20 майи соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев мулоқот намуд.
Зимни он иброз шуд, ки муносибатҳои байни кишварҳо самаранок ба роҳ монда шуда, тӯли 30 соли охир ба туфайли кӯшишҳои якҷоя натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд.
- Шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон намунаи возеҳи ҳамкориҳои босамар буда, мо онро қадр мекунем ва дар ноил шудан ба чунин сатҳи муносибатҳо, албатта, хидмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти нахустини Қазоқистон — Елбаси муҳтарам Нурсултон Абишевич Назарбоев бузург мебошад, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.
Маҳмадтоир Зокирзода саҳми Қосим — Жомарт Токаевро низ дар рушди муносибатҳои байни кишварҳо назаррас арзёбӣ кард.
- Тоҷикистону Қазоқистон ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҳамкории зич доранд ва муносибатҳои дӯстонаро дар роҳи таҳкими сулҳу амонӣ, амният ва субот дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ идома хоҳанд дод, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ҳамчун пайванди муҳим барои Тоҷикистону Қазоқистон боқӣ мемонанд. Боварӣ дорам, ки парлумонҳои мо метавонанд дар таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарӣ саҳми сазовор гузоранд.
Зикр шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон муносибатҳои самимонаи дӯстонаро дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ ва пеш аз ҳама, дар фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Ассамблеяи парлумонии СААД густариш медиҳанд.
Бо мақсади рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шудааст.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон