Шароити нави иқтисодӣ ва дигар шудани муносибатҳои истеҳсолӣ заминагузориҳои нави ҳуқуқиро талаб менамояд, ки дар кишвар ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, барои ба низом даровардани он асоси ҳуқуқӣ гузошта мешавад.
Яке аз чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» мебошад, ки 20-уми марти соли 2008 таҳти №375 қабул гардидааст. Моҳи январи соли 2015 дар асоси қонуни зикршуда дар назди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ҳамчун ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ дар вилоятҳо ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» (КДФ «БММҒ») ҳамчун ташкилоти минтақавии бақайдгирии давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо таъсис ёфт.
Зикр кардан бамаврид аст, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат аст ва он ҳамчун моликияти давлат ба қайд гирифта шуда, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифода дода мешавад. Инчунин, ба ҳар як объекти молу мулки ғайриманқул рақами кадастрӣ дода шуда, он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рақами ягонаи такрорнашаванда ва ивазнашавандаест, ки дар давраи мавҷудият ва барҳамхӯрии мавҷудияти молу мулки ғайриманқул нигоҳ дошта мешавад.
Баъди қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» аз 2 январи соли 2018 Барномаи электронии «Сабт»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва гузаштан ба системаи ягонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳру ноҳияҳо эълон гардид. Ин тадбир, ки дар доираи барномаи зикршуда роҳандозӣ мегардад, дастрасӣ ба иттилоот, расонидани хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, ҳамкории мутақобилаи байни давлат ва дархосткунандагонро бе истифодаи коғаз таъмин менамояд.
Барномаи электронии «Сабт» минбаъд дар бахши «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳру ноҳияҳо васеъ ба роҳ монда шуда, кормандону мутахассисони ин ниҳод метавонанд аз он истифода баранд. Ҳоло шаҳру ноҳияҳое, ки тибқи барнома фаъолият доранд, бо таҷҳизоти компютерӣ ва хатти нури «VPN», таҷҳизоти роутер, коммутатор, свитгер, коннектор ва кабелҳои «ИТР»-и категорияи 6 таъмин карда шудаанд.
Мақсади асосии ташкил ва ҷорӣ намудани системаи сабти электронӣ шаффоф ва дар муҳлати кӯтоҳ ба қайд гирифтани молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Кормандону мутахассисони корхонаҳои дар шаҳру ноҳияҳобуда аз ҷорӣ шудани сабти электронӣ ниҳоят хушҳоланд. Зеро минбаъд онҳо тавассути барнома амалиёти бақайдгириро тибқи моддаи 35-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» дар муҳлати ҳафт рӯзи корӣ анҷом медиҳанд. Ҳатто имкон доранд, ки хизматрасониро ба мизоҷон на танҳо дар ҳафт рӯз, балки дар як рӯз ба анҷом расонанд. Ба шарте, ки дар ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи шаҳрвандон хато ба миён наомада бошад.
КДФ «БММҒ», ки айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият дорад, аз се шуъба (заминсозӣ, барӯйхатгирии техникӣ ва бақайдгирӣ) иборат аст. Агар шуъбаи заминсозӣ барои омода ва таҳияи парвандаҳои заминсозӣ ва шуъбаи барӯйхатгирии техникӣ барои омода намудани шиносномаҳои ҳавлидорию техникӣ машғул шаванд, шуъбаи бақайдгирӣ амалиёти бақайдгириро, аз ҷумла бақайдгирии қитъаҳои замин барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи он, бақайдгирии биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҷудогона, иншооти сохтмонашон нотамом, додани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ, инчунин додани иқтибос ва иттилоот барои хариду фурӯш, ҳадя, иваз, гарав, қабули мерос ва ғайраро иҷро менамояд.
Мутаассифона, гарчанде Барномаи электронии «Сабт» дар КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳру ноҳияҳо бо ҳама шароити зарурӣ ва технологияи муосир таъмин аст, вале рафти хизматрасонӣ ба муроҷиаткунандагон на дар ҳама ҷо мувофиқи матлаб аст.
Баҳри ҷорӣ намудани системаи Барномаи электронии «Сабт»-и Ҳукумати мамлакат Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, 18 апрели соли 2018 иқдом кард. Акнун сокинони ноҳия тибқи барномаи махсуси сабти электронӣ, ки ҳуҷҷатҳо дар он ҳифз карда мешаванд, метавонанд бе душворӣ аз хизматрасонии ин шабака истифода намоянд.
Директори КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Рӯдакӣ Тӯйчӣ Эргашзода гуфт, ки то моҳи апрели соли 2018 дар бойгонии корхона 82 ҳазору 147 шиносномаи техникӣ ва парвандаи заминсозӣ нигоҳдорӣ мешуд, ки баъди ҷорӣ намудани системаи сабти электронӣ он давра ба давра аз тариқи нусхабардорӣ ба Барномаи «Бойгонии электронӣ» ворид гардид. Умуман, солҳои 2018-2019 ҳама гуна муроҷиату дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатгузориҳо тибқи барномаи сабти электронӣ ба роҳ монда шуда, то ҳол ҳеҷ монеа ба миён наомадааст. Соли 2020 шуъбаи бақайдгирии КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 7064 адад муроҷиату дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба қайд гирифта, иҷрои саривақтии онро таъмин намуд. Аз онҳо 71 адад, бинобар сабаби ба хато роҳ додан дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, рад карда шуданд. Дар ин сурат муроҷиаткунандаро зарур аст, ки баъди ислоҳи камбудиҳо такроран ба корхона муроҷиат намояд.
Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳри Ҳисор (директораш Муҳиддин Яқубзода) ба системаи Барномаи электронии «Сабт»-и Ҳукумати мамлакат моҳи майи соли 2018 ворид гардида, ҳуҷҷатгузориро хуб ба роҳ мондааст. Мутасаддиёни шуъбаҳои дахлдор дар як вақт ҳам муроҷиату дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро қабул карданд ва ҳам 74 ҳазору 450 шиносномаи техникӣ ва парвандаи заминсозиро, ки дар бойгонии корхона нигоҳдорӣ мешуд, нусхабардорӣ ва ба Барномаи «Бойгонии электронӣ» ҳамроҳ намуданд. Соли сипаригардида аз ҷониби шуъбаи бақайдгирии корхона 3875 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 22 муроҷиат, бинобар сабаби пурра набудани ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, қабул нагардид.
- Дар вақти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул мумкин аст, ки хато аз ҳар ду ҷониб сар занад. Агар аз ҷониби бақайдгиранда дар вақти сабти ҳуҷҷатгузорӣ ба хато роҳ дода шавад, барнома нишон медиҳад, ки сарчашмаи иштибоҳ куҷост ва шахси масъулро зарур аст, ки оид ба ислоҳи он ба муроҷиаткунанда маълумоти дақиқ пешниҳод намояд, — иброз дошт Муҳиддин Яқубзода ва афзуд: — Хато бештар дар санад, саҳифа, ному насаб, рақами мушаххаси андозсупоранда ё дигар ҳуҷҷату маълумоте, ки аз ҷониби корхона омода ва ба барнома ворид карда мешавад, рух медиҳад ва шахси мутасаддӣ дарҳол онҳоро ислоҳ менамояд. Хатоҳоеро, ки ба парванда то бақайдгирии молу мулки ғайриманқул аз ҷониби муроҷиаткунанда зимни пешниҳоди ариза ба корхона содир шудааст, барнома муайян месозад. Чунин хатоҳо дар қарори раиси шаҳр (ё ноҳия) интихоби қитъаи замин, муоинаи харитаи заминистифодабаранда бештар ба назар мерасанд. Дар ин ҳолат аз ҷониби бақайдгиранда хато омӯхта, муҳлати ислоҳи он муайян карда мешавад.
Ҳамчунин, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ва Барномаи электронии «Сабт»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияҳои Варзобу Файзобод низ чашмрас буда, аз уҳдаи иҷрои нақшаи пешбинишуда ба хубӣ мебароянд. Агар КДФ «БММҒ»-и ноҳияи Варзоб (директораш Шараф Юсупов) ба барнома моҳи майи соли 2018 ворид шуда, дар навбати аввал 17 ҳазору 382 шиносномаи техникӣ ва парвандаи заминсозиро, ки дар бойгонӣ нигоҳдорӣ мешуд, нусхабардорӣ ва ба барнома ворид карда бошад, соли 2020 шуъбаи бақайдгирии корхона 950 ариза ва дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро қабул намуда, иҷрои онҳоро сари вақт ба ҷо овардааст. Аз шумораи умумии ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи муроҷиаткунандагон 16 ариза тибқи моддаи 35-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» боздошт гардида, онҳо, бинобар камбудиҳои дар ҳуҷҷатҳо ҷойдошта тибқи моддаи 36-и қонуни зикршуда рад карда шуданд.
КДФ «БММҒ»-и ноҳияи Файзобод (директораш Муродалӣ Шарифзода) низ фаъолиятро аз рӯи Барномаи электронии «Сабт» 17 сентябри соли 2018 оғоз намуда, дар баробари қабули шаҳрвандон 18 ҳазор шиносномаи техникӣ ва парвандаи заминсозиро, ки дар бойгонӣ маҳфуз буданд, баъди нусхабардорӣ ба барномаи электронӣ ворид карданд. Соли 2020 корхона 1796 муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро қабул карда, дар рафти баррасии ҳуҷҷатҳо се муроҷиат боздошт шуда, баъди ислоҳи хатоҳо як муроҷиат бинобар сабаби ҷой доштани баҳс рад карда шудааст.
Аммо дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои дигар чун шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳринав хизматрасонӣ тавассути Барномаи электронии «Сабт» ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар назди КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳри Ваҳдат нафарони зиёдро рӯ ба рӯ шудем, ки барои бақайдгирии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда, ки тибқи қонун аз ҳафт рӯз то як моҳ муайян шудааст, саргардонӣ мекашанд. Саргардонии баъзе аз онҳо се — чор моҳ идома меёбад. Чанде аз шаҳрвандон, ки худро сокини деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов, Карим Исмоилов, «Баҳор» ва Абдулло Абдулвосиев муаррифӣ намуданд, норозигӣ аз он доштанд, ки кормандони ин ниҳод барои қабули ариза ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳои муроҷеон нархи гуногун мегузоранд, ҳол он ки барои омодасозии ҳар як ҳуҷҷат нархҳо муайян шудааст.
Директори КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳри Ваҳдат Муҳаббатшоҳ Набизода зимни суҳбат гуфт, ки корхона фаъолиятро аз рӯи Барномаи электронии «Сабт» моҳи сентябри соли 2018 оғоз намуда, дар ибтидо 60554 адад шиносномаи техникӣ ва парвандаи заминсозиро, ки дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешуд, баъди нусхабардорӣ пурра ба Барномаи «Бойгонии электронӣ» ворид сохт. Ҳамчунин, соли 2020 шуъбаи бақайдгирии корхона 6812 ариза ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро қабул карда, дар рафти санҷиши ҳуҷҷатҳо 76 муроҷиат бо сабаби ҷой доштани камбудиҳо рад карда шуданд.
Агар корхона фаъолияти хуб дошта бошад, пас сарсониву саргардонии муроҷиаткунандагон аз чӣ сар мезанад, ки ҳуҷҷатҳои онҳо дар муҳлати муайяннамудаи қонун ба қайди Барномаи электронии «Сабт» ворид намешавад? Вобаста ба ин ҳолати кор дар нишастҳои матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат тайи соли 2020 аз ҷониби хабарнигорон саволҳои зиёд дода шуд, вале то ҳол на ба ҳамаи онҳо посух ҳасту на қонуншиканиҳо дар фаъолияти кормандони КДФ «БММҒ»-и шаҳри Ваҳдат бартараф мешаванд.
Ба Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Шаҳринав низ аз моҳи январи соли 2018 дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои дар боло зикршуда, барои гузаштан ба «Системаи автоматикунонии бақайдгирӣ» пешниҳод гардида буд. Корхонаро бо ҳама таҷҳизоти зарурии компютерӣ таъмин намуданд. Аммо барои ошноӣ пайдо кардан бо фаъолияти он вақте ба он ҷо рафтем, мутаассифона, директори он Далер Қурбонзода ва масъулони дигарро пайдо карда натавонистем. Моҳи декабри соли 2020 се маротиба омадем ва бори сеюм бо директор Далер Қурбонзода рӯ ба рӯ шуда, дар бораи фаъолияти корхона баъди воридшавӣ ба Барномаи электронии «Сабт» хостем ҳамсуҳбат шавем, вале бо ҳар баҳона дурӣ ҷуста, ғайб зад. Аз муовини директори корхона Акрам Ашӯров дар бораи хизматрасонии корхона пурсон шудем. Гуфт, ки бе иҷозати роҳбар ба ин масъала дахл карда наметавонад. Ба шуъбаи бақайдгирӣ, ки он ҷо Одилҷон Зарипов ва боз ду нафар мутахассиси шуъба ҳузур доштанд, муроҷиат карда, ҷавоб нагирифтем.
Баъди чанд рӯзи дигар боз вориди бинои корхона шудем ва шумораи зиёди муроҷиаткунандагонро дидем, ки аз хизматрасонии кормандони он норозигӣ баён карданд. Онҳо шикоят доштанд, ки барои бақайдгирии ҳуҷҷатҳояшон ҳафтаву моҳҳо сарсону саргардонанду масъулон ба додашон намерасанд. Вақте ки Далер Қурбонзода вориди корхона шуд, аз ӯ хоҳиш кардем, то бо мо ҳамсуҳбат шуда, дар бораи хизматрасонии корхона ба муроҷиаткунандагон тибқи барнома маълумот диҳад. Маълум шуд, ки дар корхона солҳои 2018-2020 аз ҷониби шуъбаи бақайдгирӣ муроҷиати чанд нафар ба қайд гирифта шуда, талаботи онҳо қонеъ шудааст. Дар бораи теъдоди шиносномаҳои техникӣ ва парвандаҳои заминсозие, ки дар бойгонии корхона маҳфузанд, инчунин дар хусуси ба бойгонии барнома ворид кардани онҳо маълумот гирифта натавонистем. Бовар дорем, ки КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Шаҳринав дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолиятро тавассути Барномаи электронии «Сабт» ҷоннок ба роҳ монда, нақшаи пешгузоштаро иҷро ва муроҷиати шаҳрвандонро қонеъ мекунад.
Дар маҷмӯъ, таҳлилу омӯзиш нишон дод, ки ҳарчанд татбиқи Барномаи электронии «Сабт» кори масъулон ва шаҳрвандонро хеле осон мегардонад, вале фаъолияти он на дар ҳама шаҳру ноҳияҳо дуруст ба роҳ монда шудааст. Ин бошад, баёнгари он аст, ки иҷрои қонун дар ин самт хуб ба роҳ монда нашуда, ҳанӯз саҳлангорӣ ҷой дорад.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»