-Аз 20 апрели соли равон гузаргоҳи Қулма -Қарасу ба реҷаи фаъолияти доимӣ мегузарад. Ин супориши бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд ва мо дар ин масъала бо ҳамтоҳои худ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба мувофиқа омадем, — гуфт Исрор Исроров, ҳамраиси комиссияи байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Маъмурияти Ҳавзаи Қошғари Ҷумҳурии Халқии Хитой ва афзуд: — То ҳол ин гузаргоҳ бинобар шароити зимистон дар самти Хоруғ-Мурғоб- Қулма моҳе ду маротиба, серӯзӣ кушода буд. Бо мақсади мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, савдо ва дӯстии халқҳои ду кишвари ҳамҷавор Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки муҳлати фаъолияти гузаргоҳ зиёд карда шавад.
Ҳамин тариқ, дар моҳи март гузаргоҳи Қулма-Қарасу ҳамагӣ 8 рӯз кушода буда, дар марҳилаи аввали моҳи апрел низ чор рӯз фаъол буд. Аз марҳилаи дуюми моҳи апрел сар карда, гузаргоҳ пурра ба фаъолияти доимӣ мегузарад. Ҳамчунин ҷонибҳо кӯшиш ба он доранд, ки фаъолияти гузаргоҳро густариш диҳанд, то ки он минбаъд ба мамлакати сеюм низ хизмат расонида тавонад. Яъне, хизматрасонии гузаргоҳ ба он мусоидат намояд, ки тариқи он мамлакати сеюм, мисли Ҷумҳурии Қирғизистон ва ё Ҷумҳурии Исломии Афғонистон молу колои худро кашонида тавонанд. Ин тадбир ба воридоти маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби хизматрасонии гумрукӣ ба буҷети мамлакат мусоидат менамояд. Ин дар ҳолест, ки бинобар иттилои Ёрмамад Фақиров, сардори идораи минтақавии гумрук дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар соли 2013 пардохтҳои гумрукии гузаргоҳи Қулма нисбати солҳои пеш хеле афзоиш ёфта, дар давоми сол 43 миллион сомониро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми боркашонӣ тавассути гузаргоҳ хеле зиёд гардид. Тариқи ин нуқтаи санҷишӣ — иҷозатдиҳӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соли пеш ба маблағи 123 миллион доллари ИМА зиёдтар мол ворид гардид. Агар дар оянда соҳибкорони мамлакати сеюм моли худро тариқи ин гузаргоҳ гузаронанд, пардохтҳои гумрукӣ дучанд меафзояд.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»