Соли равон дар вилояти Суғд ба кирмакпарварон 9 ҳазору 180 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд. Дар ин бора намояндаи ҶСК «Пиллаи тоҷик» дар вилояти Суғд Парвиз Бекматов иттилоъ дод.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта ин соҳа дар вилоят ба нокомӣ дучор гардид. Бино ба гуфти Парвиз Бекматов, дар миқёси вилоят аз ҳама зиёд сокинони ноҳияи ба номи Б. Ғафуров ба ин шуғл рӯ овардаанд. Ба ин ноҳия 2 ҳазору 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд. Дар ҷойи дуюм ноҳияи Спитамен қарор дорад, ки кирмакпарварони ноҳия парвариши 1300 қуттӣ кирмакро ба уҳда гирифтаанд.
- 1300 қуттиро ба кирмакпарварони шаш деҳоти ноҳия тақсим кардем, — гуфт сардори ҶСК «Пиллаи Спитамен» Усмонҷон Калонов.
Бино ба гуфти ӯ, кирмакпарварони ноҳия уҳдадор шудаанд, ки 45 тоннаю 550 кило пиллаи хушсифат истеҳсол намоянд. Дар миқёси вилоят бошад, тасмим гирифтаанд, ки ҳосилнокии ҳар қуттӣ кирмакро ба 30 кило расонида, дар маҷмӯъ, 298 тонна пиллаи хушсифат ба даст оваранд.
Дар вилояти Суғд чун анъана аввалин шуда, сокинони шаҳри Конибодом ба қабули пилла оғоз карданд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум».