Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти анъанавӣ дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай бо намояндагони аҳли зиёи ҷумҳурӣ, ки 20 марти соли ҷорӣ баргузор гардид, ба масъалаи аз худ кардани илму дониш, тарғибу ташвиқи осори гаронмояи бузургони илму маърифат, ба китоб ҷалб кардани омма, бахусус ҷавонону наврасон, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар ин робита чунин таъкид намуд: «Вазифаи шумо, аҳли зиё ва эҷодкорон аз он иборат аст, ки ҳар чӣ бештар эҷод кунед, наврасону ҷавононро ба дӯст доштани китоб, омӯхтани илму дониш ва расидан ба қадри мероси ниёгон, аз ҷумла Мавлоно А. Ҷомӣ ва дигар бузургони гузаштаву имрӯзи халқамон, ки воқеан хазинаи бебаҳо ва ифтихори мо мебошанд, ташвиқу дилгарм созед ва завқи китобхониро дар қалби онҳо тарбия намоед». Баҳри ба чунин мақсадҳо ноил гардидан китобдорону ноширони мамлакат тадбирҳо меандешанд ва гузориши мухтасари мо аз яке аз чорабиниҳои маърифатӣ бозгӯйи ҳамин маънист.
Чанде пеш китобхонаи як замон машҳури собиқ ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе аз нав серодам гардид. Ба ин ҷо аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар роҳбарони китобхонаҳои оммавӣ ва бачагона ҷамъ омаданд. Бо иштироки онҳо ва намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону адибон, ноширон таҳти унвони «Китоб-равшангари дилҳо» семинари дурӯза доир гардид. Иқдомбахши ин чорабинӣ Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии (КДБҶ) ба номи Мирсаид Миршакар мебошад, ки алҳол дар як қисмати ин бино ҷойгир аст.
Пеш аз оғози семинар дар саҳни китобхона Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он низ дар ҳамсоягии КДБҶ ба номи М. Миршакар қарор дорад, намоиш ва фурӯши китобҳоро ташкил кард. Дар ин ҷо мо бо роҳбарони чанде аз муассисаҳои фарҳангӣ ва табъу нашр суҳбат доштем. Онҳо аз чопи силсилакитобҳо барои таълиму тарбияи насли наврас аз ҷониби нашриёти номбурда изҳори хушӣ карданд. Аз ҷумла силсилакитобҳои рангаву бо ороишоти ҷолиб батабърасидаи «Чистонҳо» ва «Ман ба мактаб меравам» барои кӯдакони томактабӣ, «Сад панд» (дар асоси қиссаю ривоят ва афсонаҳои пандомези ниёгон), китобҳои барои бачагон навиштаи адибони имрӯза, достонҳои «Шоҳнома», китобчаҳои пандомез аз ашъори классикони форсу тоҷик мураттабгардида таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб кард.
Тавре дар оғози семинар таъкид гардид, ҳамаи пешрафтҳои арзишманд дар соҳаи китобу китобдорӣ, чопи китобҳо ба шарофати истиқлолияти кишвар, сулҳу суботи ҷомеа, ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд. Ин нуктаро зимни суханрониҳои хеш ҳангоми ифтитоҳи чорабинӣ директори КДБҶ ба номи Мирсаид Миршакар Қурбон Авғонов, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафар Шосаидов, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Комилзода, адибон Маҷид Салим, Ҷӯра Ҳошимӣ, Садриддин Ҳасанзод ва дигарон ёдовар шуданд. Нотиқон дар ин робита иброз доштанд, ки бо вуҷуди фароҳам будани шароити хуби кору фаъолият ва дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони муассисаҳои тарғиби китоб ва табъу нашрро зарур аст, ки вобаста ба талаботи замони ҳозира дониши хешро такмил дода, сатҳу сифати иттилоотрасониро беҳтар намоянд.
Мақсади асосии ташкили семинар ва ба ҳам омадани намояндагони китобхонаҳои мамлакат дарёфти роҳҳои нави ба омма, бахусус наврасону ҷавонон, наздик кардани китоб, ба илму дониш ҷалб намудани онҳо буд ва дар ин робита иштирокчиёни семинар ба ҳамаи китобдорону ноширон ва дигар тарғибгарони китоб муроҷиатнома қабул карданд.
Б. КАРИМЗОДА «Садои мардум»