Хатмкунандаи соли 2021 будан масъулияти бештар дорад

№72 (4334) 01.06.2021

Китобхонаи миллии ТоҷикистонБузургон дар бораи мактабу маориф ва нақши он дар ҷомеа суханҳои беҳтаринро гуфтаанд ва чизи наве ба онҳо илова кардан осон нест.  Инро ҳам хуб медонем, ки тоҷикон яке аз халқҳои қадимаи Осиёи Марказӣ буда, фарҳанги бостонӣ доранд. Ин фарҳангу тамаддуни ниёгон маҳз дар заминаи дабистонҳои ташкилкардаи онҳо пайдо шудааст.

Чун мактаб наврасону бузургонро илму адаб ва маърифат меомӯзад, пас зиндагиву умри волои инсоният ба мактабу маориф вобастагии зиёд дорад. Шоир ҳам беҳуда нагуфтааст:

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Яъне, мактаб, дар баробари манбаи илму ҳунар будан, ҳамчунин, ба одамон хислатҳои вафодорӣ, дӯстӣ, озодандешӣ ва сулҳпарвариро меомӯзонад.

Хеле рамзист, ки ҳар сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли нави таҳсилро дар яке аз муассисаҳои таълимӣ бо «Дарси сулҳ» оғоз мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари давлат дар сиёсати иҷтимоии давлат ба соҳаи маориф афзалият медиҳанд.

Имсол Ватани азизи мо таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ботантана ва бо натиҷаҳои ибратбахш пешвоз мегирад. Аз таърихи на чандон дур медонем, ки ба истиқлолият бо душворӣ ноил гаштем ва Пешвои миллат барои гузоштани асосҳои давлати мустақил басо ҷонбозиҳо намуданд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ тоҷикону тоҷикистониён соҳиби давлати ягонаву соҳибистиқлол гаштанд ва маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми тоҷик имконият фароҳам овард, ки давлати навинро бунёд карда, онро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Бинобар ин, ҳифзи истиқлолият, ҳимояи дастовардҳои он, боз ҳам таҳким бахшидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини мамлакат, махсусан ҷавонон, маҳсуб меёбад.

Мо — ҷавонон ифтихор мекунем, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад, то наврасону ҷавонон ҳамчун насли соҳибмаърифату соҳибкасб ба воя расида, идомадиҳандагони роҳи гузаштагони шарафманд бошанд. Танҳо ёдоварӣ аз чанд иқдоми Пешвои миллат кифоя аст, то маълумамон шавад, ки Ҳукумат барои насли имрӯзу оянда чӣ паёми муҳим доданист. Манзур, дар баробари сохтани мактабҳои нав ва бо лавозимоти зарурии муосир муҳайё кардани онҳо, ҳамчунин, ташкил намудани квотаҳои махсус барои духтарони шаҳру навоҳии дурдаст, эълон намудани озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявист, ки ба хонандагон илҳом мебахшанд. Махсусан, баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» такони дигаре ба онҳое бахшид, ки ҷойгоҳи илму маорифро дуруст дарк мекунанд. Озмунҳои дигар аз фанҳои дақиқ низ муҳим будани хостаҳои Ҳукумати мамлакатро маълум менамоянд.

Инҷониб яке аз ҷавонони хушбахт ба ҳисоб меравам, ки дар соли барои ҳар тоҷикистонӣ муқаддас — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабро хатм мекунам. Инро барои худ масъулият меҳисобам. Зеро Давлату Ҳукумат барои мо ҳама шароити заруриро ташкил намудааст ва бояд дар ҷавоб ба онҳо сазовор таҳсил ва ба халқу миллат содиқона хизмат намоем.

Дар мактаби мо омӯзгорони соҳибтаҷриба аз шаҳри Кӯлоб ва дигар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат аз тариқи озмун ба кор ҷалб шудаанд. Мактаби президентӣ барои 640 хонанда пешбинӣ шудааст ва он дорои тамоми шароит, аз ҷумла 34 синфхонаи дарсӣ, 5 лаборатория, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Хулоса, Давлат ва Ҳукумати кишвар ҳама захираву имкониятро ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву таҳсили наврасону ҷавонон, яъне, насли ояндасози миллат, сафарбар кардааст. Мо — ҷавонон бояд дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо кӯшиш намоем, ки фарзанди арзандаи Ватан буданро исбот созем ва ба умқи ин гуфтаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб сарфаҳм равем:«Мактаб ҳамчун даргоҳи муқаддас барои ташаккули шахсият дар ҷомеа ва мавқеи устувор пайдо кардани ӯ нақши асосиву ҳалкунанда дорад. Фаромӯш набояд кард, ки ҳар шахс ба ҳар мақому мартабае, ки расида бошад, донишҳои аввалинро аз мактаб ва омӯзгор гирифтааст. Илова ба корҳое, ки давлат дар самти рушди соҳаи маориф то имрӯз анҷом додааст, ман борҳо шахсонеро, ки шароити хуби молиявӣ доранд, даъват кардам, ки дар зодгоҳи худ муассисаи таълимие бунёд намоянд ё аз рӯи имконият барои таъмири мактабе, ки дар он таҳсил кардаанд, кумаку мусоидати худро дареғ надоранд».

Мунира КАМОЛОВА,

хонандаи синфи 11-и Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб, ғолиби Олимпиадаи

ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ, гирандаи Стипендияи президентӣ