Тӯли 20 соли мавҷудияти Созмони ҳамкории Шанхай миёни шаҳру музофоти Ҷумҳурии Халқии Хитой (ҶХХ) ва давлатҳои дигари аъзои созмон 397 ҷуфти бародаршаҳрҳо ба вуҷуд омадаанд, зикр гардид дар ҷаласаи зерфорумии «Бародаршаҳрҳо» — и Форуми дипломатияи мардумӣ, ки 3 июни соли равон дар шаҳри Уҳани музофоти Ҳубейи ҶХХ баргузор шуд.
Сарвари Ҷамъияти дӯстӣ бо мамолики хориҷии кишвар Лин Сунтян зимни баромад, аз ҷумла изҳор намуд, ки солҳои охир робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории бародаршаҳрҳои Хитой ва давлатҳои дигари аъзои созмон тавсеа ёфта, ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, инкишофи иқтисоди маҳаллӣ, мустаҳкам шудани муносибатҳо ва дӯстии байни миллатҳои давлатҳои аъзои СҲШ мусоидат намуданд. Собиқ президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бародаршаҳрҳо Сергей Парамонов низ саҳми бародаршаҳрҳоро дар таҳкими муносибати дӯстона муҳим арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки он идомаи татбиқи амалии ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» аст.
Дар ҷараёни зерфорум дар байни ноҳияҳои Чаннини Шанхай ва Советии пойтахти Беларус-шаҳри Минск, ҳамчунин, шаҳрҳои Чунсзои ноҳияи мухтори Гуанси-Чжуани Хитой ва Рибински Федератсияи Россия дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ шартномаҳо ба имзо расиданд.
-Ҷумҳурии Халқии Хитой омода аст бо ҳама ҷониб дар самти мусоидат ба таҳкими робитаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкориҳои судманди муштарак, фаъол намудани робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ табодули таҷриба ва ҳамкорӣ намояд,- гуфт Лин Сунтян.
Омодасоз Н.НИЗОМӢ,
«Садои мардум»