Сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Исломии Покистон

№73 (4335) 03.06.2021

51220232548_3db3ffc2b7_o2 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафари расмӣ намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Зимни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони нақлиёт, фарҳанг, маориф ва илм, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

2 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Исломобод — пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд.

Баробари ворид шудан ба ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо нишони эҳтироми хос нисбат ба меҳмони олимақом 6 ҳавопаймои Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Покистон ҳавопаймои махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро то вуруд ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод ҳамроҳӣ карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

Барои пазироии меҳмони олимақом фурудгоҳ бо аксҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳар ду давлат ва шиору овезаҳо оро ёфта, Горди фахрӣ саф орост.

Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ, ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик сар дода шуд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покис­тон оғоз ёфт.

Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи меҳмони олиқадр фурудгоҳ ва кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Исломобод бо парчамҳои ҳар ду кишвар, аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Покистон Ориф Алвӣ, Сарвазир Имрон Хон, инчунин, шиору овезаҳои ифодакунандаи дӯстии мардуми ҳар ду давлат оро ёфт.

Ба ифтихори сафари расмӣ ва пазироии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон қароргоҳи Сарвазири ин кишвар низ бо шукӯҳи хоса омода гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири кишвари мизбон муҳтарам Имрон Хон гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ оғоз ёфта, бо садо додани сурудҳои миллии кишварҳо, гузашти меҳмони олимақом  аз назди сафи Горди фахрӣ, арзи салом ба сарбозон ва эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ҷараён гирифт.

Дар поёни маросими истиқболи расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон бо аъзои ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб шинос шуданд.

Баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷо ниҳоли дӯстӣ шинонданд.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни маросими истиқболи расмӣ тавассути бисёр шабакаҳои телевизионии Покистон ба таври мустақим намоиш дода шуда, инчунин, рафти омодагӣ ба сафар ва ҷараёни он дар воситаҳои ахбори оммаи Покистон васеъ инъикос меёбад.

Баррасии масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ҳар ду кишвар нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон оғоз ёфта, зимни музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои кишварҳо, инчунин, масъа­лаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимии ҷониби Покистон изҳори сипосу хушнудӣ карда, доир ба аҳамияти муносиботи ҳар ду кишвар гуфт: «Мо ҷойгоҳи геостратегии Покистон ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим мешуморем. Мо омодаем тамоми имкониятро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории кишварҳоямон ҳадафмандона истифода барем».

Зимни музокироти расмӣ доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг, амният ва дигар самтҳои робитаҳои барои ҳар ду давлат муфид, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки бо дарназардошти воқеияти ҳозира, аз ҷумла вобаста ба пандемияи COVID-19, рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёт, алоқа, кишоварзӣ, саноат ва ҷалби сармоя бояд яке аз самтҳои асосии талошҳои муштараки ҷонибҳо бошад.

Зарур шумурда шуд, ки ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ва тав­сеаи ҳамкории сармоягузорӣ, фаъолияти самарабахши Комиссияи муштараки Тоҷикис­тону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ идома бахшида шуда, кори Шӯрои муштараки соҳибкорон ва Гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор фаъол гардонида шавад.

Татбиқи муштараки лоиҳаи САSA-1000 дар соҳаи энергетика намунаи олии ҳамкории ҳар ду кишвар мебошад ва яке аз масъалаҳои муҳим дар доираи лоиҳаи САSA-1000 сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонию васлкунӣ ба шумор меравад.

Соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои ҳар ду кишвар буда, Тоҷикистон омодаи тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар ин соҳа, алалхусус, доир ба пайвастани Тоҷикистон бо бандарҳои баҳрии Покистон — Қарочӣ ва Гвадар аз тариқи ташаккул додани долонҳои транзитиву нақлиётӣ, мебошад. Ба роҳ мондани парвозҳои боркашонии байни кишварҳо омили афзоиши табодули молу маҳсулот маънидод гардид.

Бояд гуфт, ки бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳо дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии сеҷониба оид ба ҳамлу нақли транзитӣ ва тиҷорат байни Тоҷикистон, Афғонис­тон ва Покистон таҳия гардидааст ва дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноат пешниҳод гардид, ки ҳамкории ҷонибҳо дар бахши саноати сабук ва коркарди маҳсулот, инчунин, дорусозӣ, таъсис додани корхонаҳои муштараки саноатии истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикис­тон бо иштирок ва сармоягузории ширкатҳои покистонӣ ба роҳ монда шавад.

Дар соҳаи кишоварзӣ ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои чорводорӣ, рустанипарварӣ, мубодилаи таҷриба дар самти селексияи тухмии зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёгӣ, равғандиҳанда ва бозомӯзии мутахассисони тарафҳо изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ, бахусус таъмини амнияти минтақа, Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ шарики табиӣ номида шуд.

Дар робита ба вазъи мураккаби сиёсии кишвари ҳамсояи Афғонистон таъкид шуд, ки Тоҷикистон хоҳони ҳар чӣ зудтар барқарор гардидани сулҳу субот дар он мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар оянда низ тавсеа ёфта, ба манфиати ҳар ду кишвар анҷом хоҳанд ёфт.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии ҳукумат ва мардуми Покистон изҳори сипос карда, аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон ҷиҳати анҷом додани сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон маросими имзои 12 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Зери «Эъломияи муштарак дар бораи иқдомҳои баъдӣ ҷиҳати сохтани шарокати стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон имзо гузоштанд.

Сипас, дар ҳузури сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:

- Созишномаи ҳамкории академӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Индуси Покистон;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Кветтаи Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Сиалкоти Ҷумҳурии Исломии Покистон;

- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон;

- Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари миллии ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Покистон;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат;

- Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон;

- Тафоҳумнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва таҳсилотӣ миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии СОМSАТS-и Ҷумҳурии Исломии Покистон;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохӯриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

3 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ мулоқот карданд.

Зимни он масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи кунунии муносибатҳо байни ҳар ду давлат ва сатҳи тамосҳои сиёсии Тоҷикис­тону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам фаъол гардонидани робитаҳои байнипарлумонӣ, идомаи тамосҳои кишварҳоро тавассути гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ зарур шумурданд.

Таъкид гардид, ки барои пешбурди муносибатҳо ва ҷиҳати амалӣ сохтани талошҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, алоқаи ҳавоӣ, мудофиа ва амният мақомоти парлумонии кишварҳо метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.

Дар охир изҳори итминон карда шуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баробар бо манфиатҳои миллии ҳар ду ҷониб боз ҳам тавсеа ёфта, рушд хоҳанд кард.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозии давлат ва мардуми Покистон изҳори сипос карда, аз Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ ҷиҳати анҷом додани боздид аз сарзамини Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо вазири корҳои хориҷии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла робитаи кишварҳо дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 2 — 3 июни соли равон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷараён дошт, бо натиҷаҳои неку бобарор барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон ба анҷом расид.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари дӯсти Покистон ба таври шоиста ва самимӣ гусел карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Исломобод ба Ватан баргаштанд.

www.president.tj