Паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамое дар ҷодаи эъмори ҷомеаи навини пешрафта буда, бо таҳлили муфассал роҳу воситаи таконбахши пешравиҳо ва ба дастовардҳои нав ба нав ноил гаштанро манзур менамояд. Паём хитоби самимона ва пайғоми пурифтихори Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан мебошад.
Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ — сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ пешниҳод гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ба сатҳи рушди соҳа вобастагӣ дорад.
Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон таъкид намуданд: «Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё кунем». Зимнан, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур баҳри расидан ба ҳадафи ниҳоӣ — таъмини сатҳу сифати донишгоҳ қадамҳои устувор гузошт. Ба масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифати ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ҷавобгӯ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешавад. Дар соли 2020 аҳли донишгоҳ неруи зеҳнӣ ва малакаи касбиашонро ҷиҳати иҷрои барномаҳои рушди соҳа ва баҳри васеъ ҷорӣ намудани дастовардҳои илм ва технологияҳои инноватсионӣ равона намуда, ба як қатор дастовардҳои назарраси таълимию услубӣ, илмӣ ва фарҳангию тарбиявӣ ноил гардид.
Барои мо он чиз арзишманд аст, ки хатмкардаҳои донишгоҳ дар бозори меҳнат харидор доранд. Масалан, соли гузашта донишгоҳро 1644 нафар хатм карданд. Дар асоси маълумоти бадастомада ва эҳтиёҷоти кадрӣ аз миқдори умумии хатмкунандагони ба тақсимот воридгардида 52 нафар барандаи квотаи президентӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, 56 нафар хатмкунандаи гурӯҳҳои буҷавӣ барои давом додани таҳсил дар бахши магистратура, 561 нафар дар асоси дастури Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарраёсату раёсат, шуъбаву бахши кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои фаъолият сафарбар карда шуданд.
Чунон ки дар Паёми Сарвари давлат омадааст: «Дар ҷараёни ислоҳот як масъаларо ба эътибор бояд гирифт, ки имрӯз дар Тоҷикистон зарурат ва талабот барои ҷорӣ намудани омӯзиши садҳо ихтисоси дигар вуҷуд дорад». Дар ин асос имкониятҳои пойгоҳиро баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои неку созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намудаем. Соли таҳсили 2021-2022 бо дарназардошти иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва талаботи замон ба 5 ихтисоси нав (дендрология, кадастри замин, агротуризм, логистика, омори кишоварзӣ) довталабон қабул карда мешаванд ва тибқи он барои пешбурди фаъолият аз рӯйи 51 ихтисос иҷозат дода шудааст. Инчунин, ҳуҷҷатҳои лозимаи шаш ихтисоси донишгоҳ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштан омодаанд.
Дар асоси супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёмашон иброз намуданд, аҳли донишгоҳ бо истифода аз иқтидори зеҳнӣ раванди ихтироъкорӣ, азбаркунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳоро дар истеҳсолот вусъат бахшида, баҳри баланд бардоштани қобилияти рақобати илми ватанӣ корҳои тадқиқотиву технологиро ривоҷ медиҳанд. Пойгоҳи моддию техникӣ, илмию услубии донишгоҳ имконият медиҳад, ки корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ аз тарафи олимони донишгоҳ дар сатҳи зарурӣ тарҳрезӣ шаванд. Мазмуну мундариҷаи корҳои илмию тадқиқотии олимони донишгоҳ маҳз аз талаботи истеҳсолоту вазифаҳое, ки аз ҷониби Роҳбари давлат дар Паёмашон гузошта шуданд, бармеоянд. Таҳқиқотҳои олимони донишгоҳ бештар ба ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаҳо нигаронида шуда ба таҳким бахшидани ниёзҳо, манфиатҳои миллию давлатӣ ва рушди иқтисодиёти муосири Тоҷикистон равона гардидааст. Ба корҳои илмӣ — тадқиқотӣ 135 нафар магистр, 26 нафар аспирантону унвонҷӯ, 52 нафар докторант (PhD) — аз рӯйи ихтисос фарогиранд.
