Сухане чанд роҷеъ ба ҳифзи иҷтимоию тандурустии омӯзгорон дар шаҳри Истаравшан
Яке аз вазифаҳои асосии Шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳо дар ҳаёт татбиқ намудани дастуру нишондодҳои Сарвари давлат буда, онҳо дар ин ҷода кори зиёдро ба анҷом мерасонанд.
Хусусан, саҳми шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳои кишвар дар таъсис додани Шӯрои мазкур назаррас аст, зеро қисмати зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат ба ҳамин соҳа шомил мебошанд.
Бахши маорифи Истаравшании ин Шӯроро зиёда аз шаш сол инҷониб собиқадори соҳаи маорифи халқ, Аълочии маорифи СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Муғнибой Ғанибоев сарварӣ мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, дар Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати соҳаи маорифи шаҳри Истаравшан 462 нафар омӯзгорони собиқадор муттаҳид гаштаанд.
-Яке аз масъалаҳои асосие, ки Шӯро ба он аҳамияти махсус медиҳад, ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустии собиқадорон мебошад, — мегӯяд ӯ. — Аз ин рӯ, собиқадорони ҷангу меҳнат таҳти сарварии раёсати маорифи шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот директорони мактабҳо барои ба вуҷуд овардани шароити зарурӣ дар ташкили фаъолияти собиқадорон як идда корҳоро ба анҷом расонидааст.
Ҳоло аз шумораи умумии собиқадорон 187 нафарашон дар муассисаҳои таълимӣ ба тарбияи насли наврас машғуланд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели соли 2013) муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро зинаи дигари ташаккулдиҳандаи шахсияти кӯдакону наврасон ҳисобида гуфтанд, ки Ҳукумати мамлакат дар ин самт низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Масалан, дар зарфи даҳ соли охир дар мамлакат бештар аз ҳазор мактаби ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои замони муосир бунёд гардидааст.
Собиқадорони мо дар бунёди мактаб, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, ташкил ва ҷиҳозонидани утоқу майдончаҳои варзишӣ, хусусан дар сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61-уми деҳаи Найман, №33-юми Қалъачаи Гули зард, синфхонаҳои иловагӣ дар мактаби №15-уми деҳаи Сӯфӣ Ориф, деҳаи Пошкент ва дигарҳо саҳми босазо доранд. Дар ҷодаи ташкили иштироки фаъолонаи собиқадорон дар кори тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон низ Шӯрои мо нақши муайянро иҷро мекунад. Аз ин ҷост, ки иштироки собиқадорон дар чорабинию ҷамъомадҳо бахшида ба рӯзҳои таърихӣ, аз қабили Истиқлолияти давлатӣ, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсисёбии Артиши миллӣ, иди Ғалаба ва ғайра хеле беҳтар шудааст.
Шӯро якҷоя бо сардори Раёсати маорифи шаҳр Ортиқбой Икромов, раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи маориф ва илм Ғаниҷон Гадойбоев бахшида ба идҳои милливу соҳавӣ дар соли 2013 ва семоҳи аввали соли равон 52 нафар собиқадоронро бо ифтихорномаҳо ва маблағҳои пуливу молӣ мукофотонидааст.
Дастгирии собиқадорони меҳнат шохаи дигари кори Шӯро мебошад. Дар соли 2013 Шӯро 36 нафар собиқадорони меҳнатро ба маблағи 2520 сомонӣ кумак кардааст. Аёдати собиқадорони ғайри қобили кор, хабар гирифтану кумаки моддӣ расонидан ба онҳо аз тарафи шогирдону омӯзгорон, аъзои Шӯро ва Раёсати маориф низ доимӣ амалӣ карда мешавад. Тӯли соли 2013 ва семоҳаи аввали соли 2014-ум – 32 нафар собиқадорони бемор аёдат ва ба ин мақсад наздик ба ҳазор сомонӣ сарф шудааст.
Ҷиҳати дигари ҳифзи иҷтимоӣ ва сиҳатии собиқадорон таъмин намудани онҳо бо роҳхатҳо ба санатория ва хонаҳои истироҳат мебошад. Раёсати маорифи шаҳр дар ин ҷода давоми соли 2013 ва то имрӯз ба 12 нафар собиқадорон ба маблағи ҳафт ҳазор сомонӣ роҳхат ҷудо кард.
Бузургдошту таҷлил намудани 90 – солагӣ, 80- солагӣ, 75 — солагӣ, 70 — солагии омӯзгорони хизматкарда ба ҳукми анъана даромадааст, — мегӯяд раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати раёсати маорифи шаҳри Истаравшан Муғнибой Ғанибоев.
Аз ин марди кордида пурсон шудем, ки дар ҷодаи фаъолияти Шӯро оё қазияву мушкилиҳо низ вуҷуд доранд?
- Бале, дар ин ҷода мушкилиҳое ҳастанд, ки онҳо на фақат хоси фаъолияти Шӯрои маорифи шаҳр, балки дар кору рӯзгори аксари Шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба мушоҳида мерасанд.
Масалан, маблағҳое, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои собиқадорон ҷудо карда мешаванд, асосан ба маъюбони гурӯҳҳои I ва II харҷ мегарданд, шумораи чунин собиқадорон бошад, дар шуъбаи маорифи шаҳр ниҳоят каманд.
Бинобар ин, ба назари ман, вақти он расидааст, ки Низомнома оид ба муқаррар кардани имтиёзҳои собиқадорони меҳнат мавриди таҷдиди назар қарор гирад, зеро тибқи санади мавҷуда, имтиёзҳо танҳо ба гурӯҳи собиқадорони меҳнате, ки бо ордену медалҳои давлатӣ мукофотонида шудаанд ё Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон доранд, тааллуқ доранду халос.
Ба назари ман, барои ҳифзи саломатии собиқадорони меҳнат андозаи нафақаи шахсоне, ки то соли 2012 ба нафақа баромадаанду кор намекунанд, аз нав дида баромада шавад, зеро онҳо имрӯз ҳамагӣ 250 – 300 сомонӣ нафақа мегиранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти хеш бо зиёиёни кишвар, ки дар арафаи иди Наврӯз баргузор гардид, қайд намуд, ки мамлакати мо имрӯз барои ҳалли ҳама гуна мушкилиҳо доир ба илм, маориф ва фарҳанг қодир аст, фақат Шумо он қазияҳоро ба мо пешниҳод намоед.
Ба назари ман, фурсати таҷдиди имтиёзҳои собиқадорони меҳнат барои гирифтани табобати бепул, дорувории бепул, ташхиси беморӣ, роҳхат ба осоишгоҳҳо ва ғайра низ расида бошад, зеро аксари кулли собиқадороне, ки фаъолияти 45 – 50 солаи корӣ доранду бо нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон», Ифтихорномаҳои Вазорати маориф, вилояту шаҳр ва ғайра доранд, аз чунин имтиёзҳо маҳрум мебошанд.
Баланд бардоштани обру ва эътибори омӯзгорон, қадр кардани хизмати онҳое, ки сазовори ҷунин нишону ифтихорномаҳо гардидаанд, дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №425 аз 1 ноябри соли 2004 «Дар бораи Барномаи тайёр кардани мутахассисони омӯзгорӣ дар солҳои 2005-2010» махсус қайд гардида, тибқи он 10 фоиз зиёд кардани нафақаи онҳо пешбинӣ шудааст. Мутаассифона, ин санад иҷро нашуда монд.
Собиқадорони меҳнат аз дастгирию ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузоранд. Алалхусус, дастгирии соҳаи маориф ҳамчун самти стратегии давлати Тоҷикистон ҳамасола сурат мегирад ва мо боварии комил дорем, ки ҳалли мушкилоти дар боло номбаршуда боз як ғамхории навбатии Сарвари давлатамон ба собиқадорони меҳнат, аз ҷумла омӯзгорон, хоҳад шуд, — гуфт дар хотима Муғнибой Ғанибоев.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»