25 майи соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод дар кори ҷаласаи сайёри ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои дифоъ ва амнияти парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар рӯзномаи ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба мудофиа Владимир Шаманов баргузор шуд, вазъи ҳарбӣ — сиёсӣ дар минтақаи Аврупои Шарқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён нахуст ҳисоботи муовини Дабири кулли СААД Валерий Семериковро шуниданд. Ӯ ба вазъи умумии ҳарбӣ — сиёсӣ дар минтақаи масъулияти СААД ва атрофи он баҳо дода, аз ҷумла, чунин гуфт: «Мавқеи геостратегии Осиёи Марказӣ бо захираҳои карбогидридҳо, маъданҳои фоиданок ва коммуникатсияи нақлиётӣ онро ба минтақаи рақобати қутбҳои ҷаҳонии қудрат барои таъмини нуфуз табдил додааст. Мавҷудияти чунин мушкилот, ба монанди норасоии захираҳои об, марзҳои номуайян, чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз минтақаҳои низоъ дар Афғонистон ва Шарқи Наздик сар мезананд, осебпазирии давлатҳои Осиёи Марказиро аз таъсири манфии беруна шадидтар мекунад».
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод зимни баромад дар бораи пешрафти татбиқи афзалияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсати СААД (соли 2021) сухан гуфт.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон