Минбаъд муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм пурзӯр мегардад
Бисту шашуми майи соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС:-Муҳтарам вакилон!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 54 вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ёқубзода Мирҳаёт Миробид ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд!
Ба рӯзномаи ҷаласа 5 масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.
Хоҳиш мекунам, нисбат ба рӯзномаи ҷаласа мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»
5. Дар бораи додани ризоят ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №527 «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Зайнудин Сафарзода дода мешавад. Марҳамат.
Зайнудин САФАРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаббой, Файзов Ёдгор, Ҳакимзода Қурбон, Раҳмон Дилшод ва Раҳимӣ Фарҳод таҳия ва пешниҳод шудааст. Мақсади таҳияи он татбиқи роҳнамоӣ ва нишондоду муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ҷиҳати такмили фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва мутобиқгардонии қонуни конститутсионии зикргардида ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар алоқамандӣ бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатӣ» ва бо ин васила, бартараф сохтани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта мебошад.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2020 таҳти № 309 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.
Баҳри такмили он 60 пешниҳод ворид гардида, дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз онҳо 37 пешниҳод қабул, 7 — қисман қабул ва 16 пешниҳод қабул нашуд.
Ҳамчунин, дар рафти баррасии лоиҳаи қонуни конститутсионии зикршуда ҳамаи таклиф ва пешниҳодҳои муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло баҳри такмили лоиҳа пурра қабул карда шуданд.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба талаботи боби 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он маблағи иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзуллозода Зафар Хайрулло дода мешавад. Марҳамат.
Зафар ФАЙЗУЛЛОЗОДА:
-Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаббой, Файзов Ёдгор, Ҳакимзода Қурбон, Раҳмон Дилшод ва Раҳимӣ Фарҳод таҳия шудааст.
Он бо мақсади татбиқи дастур ва нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ҷиҳати такмили қонуни конститутсионӣ бо меъёрҳои нав ва ба ин васила, таҳти танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои вобаста ба салоҳият, масъулият ва вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, инчунин зарурати истифодаи мафҳум ва истилоҳу ибораҳои якхелаи ҳуқуқӣ бо дарназардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, мусоидат намудан барои риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонуни конститутсионии зикршуда ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта таҳия ва пешниҳод шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни конститутсиониро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ карданд.
Ҳамчунин, ҷиҳати такмили он, дар маҷмӯъ, 47 пешниҳод манзур гардида, аз онҳо 32 пешниҳод қабул, 5 — қисман қабул ва 10 пешниҳоди дигар қабул нашуд.
Дар ҷаласаи васеи Кумитаи масъул 18 майи соли ҷорӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои ироашуда баррасӣ гардида, лоиҳаи қонуни конститутсионӣ такмил дода шуд.
Он расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гузашта, мазмунан ва шаклан такмил ёфт.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии пешниҳодгардида ба боби сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» шурӯъ менамоем.
Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад дода мешавад. Марҳамат.
Ғайрат АЗИЗЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, Мусо Мирзозода ва Бурҳониддин Ҷабборӣ таҳия шудааст.
Он бо мақсади татбиқи дастур ва нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 бармеоянд, бо дарназардошти мутобиқгардонии қонуни конститутсионии зикргардида ба талаботи дигар қонунҳо, инчунин, бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта ва зарурати такмили ҳуқуқии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар ҷаласаи васеъ 18 майи соли 2021 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни конститутсиониро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.
Ҳамчунин, барои такмили лоиҳаи баррасишаванда ҳамагӣ 36 пешниҳод ирсол гардида, аз он 29 пешниҳод қабул, 1- қисман қабул ва 6 пешниҳод қабул нагардид.
Мутобиқи пешниҳодҳои ирсолгардида, ба моддаҳои 10, 14 ва 31 тағйиру иловаҳо ворид, моддаи 6 дар таҳрири нав пешниҳод карда шуд.
Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гузашта, мазмунан ва шаклан такмил дода шуд.
Он ба бобҳои шашум ва ҳафтуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб надорад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» мегузарем. Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.
Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:
- Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» пешниҳод мегардад.
Мақсад аз таҳияи он мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ба талабот ва тавсияҳои 11, 26, 27, 28 ва 35 Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (FATF), инчунин, татбиқи Нақшаи амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки 4 апрели соли 2019 тасдиқ гардидааст, ба ҳисоб меравад.
Мутобиқ ба қисми 1 моддаи 1 лоиҳаи қонун ба мақоми давлатии танзимкунандаи фаъолияти аудиторӣ ваколати гузаронидани санҷиши фаъолияти ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ оид ба риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, бо дарназардошти усули ба хавф нигаронидашуда, пешбинӣ гардида, ҳамчунин, муайян намудани тартиби гузаронидани санҷиши мазкур ба зиммаи Вазорати молия дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон вогузор шудааст.
Дар асоси қисми 2 лоиҳа нисбат ба шахсоне, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ доранд ва ё барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шудаанд ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин озод гардидаанд, маҳдудият вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ, ҳамчун роҳбар ва ё узви шӯрои директорон (шӯрои нозирон), мақоми иҷроия, муассис ва ё молик — бенефитсиари ташкилоти аудиторӣ будан, ҷорӣ карда шудааст.
Ҳамчунин, тибқи қисми 3 лоиҳа, ҷиҳати мутобиқгардонии истилоҳоти дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» муқарраршуда, ба моддаҳои 10, 12 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» тағйироти таҳрирӣ ворид карда шуд.
