Чанде пеш таҳти раёсати Тоҷикистон машварати таҳлилгарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба баррасии лоиҳаи санадҳо дар бораи рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ дар доираи СҲШ дар шакли видеоконференсия баргузор гардид.
Иштирокчиён лоиҳаи Аҳднома байни давлатҳои аъзои СҲШ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи меъмориҳои таърихӣ, Меморандум дар бораи ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти касбии миёна ва олии соҳаи маориф дар риштаҳои фарҳанг ва санъати давлатҳои аъзои СҲШ-ро, бо дарназардошти эроду пешниҳодҳо аз ҷониби тарафҳо, баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни муҳокимаронӣ аҳамияти рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангӣ — гуманитарии давлатҳои аъзои СҲШ, ҳамчунин, табодули таҷриба дар соҳаҳои ташкили тренинг, семинар ва конференсияҳои самти фарҳангӣ аз ҷониби тарафҳо таъкид гардид. Таъкид шуд, ки баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ ба таҳкиму тавсеаи равобити фарҳангӣ дар доираи СҲШ мусоидат менамояд.
Таҳияи Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»