. Роҳбари маркази иттилоот ва матбуоти Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Дадабоев низ оид ба воқеият доштани ҳаҷми истеҳсоли картошка дар соли сипаришуда ҳарф зада, зикр намуд, ки ҳамагӣ панҷ фоизи картошкаи бозори дохилӣ аз хориҷа ворид мегардад. Бино ба гуфти мавсуф, аз сабаби набудани сардхонаҳо дар ҷумҳурӣ моҳҳои март-апрел болоравии нархи картошка ба амал меояд, зеро бо гарм шудани ҳаво картошка неш зада, ба пӯсидан майл мекунад. Аз ин рӯ, онҳое, ки дар анборҳояшон ин намуди маҳсулотро захира намудаанд, кӯшиш мекунанд, ки онро то оғози гармиҳо пурра ба фурӯш бароранд. Бо ҳамин сабаб, дар ин мавсими сол ҳамагӣ панҷ фоизи картошкаи аз хориҷи кишвар воридгардида ба бозор мебарояд. Н. Дадабоев дар идома изҳор дошт, ки бо назардошти зарурати бунёду барқарор кардани сардхонаҳо Вазорати кишоварзӣ лоиҳаи Барномаи бунёд ва рушди сардхонаҳоро таҳия намудааст, ки Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузориашро ба зимма гирифтааст. Дар ҳолати қабул шудани барномаи зикршуда, то соли 2016 панҷ гармхона бо ғунҷоиши умумии 15 ҳазор тонна картошка бунёд мешавад.
Дар Иттифоқи «Тоҷик-матлубот», ки вазифааш захираи маҳсулоти ниёзи мардум ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба фурӯш баровардани он мебошад, изҳор доштанд, ки тирамоҳи соли гузашта ҳамагӣ 9,5 ҳазор тонна картошка захира намуда буданд ва он то 20 марти соли равон ба охир расид. Бино ба гуфти сардори шуъба оид ба захираи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Т. Худойназаров, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» наметавонад ҳамаи маблағҳояшро барои захираи картошка равона намояд, зеро харидорӣ ва захираи дигар молу маҳсулот низ зарур аст. Номбурда дар идома афзуд, ки ба хотири танзим кардани нархи картошка дар бозорҳои пойтахт Иттифоқи «Тоҷикматлубот» тасмим гирифтааст, ки ярмаркаҳои ғайринавбатиро ташкил намояд. Аз ҷумла чунин ярмарка рӯзи 9 апрел дар бозори Қарияи Боло баргузор ва як килограмм картошка бо нархи аз 2,6 то 3,4 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуд. Оиди сардхонаҳо ва анборҳои нигоҳдории маҳсулот бошад, номбурда афзуд, ки Иттифоқи «Тоҷикматлубот» анборҳо дорад ва то охири сол як сардхонаи замонавӣ ва соли оянда боз яктои дигарро ба истифода медиҳад.
Ҳамагӣ панҷ фоизи ҳаҷми умумии картошкаи воридотиро дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ низ тасдиқ намуда, иттилоъ доданд, ки давоми се моҳи соли 2014 ба ҷумҳурӣ 16,5 ҳазор тонна картошка ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 ҳазор тонна кам мебошад.
Мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби гарон шудани нархи картошкаро дар нисбатан кам ворид шудани картошка арзёбӣ намуданд. Зуҳуриддин Кенҷаев, сардори Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии вазорати мазкур дар суҳбат зикр намуд, ки 6,5 ҳазор тонна кам ворид шудани картошка дар давраи баҳор барои бозори Тоҷикистон таъсиргузор аст. Ба гуфтаи ӯ, азбаски баҳор дар кишвари мо нисбати Ҷумҳурии Исломии Покистон дертар меояд, бозори истеъмолии Тоҷикистон то ворид шудани картошкаи барвақтии худӣ бо картошкаи барвақтии кишвари дигар таъмин мегардад. Яъне, дар ин давра картошкаи воридотӣ то андозае батанзимдарорандаи нарх ба ҳисоб меравад.
