Тоҷикистон ба ҳамзистии осоишта бо ҳамсояҳояш арҷ мегузорад ва пайваста кӯшиш менамояд, ки дилхоҳ мушкили байнидавлатӣ бо роҳи дипломатӣ ҳал шавад. Аммо ин ба ҳамсояҳо ҳақ намедиҳад, ки ба марзу буми аҷдодии мо дастдарозӣ кунанд. Хоса, ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии Қирғизистон. Ҳодисаҳое, ки охири моҳи апрел дар сарҳад бо Ҷумҳурии Қирғизистон рух доданд, ба ҳамсояҳои шарқии мо ҳушдор буд, ки Тоҷикистон ба ҳама гуна дастдарозӣ посухи сазовор дода метавонад. Низоъ ду рӯзи пурра ҳам давом накард, аммо доду войи қирғизҳо аз тариқи расонаҳояшон ҳанӯз ҳам идома дорад. Онҳо ҳатто рӯзноманигорони хориҷиро ба минтақаи низоъ оварда, кӯшиш доранд, ки худро бегуноҳ ва ҷабрдида нишон диҳанд, вале шояд ақлашон намегирад, ки дар асри XXI, агар таҳрифи воқеият осон бошад, исботаш ҳам душвор нест. Онҳо бо ҳазор баҳона, фитнаву дасиса ҳамзистии осоиштаи сокинони наздимарзиро халалдор карда, боз мехоҳанд ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор нишон диҳанд. Бо сиёсатшинос, собиқ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров оид ба масъалаҳои марзӣ, воқеияти хати марз, бо дарназардошти ҳуҷҷатҳои расмӣ, ҳудудҳои таърихии тоҷикон ва қирғизҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба он суҳбат кардем.
- Ҳангоми баррасии масъалаҳои марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷониби мансабдорони қирғиз харита ва ҳуҷҷатҳое, ки ба кишвари мо тааллуқ доштани заминҳои баҳсиро тасдиқ мекунанд, ба назар гирифта намешаванд. Назари шумо ба ин масъала чист?
- Агар ҳар ду тараф сулҳ мехоҳанд, бояд ба ягон санади расмӣ такя намоянд. Аслан он заминҳое, ки дар атрофи Воруханд, аз Тоҷикистон буданд. Ҳоло мо бо ҳамсояҳо баҳси таърихӣ намекунем, масалан, агар гӯем, ки пештар ин ҷо буданд ё набуданд?
Мо асосан ба ҳуҷҷатҳои давраи тақсимоти миллию давлатии солҳои 20-уми асри гузашта бояд такя намоем. Кӣ дар ин марзҳо он вақт зиндагӣ мекард ё намекард, аҳамият надорад. Агар масъаларо ин хел гузорем, ба зарари ҳамсояҳо тамом хоҳад шуд. Лекин мо принсип ва ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи давлатӣ дорем. Мо ба якдигар ҳама вақт он қадар боварӣ доштем, ки харитасозонамон дар асоси масштабҳои қабулшуда дар замони шӯравӣ дар харитаҳои мо ба Тоҷикистон пайваст будани Ворухро нишон намедоданд. Дар дигар масъалаҳо ҳам қирғизҳо иттифоқчии мо буданд. Якдигарро хеле эҳтиром мекардем, новобаста ба зиддиятҳои то замони шӯравӣ. Албатта, харитасозони мо чунин ранг гирифтани ҳодисаро намедонистанд. Ҳол он ки дар воқеият ҳама медонанд, ки Ворух бо тангии Ворух бо шаҳри Исфара пайваст аст ва ҳеҷ вақт аз Тоҷикистон ҷудо набуд.
- Вақтҳои охир баъзе аз мансабдорони қирғиз заминҳои аз қадим ба кишвари мо тааллуқдошта (аз ҷумла ноҳияҳои Мурғоб ва Лахш)-ро бепарда «заминҳои таърихӣ»-и худ ном мебаранд. Ҳақиқати таърих чӣ гуна аст?
- Ҳақиқати таърих он аст, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ чун «Ҳудуд — ул — олам» ва дигар китобҳо дарҷ шудааст. Мо онҳоро дигар карда наметавонем, қирғизҳо ҳам. Дар ин ҳолат, ба ҳамсояҳо ҳеҷ чиз ёрӣ расонида наметавонад. Чун асосноккунии илмию таърихӣ ҳеҷ гоҳ ба фоидаи онҳо нахоҳад шуд. Дар вақташ то Ҳафтрӯд таъсири давлатҳои Осиёи Марказӣ эҳсос мешуд ва ин ном дар сарчашмаҳои қадимаи таърихӣ омадааст. Зеро онҳо мардумеанд, ки хеле баъд ба водии Фарғона омадаанд. Новобаста ба таърихи қадим доштанашон ба сарзамини Осиёи Миёна даъво карда наметавонанд. Дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой шояд заминҳои таърихӣ дошта бошанд, вале инро ҳам исбот карда тавонистанашон даркор мешавад. Беҳтараш бо ҳуҷҷатҳои мавҷудаи аввали асри ХХ, ки бо Федератсияи Россия дар вақташ мувофиқа гардидаанд, розӣ шаванд.
- Тоҷикон қадимтарин мардуми бумии Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки аввалин давлатҳоро ташкил кардаанд. Ҳудудҳои таърихии қисмати шарқии тоҷикон кадом минтақаҳоро дар бар мегирифт? Хусусан, кадом минтақаи ҳудуди ҳозираи Қирғизистонро?
- Албатта, мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ қирғизҳо аз лаби дарёи Енисей ва кӯҳҳои Олой ва марзҳои Синсзян (Уйғуристон) ба ин тарафҳо омадаанд. Яъне, решаҳои таърихӣ дар Осиёи Марказӣ доранд, вале дар Осиёи Миёна не. Зеро ҳатто Қазоқистон ҳам дар Осиёи Миёна набудааст ва ҳама вақт ҷудо гуфта мешудааст: Осиёи Миёна ва Қазоқистон. Аз ин сабаб баҳси таърихӣ ба фоидаи халқҳои кӯчманчӣ ҳал нахоҳад шуд. Беҳтараш ба тақдир тан диҳему бе ҷангу ҷанҷол зиндагӣ кунем. Ғами онҳоеро ҳам хӯрем, ки дар натиҷаи омезиши халқҳоямон таваллуд шуда, дӯстии халқҳоро таъмин мекунанд.
- Оё дар таърих ҳодисае мавҷуд аст, ки қирғизҳо ба ҳамаи минтақаи мо ҳукмронӣ карда бошанд? Мисле, ки давлати Сомониён буд…
- Не, чунин набудааст. Аз ҳамин сарҳадҳои ҳозира баъзе аз қабилаҳо ба таври пароканда дар Помир, Бадахшони Афғонистон, вилояти Хатлони ҳозира зиндагӣ доштанд ва доранд, ки ҳеҷ гоҳ бо тоҷикон ягон низоъ надоштаанд ва надоранд.
- Назари шумо ба суханпардозиҳои бемасъулиятона ва ноогоҳонаи мансабдорони қирғиз чист?
- Ҳамчун мансабдори собиқи давлатӣ наметавонам мансабдорони қирғизро таҳқир намоям ё ягон гапи пасту баланд гӯям. Ин корро худи мардуми қирғиз аз ман беҳтар кардаанд. Ҳатто В. В. Жириновский ҳам чанд чизи сахте гуфтааст. Аз тариқи шабакаи «Ютуб» низ нигоштаву наворҳои зиёде дар бораи беасос будани даъвои гурӯҳҳои махсуси криминалии онҳо интишор шудаанд. Мардуми қирғиз чӣ дар Мурғобу Лахш ва вилояти Суғд ба ҳамкорӣ ва ҳамзистӣ бо тоҷикон зарурати бештар доранд. Ҳар маҳдудияте, ки онҳо ҷорӣ кунанд, бар зарари худи онҳо хоҳад буд. Ҷанг ба ҳеҷ тарафе фоида нахоҳад овард. Дар мисоли Афғонистон, Ироқ, Исроилу Фаластин мо инро дида истодаем. Магар мо метавонем кишварҳоямонро ба чунин ҳоли бад расонем? Албатта, не. Роҳбарияти ҷумҳурии ҳамсояи мо инро хуб мефаҳманд. Чанд изҳороте, ки Президенти он кишвар дод, гувоҳи ин аст.
Мо дар телевизиону радиои давлатӣ ҳеҷ вақт ҳамсояҳоро таҳқир накардаем, чунон ки онҳо карданд. Бояд донем, ки дар натиҷаи тез-тез иваз кардани роҳбарон давлаташонро бенизом ва беназорат кардаанд, ки бар зарари мардумашон аст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»