Зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Усмон Сангинмуродов оид ба иҷрои яке аз се ҳадафи стратегӣ-таъмини амнияти озуқаворӣ, ки дар Паёми Сарвари давлат таъкид гардидааст, андешаҳояшро чунин иброз намуд:
-Дар кишварамон созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза ёфта, дар роҳи расидан ба се ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ қадамҳои боэътимод гузошта шудаанд.
Иҷрои таъмини амнияти озуқаворӣ ба зиммаи кишоварзон вогузор гардидааст. Пеш аз ҳама, бояд донист, ки зери мафҳуми амнияти озуқаворӣ кадом маҳсулоти кишоварзӣ дар назар дошта шудааст. Одамӣ доимо ба даҳ анвои маводи хӯрока ниёзманд аст ва солимии инсоният ба ҳамин маводҳо вобастагӣ дорад. Дарозумрии башарият низ мақсаду мароми оламиён аст.
Беҳуда шоири номдори миллат Носири Хусрав нагуфтааст:
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,
Аз ӯ гаҳ заръ, гоҳе бӯстон аст.
Зери мафҳуми кишоварз аввал деҳқон, баъд аз он чорводор фаҳмида мешавад, зеро аз даҳ маводи озуқаворӣ истеҳсоли панҷтоаш ба деҳқон ва панҷтои дигараш ба чорводор рост меояд. Он панҷ маводи хӯрока, ки ба деҳқон рост меояд, аввал ғалладонагиҳост. Дуюм сабзавоту полезӣ, сеюм картошка, чорум меваҷот ва панҷум равғани растанист. Иҷрои нақшаи истеҳсоли ин панҷ маводи хӯрока дар миқёси вилоят қариб таъмин шудааст. Ҳатто истеҳсоли равғани растанӣ аз меъёр чор-панҷ маротиба афзудааст.
Он панҷ маводи хӯрока, ки истеҳсолаш ба чорводор рост меояд, аввал гӯшт, дуюм ширу маҳсулоти ширӣ, сеюм тухм, чорум асал ва панҷум моҳист. Таъмини иҷрои он дар миқёси вилоят, хусусан ширу гӯшт, мутаассифона, ба 50 фоизи меъёр рост намеояд. Асалу моҳӣ бошад, аз 200 грамм кам мебошад. Ҳол он ки мувофиқи талаботи сабади истеъмолӣ ба ҳар як шаҳрванд 5,5 килограмм асал ва 23 килограмм моҳӣ муқаррар шудааст.
Ҳаминро бояд зикр намуд, ки саршумори чорво ва паранда дар бахши хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ рӯ ба афзоиш аст. Дар ҳама бахшҳои хоҷагӣ чорводорони вилоят соли 2013-ум 90858 тонна гӯшт, 392395 тонна шир, 57300 ҳазор дона тухм, 840 тонна асал, 1345 тонна моҳӣ истеҳсол намудаанд. Нисбат ба соли 2012-ум истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва моҳӣ 109, асал бошад 119 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар вилоят 11 хоҷагии зотпарварии моли калон ва 14 хоҷагии зотпарварии моли майда фаъолият доранд. Дар миёни хоҷагиҳои зотпарварии моли калон чорводорони хоҷагии «Баракати Ёвон»-и ноҳияи Ёвон пешсаф мебошанд. Дар ин хоҷагӣ 918 сар чорвои зоти аълосифати шведӣ, аз ҷумла 423 сар модагов парвариш меёбад. Чорводорони хоҷагӣ аз ҳамин миқдор модагов соли гузашта 1151 тонна шир, яъне аз ҳар сар модагов 3811 килограммӣ, 326 сар гӯсола (аз ҳар 100 сар 72 сарӣ гӯсола) ба даст овардаанд. Тарзи дигар гӯем, нисбати соли 2012-ум истеҳсоли шир 216 тонна ва гирифтани гӯсола 74 сар афзудааст.
Тибқи дастури Паёми Сарвари давлат амал намуда, чорводорони хоҷагии «Баракати Ёвон» баҳри баланд бардоштани маҳсулнокӣ бордоркунии сунъиро ба роҳ мондаанд. Давоми соли 2013-ум аз 423 сар модагов 316 сари онро бо усули сунъӣ бордор карданд, ки ин дар ниҳояти кор ба афзоиши маҳсулнокӣ сабаб гардид. Мутахассисони хоҷагӣ нутфаҳои буққаи зоти шведӣ бо лақаби «Интер 0305» ва «Юлдон-435083»-ро истифода намуданд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ тарафи модариашон аз 10578 то 11320 килограмм шир додааст.
Дар Паёми соли гузашта аз минбари Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми мамлакат ироанамудаи Сарвари мамлакат, оид ба ин масъала чунин зикр гардидааст: «фаровонии бозори истеъмолии мамлакат, пеш аз ҳама, бо роҳи… «инкишофи соҳаи… зотпарварӣ бояд амалӣ гардонида шавад».
Андешаи ман оид ба ин масъала он аст, ки бордоркунии сунъӣ бо мақсади афзоиши гӯшту шир баробари чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин байни чорвои шахсии аҳолӣ низ самаранок ба роҳ монда шавад, зеро тавре рақамҳои оморӣ далолат мекунанд, 90,5 фоизи чорвои калон, 77,5 фоизи моли майда, 88 фоизи паранда ва 73 фоизи асп ба бахши аҳолӣ рост меояд. Аз ин рӯ, мо бояд талаботи замонро ба назар гирифта, пеш аз ҳама, моҳияти ба таври сунъӣ бордор кардани чорворо бо мақсади афзоиши маҳсулнокӣ ба аҳолӣ фаҳмонем. Тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ин усул боиси даромади иловагии ҳар як оилаи чорводор мегардад. Масалан, мо модагови дар хона бударо ба таври табиӣ, яъне ба воситаи буққаи маҳаллӣ бордор кунем, насли вай бо вазни 16-18 килограмм, ҳатто камтар аз ин тавлид мешавад. Агар ин кор таври сунъӣ сурат гирад, насли тавлидшуда вазни 40-45 килограммиро доро мегардад. Тарзи дигар, фарқ байни ин ду гӯсола аз ҷиҳати вазн 20-25 килограмм мебошад. Барои гирифтани 20-25 килограмм вазни гӯсолаи чорвои зоти маҳаллӣ мо бояд якуним — ду моҳ заҳмат кашем ва хӯрокаи миқдори зиёдро масраф созем.
Таҷрибаи чорводорони хоҷагии «Баракати Ёвон» собит месозад, ки ин усули нав аз ҳар ҷиҳат фоидаовар аст. Дар ин хоҷагӣ аз як модагови бо усули сунъӣ бордоршуда то 4800 килограммӣ шир дӯшидаанд. Модаговҳои маҳаллии дар хона парваришёфта дар соли 2013-ум ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 905 килограммӣ шир додаанд. Бинобар ҳамин, рушд додани соҳаи чорводорӣ ва таъмини фаровонии маҳсулоти чорво бе ривоҷ додани усули бордоркунии сунъӣ дар бахши чорвои хусусии аҳолӣ аз имкон берун аст. Дар ҳамин радиф таъмини пурраи барномаи амнияти озуқаворӣ бе ин усул душвор, балки ғайриимкон аст, зеро имрӯз 90,5 фоизи чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои аҳолӣ нигоҳубин мешавад. Ҳаминро низ бояд зикр кард, ки 94 фоизи гӯшт ва 96 фоизи шири истеҳсолшуда аз ҳисоби чорвои шахсии аҳолӣ мебошад. Пас, мо- мутахассисони соҳаро зарур аст, ки барои хушзоткунии чорвои шахсии аҳолӣ тамоми маҳорату дониш ва таҷрибаи дар арсаи ҷавонӣ андӯхташударо ба кор барем.
Барои ин чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама, ба аҳолӣ моҳияту фоидаи усули бордоркунии сунъии чорворо фаҳмонем. Мардум бояд донад, ки бе хушзот кардани чорвои хонагӣ маҳсулоти фаровони дилхоҳ ба даст овардан аз имкон дур аст. Барои ин ҳатман бояд бордоркунии сунъии чорвои аҳолӣ ба роҳ монда шавад. Сабаби бо ин усул бордор кардан дар чист? Пеш аз ҳама, ин боис мегардад, ки чорво аз ҳар гуна бемориҳои сироятии ҷинсӣ эмин монад. Дуюм, нутфаҳои дар дохили найчаи шишагибуда аз ҳама ташхисҳо гузаштааст ва солимии онҳо таъмин аст. Сеюм, говҳое, ки бо ин усул бордор шудаанд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳар кадоме давоми сол аз 8 то 12 ҳазор литр шир додаанд. Чорум, гӯсолаи бо ин усул гирифташуда на 16-18, балки то 40-45 килограмм вазн доранд. Агар як килограмм гӯшт 30 сомонӣ бошад, арзиши гӯсолаи таври табиӣ бордоршуда 480-540 сомониро ташкил медиҳад. Арзиши гӯсолаи бо усули сунъӣ тавлидшуда 1200-1350 сомониро ташкил медиҳад, яъне фарқ аз 720 то 810 сомонӣ аст. Агар арзиши нутфа 20 сомонӣ бошаду ҳаққи хизмати байтор 10 сомонӣ, пас мардум ҳамагӣ 30 сомонӣ сарф мекунанд. Таври дигар гӯем, барои 30 сомонӣ сарф накардан, онҳо аз 720 то 810 сомониро аз даст медиҳанд Ҳол он ки оянда модаговҳои аз ин гӯсолаҳо ба камолрасида рӯзе то 20 литр шир медиҳанд. Говҳои маҳаллӣ рӯзе ҳамагӣ 4-5 литр шир медиҳанду халос. Панҷум, гӯсолаҳои зотии бо роҳи сунъӣ бадастоварда ба ҳар гуна касалиҳо тобоваранд. Шашум, вазнафзункунии ин гӯсолаҳо нисбат ба гӯсолаҳои маҳаллӣ зиёдтар аст. Агар гӯсолаҳои маҳаллӣ дар як рӯз ҳамагӣ 10-20 грамм вазн гиранд, гӯсолаҳои зотӣ, ба шарте ки бо хӯрока таъмин бошанд, то 600-700 грамм вазн зиёд мекунанд. Ҳафтум, барои то 500-600 килограмм вазн гирифтани зоти маҳаллӣ 2,5- 3 сол лозим бошад, барои гӯсолаи модагови бо ин усул бордоршуда 18 моҳ басанда аст. Ҳаштум, сифати гӯшти гӯсолаи бо усули сунъӣ бадастомада беҳтару хубтар аст. Нуҳум, дар оянда низ аз он боз чорвои зотӣ ба даст меояд. Аз насли гӯсолаи маҳаллӣ бошад, чорвои маҳаллӣ тавлид мешавад. Даҳум, ҷавонаҳои тариқи сунъӣ бордоршуда оянда боз барои бордор кардани модаговҳо лозим меоянд. Аз ҷавонаҳои маҳаллӣ бордор кардани модаговҳо дар оянда фоидаовар нест.
Собиқ раиси вилоят дар қарорашон аз 15 апрели соли 2010 №1-256 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карда буданд, ки барои бунёди нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво дар ҳар як деҳаи калони деҳот ба миқдори то 0,05 гектар замин ҷудо намоянд ва чунин нуқтаҳоро таъсис диҳанд. Дар ин бора ҳамчунин аз 26 ноябри соли 2007 №335 оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007 №501 «Дар бораи тасдиқи барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» низ қарори раиси вилояти Хатлон қабул гардида буд. Вале то ҳол таъсиси нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ дар деҳаҳои калон амалӣ нагардидааст.
Дар Паёми Сарвари давлат, қатори дигар масъалаҳо, оид ба соҳаи зотпарварӣ низ сухан рафтааст. Аз ин рӯ, бояд роҳбарони шаҳраку деҳот ба ин масъалаи муҳим аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, зеро бе ҳалли ин масъала таъмини барномаи стратегии озуқаворӣ ғайриимкон аст. Алҳол дар вилоят танҳо 78 адад нуқтаи бордоркунии чорво мавҷуд ҳасту халос. Ин барои иҷрои талабот нокифоя аст. Бо мақсади ҳалли ин масъала мо тасмим гирифтем, ки курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани мутахассисони соҳаи бордоркунии сунъии чорворо ба роҳ монем. Ҳачунин ният дорем, ки дар литсеи шаҳри Сарбанд чунин курсҳоро ташкил намоем. Аз ин рӯ, тибқи талаботи имрӯза ҳар як раиси шаҳраку деҳот вазифадор аст, ки аз деҳаҳои калон ба ин гуна курсҳо ҷавононро фиристанд. Сипас,чунин нафарон аз дигар деҳаҳо низ соҳиби чунин ихтисос гарданд. Маблағгузории хизмати муаллимон ва таҳсили хонандагон бо Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират мувофиқа шудааст. Таълимдиҳандагони ихтисосманди ин гуна курсҳо аз ҳисоби Сарраёсати кишоварзӣ ва Раёсати назорати давлатии байтории вилоят таъмин карда мешаванд.
Ба андешаи банда, истифодаи ин гуна таҷриба на танҳо дар вилояти Хатлон, балки дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Давлат Султон, «Садои мардум»