Илова ба ин, дар асоси тавсияи FATF оид ба нигоҳдории маълумотҳо ва ҳуҷҷатҳо ва иҷрои банди 9 Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус ба моддаи 24 қисми 8 қонуни мазкур муқаррарот оид ба нигоҳ доштани хулосаи аудиторӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба он ба муҳлати на камтар аз панҷ сол пешбинӣ карда шуд.
Қабули лоиҳаи қонуни зикршуда ба тақвияти низоми қонунигардонии (расмикунонии) ҷумҳурӣ дар самти матраҳшаванда мусоидат хоҳад кард.
Бо таваҷҷуҳ ба нуктаҳои қайдгардида, аз шумо — вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад. Марҳамат.
Гулбаҳор НАЗИРӢ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Қабули лоиҳаи қонун, пеш аз ҳама, барои тақвият бахшидани низоми ватанӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом таҳия шудааст.
Ба қисми 1 лоиҳа, ба моддаи 5 сархатҳои дувоздаҳум ва сенздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шуданд:
«- санҷиши фаъолияти ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродиро оид ба риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо дарназардошти усули ба хавф нигаронидашуда мегузаронад.
Ҳамчунин, ба қисми 2 лоиҳаи мазкур, ба қисми 6 моддаи 9 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова гардид:
«Шахсоне, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ доранд ва ё барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шудаанд ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин озод гардидаанд, наметавонанд ба фаъолияти аудиторӣ машғул шаванд, роҳбар ва ё узви шӯрои директорон (шӯрои нозирон), мақоми иҷроия, муассис ва ё молик-бенефитсиари ташкилоти аудиторӣ бошанд.».
Инчунин, ба қисми 4 лоиҳа, ба моддаи 24 қисми 8 бо мазмуни зерин илова карда шуд:
«8. Хулосаи аудиторӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба он ба муҳлати на камтар аз панҷ сол пас аз пешниҳод намудани он нигоҳ дошта мешаванд.».
Лоиҳаи қонунро кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ ва барои такмили он 8 адад пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 4 пешниҳод қабул, 2 — қисман қабул ва 2 — тояш қабул нагардид.
Ин тағйирот имкон медиҳад, ки дар ҳолати аз ҷониби ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ вайрон намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти фаъолияти аудиторӣ чораҳои таъсиррасонӣ андешида шавад.
Лоиҳаи қонун ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи додани ризоят ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №527 «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.
Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2021, №183 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №527» пешниҳод мегардад.
Мақсад аз қабули қарор танзими уҳдадориҳои молиявии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСК «Агроинвестбонк», ки дар заминаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №527» ташаккул ёфтаанд, ба ҳисоб меравад.
Тавассути тағйироти пешбинишуда заминаҳои ҳуқуқӣ барои баргардонидани саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бонкҳои зикршуда ва барқарор намудани маблағҳои буҷетӣ, инчунин, таъмини уҳдадориҳои молиявии Вазорати молия дар назди Бонки миллӣ аз рӯи коғазҳои қиматноки давлатӣ, фароҳам мегардад.
Амалияи муқаррароти пешбинишуда тавассути ба тавозуни давлат қабул кардани дороиҳо ва молу мулки ҷамъиятҳои саҳомии «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» ва фурӯши онҳо анҷом дода мешавад.
Бо ин мақсад ба бандҳои 31, 32, 33, 34, 35 ва 36 тағйироти дахлдор ворид карда мешавад, ки муҳтавои он дар матни қарори баррасишаванда дарҷ шудааст.
Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №527 бо мақсади сармоякунонии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» (2,25 млрд. сомонӣ) ва ҶСК «Агроинвестбонк» (1,07 млрд. сомонӣ) ба маблағи умумии 3,3 млрд. сомонӣ коғазҳои қиматноки давлатӣ ба муомилот бароварда шудааст.
Ҳамчунин, дар асоси қарори зикршуда бо мақсади таъмини уҳдадориҳо аз рӯи коғазҳои қиматноки давлатӣ, дороиҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСК «Агроинвестбонк» тибқи рӯйхат ба Вазорати молия ҳамчун амволи гарав пешниҳод карда шуданд.
Бо дарназардошти маълумоти пешниҳодшуда, бахусус ҷиҳати танзими саривақтии уҳдадориҳои молиявии ҷонибҳо, ки дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №527 муқаррар шудаанд, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тағйироти пешниҳодшударо ба қарори зикршуда ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гиёзода Азиз Қодир дода мешавад. Марҳамат.
Азиз ГИЁЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №527 «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» барои додани ризоят ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур шудааст.
Мақсад ва муҳтавои қабули пешниҳоди зикргардида дар баромади вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳу равшан шарҳ дода шуд.
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №527 «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» бандҳои 31, 32, 33,34,35 ва 36 илова карда шудаанд.
Тағйироту иловаҳои пешбинишуда ба қарори зикршуда ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои баргардонидани саҳмияҳо ва барқарор намудани маблағҳои буҷетӣ тариқи гирифтани амволи гарав ба моликияти давлат равона гардидаанд. Зимнан, ин амал имкон медиҳад, ки уҳдадориҳои молиявии Вазорати молия дар назди Бонки миллӣ аз рӯи коғазҳои қиматноки давлатӣ таъмин гардад.
Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, № 527 «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардиданд, баррасӣ шуданд.
Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Маҳмудҷон УСМОНОВ,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ
Воситаҳои ахбори оммаи имрӯза ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз табдил ёфтаанд. Онҳо ба масъалаву мавзӯъҳое даст мезананд, ки бояд аз ҷониби сохтору мақомоти гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳал карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон