«Рӯҳи Шанхай» чӣ гуна рӯҳ аст? Ин ифода ё истилоҳ аз куҷо пайдо гардида, чаро аксар иқдом ва чорабиниҳои Созмони ҳамкории Шанхайро ба «Рӯҳи Шанхай» алоқаманд менамоянд?
Аввалан, бояд бигӯем, ки пайдошавии ифода ё истилоҳи «Рӯҳи Шанхай» ба таҷрибаи беназири ҳамкориҳои стратегии байни кишварҳои Россия ва Хитой дар сатҳи баланд марбут дониста шуда, ҳамкории ҳар ду мамлакат ҳамчун «муҳаррики дугона» барои рушди СҲШ арзёбӣ мегардад.
Дар ҳақиқат, таърихи истилоҳи «Рӯҳи Шанхай» бо фаъолияти созмони байналмилалии «Панҷгонаи Шанхай» робитаи бевосита дорад. Соли 1996 панҷ кишвар — Хитой, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон вохӯрие доир намуданд, ки дар он Созишнома дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ба имзо расид. Маҳз ҳамин санад кишварҳоро ба ҳам наздик сохта, ба механизми гузаронидани ҷаласаву машваратҳои «Панҷгонаи Шанхай» табдил ёфт. Соли 2001, пас аз ба «Панҷгонаи Шанхай» пайвастани Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ташкилот Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ном гирифт.
Аз рӯзи таъсисаш СҲШ ҳамеша ба асоси нави назариявии муносибатҳои байналмилалӣ — «Рӯҳи Шанхай» такя менамояд, ки ҷавҳари онро эътимод ба ҳамдигар, манфиатҳои баробар, баробарҳуқуқӣ, кӯшиши ҳалли масоил бо роҳи машварат, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни гуногун ва ҳаракат ҷониби рушду тараққиёт ташкил медиҳад.
Дар ин замина барои кишварҳои аъзои созмон ҷиҳати рушди якҷоя ва ҳалли ҳама гуна масоили мураккаб дар муносибатҳои байнидавлатӣ имконият ва роҳи мувофиқ пайдо гардид.
Ҳамчун омили ташаккул ва рушди СҲШ «Рӯҳи Шанхай» ба ҳайси сарчашмаи неру ва дастоварди арзишманд хизмат менамояд. Консенсус, яъне розигии ҳамаи тарафҳо дар ҳалли масоил асоси ҳамкориҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ташкил медиҳад. Ҷонибҳо дар ҳалли масъалаҳо ба мувофиқа намерасанд, агар яке аз давлатҳои хурдтарини аъзои созмон низ ба роҳи ҳалли пешниҳодшудаи масъалаҳо муқобил овоз диҳад. Принсипҳои баробарӣ ва манфиатҳои баробар асоси «Рӯҳи Шанхай»-ро ташкил медиҳанд.
«Рӯҳи Шанхай» роҳи ҳалли хирадмандонаи идораи минтақавӣ ва глобалиро дар назар дорад. Айни замон ҷаҳон дигаргуниҳои бузургтарини садсоларо аз сар мегузаронад. Пандемия идома дорад, хатарҳои анъанавию ғайрианъанавӣ ба минтақа ва ҷаҳон таҳдид мекунанд, унилатерализм ва популизм сар мебардоранд. Дар пасманзари ин ҳолатҳо «Рӯҳи Шанхай» ҳамчун намуна барои таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии минтақавӣ ва ҷаҳон дар даврони навин баромад менамояд. «Рӯҳи Шанхай» ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар ва якҷоя ба пеш ҳаракат кардан аст.
Соли равон СҲШ 20-солагии таъсисёбиро таҷлил менамояд. Таҷриба нишон медиҳад, ки таҳти роҳбарии принсипҳои «Рӯҳи Шанхай» СҲШ ба табодули таҷриба ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар байни давлатҳои аъзо мусоидат намуда, ба таҳкурсии муътамаде ҷиҳати ҳамоҳангсозии минтақавӣ ва идора табдил ёфтааст. Новобаста ба мураккаб будани масоили байналмилаливу минтақавӣ, ки пешорӯи СҲШ қарор доранд, созмон ба принсипҳои «Рӯҳи Шанхай» ҳамчун принсипҳои асосӣ дар фаъолияти худ такя менамояд ва барои он ки ин таҷрибаи беназир неруи бештари ҳаётиро касб намояд, фазову муҳити нави мусоиди ҳамкориҳои минтақавиро ба вуҷуд меорад.
«Рӯҳи Шанхай» таҷрибаи беназир ва дастоварди бузургест, ки дар раванди ҳамгироии давлатҳои аъзои СҲШ ба даст омадааст. Ҷиҳати пайдо намудани моделҳои нави ҳамкориҳо он аҳамияти бузургро соҳиб аст. Моҳияти «Рӯҳи Шанхай» муколама барои таъмини сулҳ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо ҷиҳати рушди минбаъда, напайвастан ба блокҳои ҳарбӣ, зиддият надоштан ба кишварҳои сеюм, боз будан ба дунёи атроф, даст кашидан аз ҷанги сард ва ҷавобгӯ будан ба талаботи замон аст.
Тӯли мавҷудияташ Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамкориро тибқи принсипҳои «Рӯҳи Шанхай» ба роҳ монда, ба беҳтару фаъолтар гардидани муносибатҳои ҳамсоягӣ ва ҳамгиройӣ дар байни давлатҳои гуногун, дастгирии фаъолият дар раванди рушду шукуфоии муштарак, нигоҳ доштани сулҳу суботи минтақавӣ ва таъмин намудани рушди бобарори фарҳангҳои гуногун мусоидат менамояд.
Дар самти авлавиятноки муносибатҳои СҲШ – соҳаи амният низ ҳамкориҳо самаранок идома доранд. Давлатҳои аъзо ба Конвенсия оид ба мубориза бар зидди терроризм ва санадҳои дигар имзо гузоштанд, дар таъмини амнияти стратегии иттилоотии байналмилалӣ ва мудофиаи миллӣ, ба роҳ мондани мубориза бо маводи мухаддир иштирок намуда, ба таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунанд.
Илова бар ин, давлатҳои аъзо санади калидӣ — «Барномаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоратӣ-иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ»-ро имзо намуда, самтҳои авлавиятдоштаи ҳамкориҳои иқтисодиро дар доираи созмон муайян намуданд. Ба шарофати ташаббуси «Камарбанд ва роҳ», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷин Пин соли 2003 пешниҳод гардида буд, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба марҳилаи нав ворид гаштанд. Амалӣ намудани қисми асосии лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои инфрасохтор, нақлиёт, энергетика ва телекоммуникатсия оғоз гардид.
Дар баробари масоили амният ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ СҲШ ба масоили муносибатҳои фарҳангӣ — башарӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар давраи мавҷудияти созмон дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, тиб, илм ва техника, варзиш ва сайёҳӣ ҳамкориҳо зичтар гардида, дар ин бобат чандин санад ба имзо расид, ки барои рушди минбаъдаи созмон заминаи иҷтимоӣ ба вуҷуд овардааст.
«Рӯҳи Шанхай» ба он мусоидат намуд, ки СҲШ бо роҳи босуръату самаранок ва амаливу солими рушд ба пеш ҳаракат карда, аллакай натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардидааст ва мақоми байналмилалии созмон, нуфузу таъсири он дар ҳалли масоили гуногун рӯзафзун боло меравад. СҲШ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои гуногуни нав ба нав эътироф ва дастгирӣ меёбад. Қобили зикр аст, ки «Рӯҳи Шанхай» баҳои баланди олимон ва сиёсатмадоронро сазовор гардидааст.
Зимни саммити СҲШ соли 2017 дар шаҳри Остона (Нурсултон) давлатҳои Покистон ва Ҳиндустон низ расман аъзои созмон гаштанд. Президенти Покистон Мамнун Ҳусейн дар муҳоварааш ба ВАО-и Хитой изҳор намуд, ки бо «Рӯҳи Шанхай» Созмони ҳамкории Шанхай намунаи нави ҳамкориҳои байналмилалӣ гардида, барои давлатҳои аъзо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун шароит ба вуҷуд меорад. «Он метавонад ба Покистон ҳамчун давлати нави аъзо барои муайян намудани консепсияҳои рушд, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо кишварҳои дигари СҲШ ёрӣ расонад», — зикр кард ӯ. Маҳз ҳамин ҳолат созмонро, ки «Рӯҳи Шанхай» роҳнамост, ҷолиб мегардонад.
Тавре собиқ муншии умумии СҲШ, ҳамдиёрамон Рашид Олимов изҳор менамояд, СҲШ дар муддати кӯтоҳ ба неруи бузурге табдил ёфтааст, ки мамлакатҳои АвруОсиёро муттаҳид месозад ва аксари дастовардҳои он аз бисёр ҷиҳат бо «Рӯҳи Шанхай» алоқаманданд. Р. Олимов чунин мешуморад, ки дар оянда на танҳо сатҳи ҳамкориҳо дар доираи СҲШ баланд бардошта мешавад, балки саҳми он дар таъмини амният ва сулҳу субот дар минтақа пурзӯр гардида, СҲШ дар пешбурди иқтисодиёти ҷаҳон ва ҳалли масоили глобалӣ низ таъсири бештар хоҳад дошт.
Ба қавли муовини вазири корҳои хориҷии Россия Игор Моргулов, «омили калидӣ дар пешравии бонизоми СҲШ омода будани давлатҳои аъзо ба ташкили фаъолияти он дар асоси боварӣ ба ҳамдигар, баробарӣ, машварат, ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар, эҳтироми гуногунии тамаддун ва фарҳангҳост, ки «Рӯҳи Шанхай» номида мешавад».
Президенти Институти миллии тадқиқотҳои амнияти глобалии Федератсияи Россия Анатолий Смирнов мегӯяд, ки «таърихи СҲШ таърихи муваффақият дар ченакҳои минтақавию глобалист. Дар шароити нооромиҳои геосиёсӣ СҲШ ҳамчун яке аз субъектҳои бонуфузи системаи муосири муносибатҳои байналмилалӣ устувор гардид» ва илова менамояд, ки «сирри муваффақияти СҲШ аз бисёр ҷиҳат ба «Рӯҳи Шанхай» вобастагӣ дорад».
«Имрӯз мустаҳкам кардани «Рӯҳи Шанхай» — таҷрибаи нодири ҳамкории бисёрҷониба, ки арзиши умумии ҳамаи мост ва азмамонро барои инкишофи якҷоя, эҳтиром ба гуногунии маданиятҳо таҷассум менамояд, аз ҳарвақта муҳим аст»,- иброз намуд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, моҳи ноябри соли 2020 дар вохӯрии сарони давлатҳои узви СҲШ — «Созмон танҳо вақте неруманд аст, ки агар ҳар яки мо пурқудрат бошем. Барои ин дастгирии ҳамдигар, ҷустуҷӯи якҷояи муросо дар масъалаҳои калидии мавзӯъҳои рӯзмарраамон муҳим мебошад».
Ба роҳи тайнамудаи СҲШ назар афканда, мушоҳида намудан мумкин аст, ки маҳз «Рӯҳи Шанхай» давлатҳои тамаддуну фарҳангашон гуногунро ба ҳам наздик намуда, дар байни онҳо шавқи ҳамкориҳоро ба вуҷуд овардааст ва воситае гардидааст, ки давлатҳои аъзои созмон дар роҳи бунёди муштараки хонаи ягона муттаҳид гарданд, ки ҷавобгӯи ҳадафҳо ва манфиатҳои кишварҳои аъзои созмон аст. Чунин неру ҳатман созанда хоҳад буд ва рушд меёбад.
Таҳияи Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»