Мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷавонони кишвар

№68-69 (4330-4331) 22.05.2021

21 майи соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимию созанда баргузор намуданд.

Нахуст Сарвари давлат ҷавонони саодатманди кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол 23 май дар мамлакат ба таври шоиста ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи таъсиси ҷашни Рӯзи ҷавонон, сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии рӯзафзуни онҳо чун такягоҳи боэътимоди давлат андешаронӣ карда, ҳадафи мулоқотро таҳлили вазъи соҳа, раҳнамоии насли оянда дар роҳи созандагию ободонӣ ва илму касбомӯзӣ маънидод намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ кор бо ҷавонон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон шуд. Зеро таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллат ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.

Зимни таҳлили дастовардҳои соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дош­танд, ки Ҳукумати Тоҷикис­тон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли ҳозира давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд.

Сарвари давлат доир ба амалисозии чораҳои мушаххаси роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар, аз ҷумла ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон, қабули даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ, ҳаллу фасли маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии бевосита ба ҷавонон дахлдошта, тадбирҳои баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат бо роҳи таъсиси стипендия ва ҷоизаҳои гуногун, таъсиси квотаҳо барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар дохил ва хориҷи мамлакат низ ибрози андеша намуданд.

Зикр гардид, ки дар доираи сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар соли 2015 дар назди Президенти Тоҷикис­тон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд.

Ҳукумати мамлакат бо дарназар­дошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии мамлакат соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон кард, ки ба таҳкими бештари нақши ҷавонон дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои онҳо мусоидат намуд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар бораи дастовардҳои ҷавонони кишвар дар соҳаи илму маориф ва варзиш андешаронӣ карда, дар назди Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва падару модарон барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки тавассути ворид кардани технологияҳои пешрафта ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ барои ташкил намудани ҷойҳои нави кор ва ҳар чӣ бештар бо шуғл таъмин кардани ҷавонон, бахусус, дар деҳот тадбирҳои иловагӣ андешида, ҳар моҳ ярмаркаи ҷойҳои холии корро баргузор намоянд.

Дар охир Сарвари давлат иброз дош­танд, ки ба ҷавонон ҳамчун неруи бузурги созандаи кишвар эътимод дошта, бовар доранд, ки онҳо аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандиашон бо сарбаландӣ мебароянд.

Баъд аз суханронии Пешвои миллат як гурӯҳ ҷавонони кишвар — Фахриддинзода Фирдавс — муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Насриддинзода Раъно — гирандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2020, Ҷамолзода Беҳрӯз — омӯзгор, Мусоҷонзода Ҷамила — омӯзгор, Хушқадам Хус­равов — Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо, ду карат барандаи Ҷоми ҷаҳон, Пирмаҳмадзода Руҳангез — донишҷӯ, Носирзода Гулшанбону — донишҷӯ, Парвиз Қосимзода — роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳадяи меҳр»-и вилояти Суғд, Нозимбек Нозимбеков — омӯзгори ҷавон аз ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Аюбзода Шоҳхусрав — роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта», Ниёзӣ Сироҷиддин — омӯзгор, Гулмирзозода Идибек — муҳандис-геологи НБО «Роғун», Неъматуллои Холиқ — афсари калони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмонзода Ёсуман -  узви Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ва Филина Олга — донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ баромад карда, ба Пешвои миллат ва роҳбари ҷавонпарвар барои дастгирию талошҳо баҳри таъмини шароити созгори зиндагӣ ва илмомӯзӣ изҳори сипос карданд.

www.president.tj