Ҳамчунин, дар Паём аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардид, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳар сол озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардад. Албатта, ҳадаф аз ин озмун дар он аст, ки ба илмҳои дақиқ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад, зеро ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъи ҷаҳонишавиро аз сар мегузаронаду бе омӯзиши илмҳои дақиқ вориди он шудан ғайриимкон аст. Дар робита ба ин дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур барои баланд бардоштани фарҳанги техникии ҷавонон бюрои конструкторию технологӣ, маркази дарёфти рушди истеъдодҳо, курсҳои кӯтоҳмуддати инноватсионӣ, озмунҳои илмии ихтироъкорон барои дарёфти грантҳои хурд роҳандозӣ гардидаанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон иброз намуданд, ки дар раванди таълим омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, мутобиқ гардондани барномаю нақшаҳои таълимӣ барои гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот замина фароҳам меорад. Вобаста ба ҷорӣ намудани воситаҳои технологии муосир ва шаклҳои инноватсионии идоракунии раванди таълим ва боз ҳам ривоҷ бахшидани ҳамкориҳои тарафайн бо муассисаҳои таълимию илмии кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати тайёр намудани мутахассисону кадрҳои илмӣ — омӯзгорӣ ва ғайра раёсати донишгоҳ тадбирҳои судманд ва саривақтӣ меандешад.
Донишгоҳ алҳол бо 137 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи дуру наздики 24 давлати дунё ва 19 барномаи ташкилотҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад, ки олимони ҷавон аз ин ҳамкориҳо самаранок истифода мебаранд ва тавассути таҷрибаивазкунӣ сатҳи донишро боло бурда, дар тадқиқоти илмиашон аз тарзу услуби муосири илмӣ истифода менамоянд.
Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба назар гирифта, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо бовар доранд. Вобаста ба ин дар Паёмашон, аз ҷумла таъкид карданд: «Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад». Ин баҳои баланди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд асоси кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯза бошаду онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо бояд баҳри ҳифзи Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватанро тира созанд. Воситаи беҳтарини мубориза бо тундгароиву ҷаҳолат ва бесаводиву таассуб талқини маърифати солими диниву дунявӣ ва омӯзиши илму дониши замонавӣ мебошад.
Сарвари давлат, ҳамчунин, иброз доштанд, ки миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. «Таърихи 5500 – солаи Саразм, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътирофу тасдиқ шудааст, далели раднопазир ва бебаҳси қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад». Бале, маҳз сиёсати хирадмандонаю дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гаштааст, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ пайваста зинда карда шаванд.
Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки стипендияи онҳо аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад. Ин ғамхории навбатии Сарвари давлат дар ҳаққи донишомӯзон мебошад. Инчунин, нисбат ба маъюбон ғамхории инсондӯстона намуда, нафақаи онҳоро ба андозаи 20 фоиз баланд бардоштанд. Дар пайравӣ ба ин ибтикороти навини Президенти мамлакат раёсати донишгоҳ баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шахсони ятиму маъюб, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо чораҳои заруриро андешида, вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳоро беҳтар менамояд.
Мо ҳамчун муассисаи такягоҳи кишоварзӣ фаъолият карда, ҷиҳати амалигардонии барномаҳо, стратегияҳо ва дигар санадҳои меъёрии соҳаи маориф ва кишоварзӣ кӯшишу ғайрат ва донишу малакаро ба он равона месозем, ки дар иҷрои супоришҳои Пешвои миллат ба хотири ҳаёти осоишта саҳми босазо гузорем. Баҳри расидан ба ин ҳадафҳо ҷавонону донишҷӯёнро дар рӯҳияи баланди худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ тарбия менамоем.
Соли 2021 барои аҳли кормандони донишгоҳ соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии Истиқлолияти давлатӣ ва навадсолагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ин санаҳои таърихӣ аҳли кормандони донишгоҳ якдилона кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Усмон МАҲМАДЁРЗОДА,
ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, профессор