Муовини директори «Бозори деҳқон»-и шаҳри Душанбе Ҳақдод Сафаров низ сабаби гаронии нархро аввалан дар кам ворид шудан, баъдан дар муваққатан баста будани марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебинад. Ӯ мегӯяд:
-Ғайр аз ин, мувофиқи маълумоти интернетӣ, нархи картошка дар худи Ҷумҳурии Исломиии Покистон низ қимат шудааст. Инчунин пештар, агар барои дар як мошин то панҷоҳ тонна бор овардан иҷозат буд, пас имрӯз ин меъёр то 25 тонна поён фароварда шудааст, ки ин ҳам ба нарх бетаъсир намемонад.
Аз мавсуф доир ба захираи картошкаи дохилӣ ва иқдоми «Бозори деҳқон» барои ба танзим даровардани нарх пурсон шудем.Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки «Бозори деҳқон» барои зимистонгузаронӣ 200 тонна картошка захира намуда буд ва он айни замон ба охир расидааст.
Суханони масъулини идораву вазоратҳо оиди кам ворид шудани картошка дар ҳолест, ки растаҳои бозорҳои Душанбе пур аз картошкаи ватанӣ мебошад. Аммо нархи картошкаи Тоҷикистону Покистон якгуна ва дар баъзе ҳолатҳо картошкаи воридотӣ арзонтар аст. Пас саволе ба миён меояд, ки оё картошка дар монополияи соҳибкорон қарор надорад? Зеро доир ба ин мавзуъ низ харидорон миёни ҳам гуфтугузор менамоянд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки бо назардошти талаботи инсон ба картошка, истифодаи тухмӣ ва дигар хароҷот, истеҳсоли 1 миллиону 115,5 ҳазор тонна картошка дар ҷумҳурӣ қонеъкунанда аст. Мувофиқи маълумоти дар дастдошта барои Тоҷикистон солона то 250 ҳазор тонна тухмӣ истифода шуда, мувофиқи меъёрҳои замони шӯравӣ мавҷуда, барои як нафар инсон солона истеъмоли то 45 килограмм картошка зарур будааст. Аммо аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат иттилоъ доданд, ки Барномаи наверо дар ин самт таҳия намуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудаанд, ки истифодаи то 95 килограмм картошкаро барои як нафар дар давоми сол муайян кардааст. Дар ҳоле ки мувофиқи гуфти масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ соли сипаришуда ба хориҷи кишвар картошка содирот нашудааст, барои ҷомеаи зиёда аз 8 миллионнафараи Тоҷикистон 1миллиону 115,5 ҳазор тонна картошка кифоя мебошад. (95х8000000/1000=760000 тонна). Аз ин рӯ, хеле хуб мешавад, ки Вазорати кишоварзӣ ва дигар мақомоти марбутаи мамлакат бо ҳисобҳои дақиқ талаботи бозори истеъмолии Тоҷикистонро бо картошка ба инобат гирифта, истифодаи оқилонаи маҳсулотеро, ки пас аз гандум дуввумин нони мардум ҳисоб мешавад, таъмин намоянд. Вагарна , ду миллион тонна ва зиёда аз ин ҳам маҳсулот истеҳсол намоем, боз зери таъсири «панҷ фоизи картошкаи воридотӣ» мемонем. Дар ҳамин росто, миёни мардум аз таври қочоқ ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя интиқол ёфтани он низ ҳарф мезананд. Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷиргатол Азизбек Диёров дар суҳбат ба мо изҳор дошт, ки ҳамасола 4-5 ҳазор тонна картошка аз ин минтақа ба Ҷумҳурии Қирғизистон содирот мешавад. Шояд аз дигар ноҳияҳои картошкапарвари наздисарҳадии ҷумҳурӣ низ ғайрирасмӣ картошка ба хориҷи кишвар содирот шудаасту мақомоти дахлдор бехабар монда бошад? Агар не, пас куҷо шуд 1 миллиону 115 696 тонна картошка?
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»