Меҳвари сулҳу амонӣ ваҳдат аст

№78 (4340) 17.06.2021

«Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем».

Ин суханони пур аз ҳикмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳар фарди ватандӯсту худогоҳро ҳушдор медиҳад, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар кишвар чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, баҳри расидан ба ормонҳои бузурги миллӣ ва пешрафту шукуфоӣ талош намояд. Ниёкони фарзона дар масири таърих ҳамеша аз хиради азалӣ ва ақли солим кор мегирифтанд ва маҳз ҳамин шеваи зиндагӣ аз аҳди қадим то ба ҳол номи миллатро ҳамчун миллати сулҳдӯсту фарҳангофар, созандаву бунёдкор ва дорои фазилатҳои неки инсонӣ дар ҷаҳон шуҳратёр гардонидааст.

Ҳоло дар вилояти Суғд чун дар дигар гӯшаву канори мамлакати офтобиамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол мардум бо шукр­гузорӣ аз сулҳу ваҳдат, ки бо талош ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат ба даст омадааст, ҳарф мезананд. Ваҳдат чун дарахти пурсамар меваи ширин ба бор овардааст. Ифтитоҳи нақбҳои «Истиқлол»-у «Шаҳристон», ки ҷануб ва шимоли Тоҷикистонро пайванди ҷовидонӣ бахшиданд, орзу ва ормони мардуми азизи  Тоҷикистон буд, ки ҳатто дар замони шӯравии  собиқ амалишавии онро ғайриимкон медонистанд.

Воқеан ҳам,  ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву ормони миллӣ, пояи таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат аз вартаи ҳалокат, заминаи рушди тоҷикон аст. Ваҳдат ва ризояти миллии тоҷикон, ки соли равон 24-умин солгарди он ҷашн гирифта мешавад, мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ буда, ҳамчун мактаби  сулҳофаринии тоҷикон мавриди эътирофи оламиён  гардидааст.

Метавон ду ҷанбаро ёдовар шуд, ки барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ мусоидат намуданд. Ба сифати ҷанбаи якум вазъияти иҷтимоию  сиёсии Тоҷикистони тозаистиқлол, кулли давлатҳои собиқ шӯравӣ ва умуман, ҷаҳонро метавон арзёбӣ кард. Дарвоқеъ, он замон барои миллати тоҷик масъалаи ҳаёту мамот буд. Дар арсаи ҷаҳонӣ ҷараёнҳое пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва дар ин замина, вуҷуд доштани давлатеро бо номи Тоҷикистон инкор кардан мехостанд. Яъне, хатари бо дахолати аҷнабиён ва душманони миллати тоҷик аз байн бурдани давлати тоҷикон ва пароканда  кардани миллати тоҷик вуҷуд дошт. Маҳз, дарки ҳамин вазъият тарафҳои мухолифро дар Тоҷикистон сӯи мизи музокирот овард, ки натиҷаи он маълум аст.

Дар ҳамин замина, 27-уми июни соли 1997 баъд аз силсиланишастҳои музокиротӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон  ба имзо расид. Пӯшида нест, ки танҳо дар сурати ваҳдату якдилӣ душворӣ ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвар ба комёбию пешрафтҳои нав ба нав ноил гардида, мавқеашро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам устувортар менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки самараи ваҳдат на танҳо сулҳу оромӣ дар кишвар, балки ташаккули ҳувияти миллӣ ва побарҷо шудани давлати соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ аст.

Раъно МАМАТҚУЛОВА,

омӯзгори фанҳои гуманитарӣ- иҷтимоии  Донишгоҳи кӯҳию металлургии Тоҷикистон