Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳои кориашон ба ноҳияи Дарвоз дастур доданд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки замин, бо об таъмин кардани заминҳои бекорхобида, махсусан мавзеъҳои Дашти Луч ва Ёвон, масъулин чораҷӯӣ намоянд.
Зимни сафар Сарвари давлат 19 августи соли 2020 ба бунёди канали қариб 18 — километраи Дашти Луч — Хостроғ санги асос гузоштанд. Сокинони деҳоти «Нулванд» боварӣ доранд, ки обёрии дашти Ёвон имконпазир аст.
Дашти Ёвон бештар аз 100 гектар замини обӣ, даҳҳо гектар боғ ва садҳо гектар алафзори доманфарох дорад. Солҳои шастум ва ҳафтодуми асри гузашта, аз домани пиряхҳои Вахёдара ба самти замини ин баландиҳои кӯҳистон канал сохта шуд. Ҳоло бо файзу баракати истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам омадааст, ки дар ин макони тахту ҳамвор боз зиёда аз 120 гектар киштзори нав кушода шавад.
Ба гуфти мудири бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Нурмуҳаммад Додов, дашти Ёвон барои рушди соҳаи боғдорӣ низ мусоидат мекунад. Дар он ҷо ниҳолҳоеро, ки дар минтақаҳои поёнии Дарвоз нашъунамо меёбанд, аз ҷумла, буттаҳои ситрусиро парвариш кардан мумкин аст. Об фаровон аст ва сокинони рустоҳои Ёгед, Шкев ва Сангевну Ушхарви деҳоти «Нулванд»-и ноҳияи Дарвоз дар дашти Ёвон баҳори имсол нисбат ба порсола бештар зироати ғалладонагӣ ва картошкаву сабзавот кишт намуданд.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»