27 майи соли равон дар Қасри Таврическийи шаҳри Санкт — Петербург бо ташаббуси Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва Вазорати захираҳои табиӣ ва муҳити зисти Федератсияи Россия нуҳумин Конгресси байналмилалии экологӣ таҳти шиори «Экологияи сайёра — рушди устувор» баргузор гардид. Дар кори он раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ низ иштирок дошт.
Чорабинӣ таҳти раёсати Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва муовини Сарвазири Федератсияи Россия Виктория Абрамченко доир шуд. Рӯзномаи он баррасии панҷ лоиҳаи афзалиятнокро дар соҳаи экология ва иқлим дар бар гирифт, ки ба «Стратегияи нави рушди иҷтимоию иқтисодии Федератсияи Россия то соли 2030» дохил карда шудааст ва барои расидан ба яке аз ҳадафҳои миллӣ — «Муҳити бароҳат ва бехатар барои ҳаёт» мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки Платформаи мубоҳисавии конгресс барои баррасии мавзӯъҳои калидӣ дар соҳаи ҳифзи табиат ва идоракунии муҳити зист, таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ дар ҳамоҳангсозии қонунгузории муҳити зист самаранок истифода мешавад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон